Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Хабарнигори «Хатлон» ғолиби озмуни «Журналисти ҷавони пешқадам» шуд


Хабарнигори «Хатлон» ғолиби озмуни «Журналисти ҷавони пешқадам» шуд



Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии китоб-албоми “Аввалинҳо: 15 зани шуҷоъ” баргузор гардид. Дар ин китоб достони муваффақияти 15 бонуи хатлонӣ, ки ба соҳибкории кишоварзӣ машғуланд, ҷой дода шудааст. 

Дар ин маросим, ки аз ҷониби лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” барпо гардид, муовини вазири кишоварзӣ Нигина Анварӣ, ҷонишини директори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Манзура Рустамова, роҳбари лоиҳаи ЮСАИД оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон Лилия Твердун, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, бонувони соҳибкор ва намояндагони шарикони рушд иштирок карданд.

Дар ҳамоиш бонувони соҳибкор аз Хатлон Адолат Бердиева, Савлатмоҳ Файзова, Идимоҳ Худойбердиева, Уғулой Абдуллоева, Шарофат Абдуллоева, Мастура Мамасаидова, Фирӯза Саидова, Гулдона Эргашева, Барно Қодирова, Ҷамила Рӯзиева, Азизмоҳ Маҳмадиева, Матлуба Хушматова, Зиёда Ашӯрова, Майрам Саъдуллоева ва Лола Сангинова доир ба чӣ тавр ривоҷ додани тиҷораташон ва саҳмгузории худ дар таъмини рушди устувори мамлакат нақл карданд. Ин соҳибкорзанон дар вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 215 ҷойи кории нав эҷод кардаанд ва онҳо роҳбарони шуҷоеанд, ки дар бахшҳои суннатии мардона бо истеҳсолот, тиҷорат ва содироти маҳсулот машғул меша-
ванд.
Дар ин маросим, ҳамчунин ғолибони озмуни
ВАО “Агробизнес дар Тоҷикистон: талош барои
рушд” эълон гардиданд.
Ифтихоровар аст, ки

Набиҷони Саидаброр - хабарнигори рӯзномаи “Хатлон”, ки чанд ҳафта қабл довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайваст ва як соли оянда таҷрибаи хабарнигории ҳарбиро низ меомӯзад, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии эҷодии “Агробизнес дар Тоҷикистон: талош барои рушд” дар бахши “Журналисти ҷавони пешқадам” гардид.  Набиҷон дар силсилаи мақолаҳои матбуотӣ ва гузоришҳои видеоии таҳиякардааш дар бораи садоқат ба касб ва қолабшикании занони соҳибкор қиссаҳои ҷолиберо пешниҳоди хонандагон кардааст.

Дастоварди навбатии ҳамкорамон Набиҷони Саидаброрро шодбош гуфта, бозгашти сарбаландонаи ӯро ба рӯзномаи «Хатлон» интизорем.


Ҳангомаи ИСМАТ, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода