Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба истифода додани 7 иншоот дар Кӯлоб


Ба истифода додани 7 иншоот дар Кӯлоб



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, ки дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, иштирок карданд.

Бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бинои маъмурии Агентии “Тоҷикстандарт” ба истифода супорида шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои маъмурии Агентии «Тоҷикстандарт» аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Маблағи сохтмон 5 миллиону 400 ҳазор сомонӣ буда, дар корҳои сохтмонӣ 15 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят ва меҳмонони расмӣ дар ифтитоҳи бинои маъмурии МД “Хоҷагии коммуналӣ”-и назди МИҲД-и шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Ба меҳмонон иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, иншоот дар асоси лоиҳаи партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб бо маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд бунёд гардидааст.

Ҳамзамон, бинои маъмурии ташкилоти хурди қарздиҳии “Рушди кӯҳистон” бо иштироки раиси вилоят ва меҳмонон ба истифода супорида шуд.

Иншооти мазкур аз 4 ошёна иборат буда, ошёнаи якум ҳамчун таваққуфгоҳ барои автомобилҳои хизматӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаҳои 2-4 утоқҳои корӣ ҷойгир гардидаанд.

Иншооти мазкур бо маблағи 3400000 сомонӣ бунёд гардидааст, ки дар сохтмони он 15 сохтмончӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар Ҷамоати деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси вилоят ва меҳмонон толори варзишӣ дар масоҳати 400 метри мураббаъ ифтитоҳ ёфт.

Иттилоъ дода шуд, ки толори варзишӣ бо тамоми таҷҳизоти замонавии варзишӣ таъмин мебошад. Фармоишгари иншоот соҳибкор Зайниддинов Маҳмадёр буда, арзиши харҷномавии он 500000 сомониро ташкил медиҳад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, корҳо бо сифати баланд иҷро шудаанд. Баъди ба истифода додани иншоот дар як баст то 50 нафар ба тамрин ҷалб карда мешаванд.

Дар кӯчаи Чармгарони Поён маркази хизматрасонӣ дар масоҳати 150 метри мураббаъ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар расми ифтитоҳи он раиси вилоят ва меҳмонон иштирок доштанд.

Маркази хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, маблағи сохтмон 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ошёнаи якуми иншоот мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаҳои болоӣ маркази хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, зимни сафари корӣ бо иштироки раиси вилоят ва меҳмонон мағозаи хӯрокворӣ ва марҳилаи якуми коргоҳи истеҳсоли гӯшти мурғ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ», Маркази тиббии хусусӣ, дорухона ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Ҷамоати «Даҳана» ба истифода супорида шуданд.

Дар деҳаи Чинори Ҷамоати деҳоти «Даҳана» бо иштироки раиси вилояти Хатлон ва меҳмонон 4 синфхонаи иловагӣ дар ҳудуди заминҳои литсейи касбӣ-техникии №22 мавриди истифода қарор гирифт. Гуфта шуд, ки бинои мазкур барои маркази омӯзишии ҷавонон пешбинӣ гардидааст ва синфхонаҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Маблағи сохтмон 810 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни сафари корӣ раиси вилоят ва меҳмонон дар шаҳри Кӯлоб мағозаи хӯрокворӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишвориро ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгари иншоот соҳибкор Сироҷ Зарипов ва лоиҳакаши иншоот КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар ошёнаи якуми бино мағозаи хӯрокворӣ ва дар ошёнаи дуюми он фурӯши либосҳо дар назар дошта шудааст.

Мағозаи хӯрокворӣ ва нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бо маблағи 300000 сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 7 коргар ба кор ҷалб гардидааст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода