Иштироки беш аз 4 ҳазор нафар дар даври вилоятии озмун
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 558
17 октябр дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ифтитоҳ ёфт.
Дар маросими кушодашавии озмун муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси ҳакамон, муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, аъзои ҳайати ҳакамон, аҳли зиё ва довталабон аз навоҳии Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон ширкат варзиданд.
Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи сухани ифтитоҳии худ ба ҳамаи довталабон барору пирӯзӣ хоста, аз ҷумла қайд намуд, ки миллати тоҷик дар ҳама давру замон дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, адабиёти оламгирашро нигоҳ дошта, бо мурури вақт онҳоро тақвият бахшидааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо бо ганҷинаи тамаддуни башарият аз Рӯдакиву Фирдавсӣ, Абӯалӣ Синову Носири Хусрав, Умари Хайёму Имом Ғаззолӣ, Камолу Айнӣ ва Лоиқ барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд, ки бо осори пурҳикмати худ ҷаҳонро ба тасхир дароварданд. Мардуми мо дар баробари дигар муъҷизаҳо китобро ҳамчун ганҷинаи сухан ва хазинаи илму донишу маърифат медонанд.
- Ёдовар бояд гардид, ки бо ташаббуси оқилонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли чорум аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар сатҳи ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомат барпо карда мешавад, - афзуд муовини раиси вилоят. - Дар заминаи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 марти соли 2022, таҳти №84 ба тасвиб расида, дар ин асос барои қадршиносӣ ва ҳавасмандии ғолибони даври вилоятии озмуни болозикр 246 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 99200 сомонӣ зиёд мебошад. Ин аз таваҷҷуҳи хосаи раиси вилоят ба ғолибони озмун шаҳодат медиҳад.
Қобили зикр аст, ки зимни сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Пешвои муаззами миллат бо иштирокчиёни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вохӯрӣ анҷом дода, малакаву маҳорати сухандонию суханпардозии онҳоро намунаи ибрат ва шоёни таҳсину офаринҳо хонда, сарчашмаи ин ҳама комёбиҳоро аз озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маънидод намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки теъдоди иштирокчиёни озмуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сол то сол афзоиш ёфта, бештар наврасону ҷавонон рӯ ба китоб оварданд, ки ин амали шоиста боиси қадршиносӣ аст.
Тибқи иттилои бадастомада, дар даври аввали озмуни болозикр 47619 нафар, дар даври дуюм, ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо сурат гирифт, 23689 нафар ширкат карда, аз ин теъдод 4984 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтаанд, ки дар рақобат фикрию эҷодӣ ширкат меварзанд.
Ҷиҳати муайян намудани ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ аъзои ҳакамон аз ҳисоби чеҳраҳои шинохта, донишмандон аз сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят таъин гардидаанд, ки бо донишу нуқтасанҷии худ ҷиҳати шаффоф ва одилона гузаронидани ин тадбир мусоидати фаъол менамоянд.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Бохтар рӯзҳои 17-21 октябр ва дар шаҳри Кӯлоб 24-27 октябр аз рӯйи панҷ номина: адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср доир мешавад.
Иштирокчиёни номинаҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
- хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4);
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр, магистр) ва докторантҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ;
- омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун.
Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми даври вилоятии озмун барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ (ниҳоӣ) роҳхат мегиранд.
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моҳи декабри соли 2022 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» баргузор мегардад.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар доираи талаботи муқарраргардидаи озмун вобаста ба ҳар номинаи он ва иловатан вобаста ба мавзӯъҳои васфи Ватан, дӯстиву бародарӣ, хайру эҳсонкорӣ, ишқи поки инсонӣ, тараннуми ваҳдату сулҳу субот ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар рушду ободии диёр иштирокчиён аз вилояти Хатлон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фаъолона ширкат варзида, маҳорат ва малакаи худро нишон доданд. Онҳо аз ҷониби ҳакамони озмун сазовори баҳои баланд шуда, дар даври ҷумҳуриявии озмун ба 10 ҷойи ифтихорӣ соҳиб гардиданд.
Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00