Маълумотҳои бардурӯғи иғвоангезон дар САҲА - 2022
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 741
Аз 27 сентябр то 7 октябр дар шаҳри Варшава ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар ки ба соҳибкории кишоварзӣ машғуланд, ҷой дода шудааст.
Аврупо, мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ доир гардид, ки дар он раиси Паймони миллии Тоҷикистон* Кабирӣ М., муовини раиси «Ҳизби наҳзати ислом»* Шерзамонов А. ва аъзоёну фаъолони ҳаракати «Гурӯҳи 24»* иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи мазкур, масъалаи озодии сухан ва васоити ахбори омма дар Тоҷикистон, инчунин ҳодисаҳои тазоҳуроти Бадахшон баррасӣ гардида, чанд нафар аъзоёни мухолифини сиёсии Тоҷикистон маърӯза карда, нисбати Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон маълумотҳои бардурӯғ ва ақидаҳои иғвоангезонаро баён кардаанд.
Аз ҷумла, М. Кабирӣ маълумоти бардурӯғро оиди гӯё «Куштори оммавӣ дар Бадахшон алайҳи ақаллияти помирӣ, ки дар натиҷа наздики 50 нафар инсони бесилоҳу бегуноҳ дар як амалиёти низомии Ҳукумат барои саркӯби тазоҳургарон кушта шудаву садҳо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла адвокату рӯзноманигорон ва фаъолони мардумӣ зиндонӣ ё фирорӣ гашта бошанд» гузориш додааст, ки он беасос буда, хусусияти иғвоангезӣ ва барангехтани кинаю адовати миллӣ, маҳалгароӣ ва сиёсӣ дош-тани баромади М. Кабириро нишон медиҳад.
Мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар бар зидди гурӯҳи тазоҳуротгарони ноҳияи Рӯшон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ, ки мақсади ғасби ҳокимиятро дошта, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо роҳбарии саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятии ВМКБ ва тибқи нақшаи қаблан тарҳрезинамудаи Кабирӣ М. ва Шерзамонов А. иттиҳоди ҷиноятиро ташкил намуда, қасди бо роҳи зӯроварӣ ғасби ҳокимият, сарнагун сохтани мақомоти давлатӣ ва бо даъвати оммавӣ тағйир додани сохти конститутсионии кишвар, шурӯъ аз 25 марти соли 2022 ба тазоҳуроту ташкил намудани гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ даст зада, тартиботи ҷамъиятиро мунтазам халалдор сохта, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, дар маркази ВМКБ ва ноҳияҳои атрофи он бетартибии оммавиро идома доданд.
18 майи соли 2022, соатҳои 07:30 дақиқа бо мақсади амалӣ кардани нақшаҳои ҷиноии худ аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалидоштаро баста, ба сӯи хизматчиёни ҳарбӣ аз силоҳҳои гуногуни оташфишон тир холӣ намуданд, ки дар натиҷаи ҳуҷуми мусаллаҳонаи онҳо як афсар аз тири силоҳи оташфишон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, 6 нафар афсару прапоршикҳо захм бардошта, бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гаштаанд. Дар ин давра чанд нафар корманди милитсия низ аз ҷониби аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноӣ лату кӯб шуда, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифта, 2 нафар фавтиданд (ба дарё ғарқ шуданд).
Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии чинояткорӣ ва рафъи қоидавайронкуниҳои ҷойдошта дар ВМКБ амалиёти зиддитеррористӣ гузаронида шуда, зимни он аз тазоҳуротчиён ва аъзоёни гурӯҳҳои ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ гирифта шуда, 29 нафар безарар гардонида шуданд.
Аз тарафи Прокуратураи генералӣ, вобаста ба таҳқиқи ҳодисаҳои мазкур гурӯҳи фаврӣ -тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар ин давра нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз, тафтиш ва барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуда, дар натиҷа ба 77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ мавриди баррасии судӣ қарор доранд.
Ҳамзамон 89 нафари тазоҳуротчиён барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашида шуданд.
Дар ин муддат чанде аз тазоҳуротчиён ва рӯзноманигорон низ барои содир намудани ҷиноятҳои гуногун, яъне узвият ва ҳамкорӣ доштанашон бо созмонҳои экстремистӣ - террористии фаъолияташ мамнуъ боздошт гардида, доир ба ҳолатҳои таҳти фишору шиканҷа қарор гирифтани рӯзноманигорон ё зиндониёни сиёсӣ ягон арзу шикоятҳо ворид нашуда, аъзои оилаҳои онҳо низ доири он муроҷиат накардаанд.
Аммо, роҳбари ташкилоти террористӣ-экстремистии “Паймони миллии Тоҷикистон” Муҳиддин Кабирӣ, муовини роҳбари “Ҳизби наҳзатии Ислом” Алим Шерзамонов, аъзои фаъоли он Муҳаммадиқболи Садриддин ва аъзоёни ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, ки нисбати онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, оқибати ҷавобгарии ҷиноятиро дарк намуданд, бо ғаразҳои нопоку супориши хоҷагонашон дар ҷаласаи САҲА суханронӣ карда ақидаҳои иғвоангезонаи худро иброз дошта, дар сомонаҳои интернетӣ барқасдона паҳн намуданд.
Ҳоло он, ки дар асоси ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти “Паймони миллии Тоҷикистон” аз соли 2019, “Ҳизби наҳзати Ислом” аз соли 2015 ва ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз соли 2014 ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Инчунин, сомонаҳои интернетии ба онҳо тааллуқдошта баста шуда, нашр ва паҳн кардани видеонавору аудиосабтҳои онҳо низ манъ гардидааст.
Бо қарори Суди Олии Федератсияи Россия аз 14 сентябри соли 2022 бошад, Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Федератсияи Россия манъ шудааст.
Кабирӣ М., Маҳмадиқболи С. ва дигар мухолифини сиёсӣ ин ҳолатҳоро дарк намуда, дар кишварҳои аврупоӣ фаъолияти ғаразноки худро вусъат дода, қасди халалдор намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суботу амнияти мардум, ба даст овардани ҳокимият ва барпо кардани давлати теократӣ дар Тоҷикистонро идома дода, аз ҳама роҳу воситаҳо истифода бурда истодаанд.
Маркази матбуоти Прокуратураи
генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
* Ташкилотҳои террористию экстримистии фаъолияташон мамнуъ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00