Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Нишондиҳандаи рушди минтақавии Хатлон ба 23,3 миллиард сомонӣ расид


Нишондиҳандаи рушди минтақавии Хатлон ба 23,3 миллиард сомонӣ расид



11 октябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2022 баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода доир шуд, муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, роҳбарони як қатор кумитаҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, муовини якум ва муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва минтақавӣ, раисони шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи ҷаласа зикр намуданд, ки дар вилоят, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои пешгузоштаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида, нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар 9 моҳи соли 2022 бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардиданд.

Дар ҷаласа гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода шунида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар соҳаи иқтисодиёти вилоят нишондиҳандаҳои асосӣ таъмин гардида, нишондиҳандаи кутоҳмуддати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 23,3 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 7,7 фоиз афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ, 29,4 фоизи ҳиссаи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Бобати иҷрои нақшаи андозҳо тадбирҳо амалӣ карда шуда, нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гардид. Ба буҷет як миллиарду 518,9 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 36,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Саҳми шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Темурмалик, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Восеъ ва Кӯшониён дар иҷрои нақшаи андозҳо чашмрас буда, масъулини ин шаҳру ноҳияҳо нақшаи қисми даромади буҷетро сари вақт таъмин ва маблағҳои барзиёдии буҷетро барои ободонию боз ҳам зебо гардидани симои шаҳраку деҳаҳо, сохтмону таҷдиди роҳҳо, чароғонкунӣ равона карданд.

Дар вилоят бақияпулиҳои андоз ба 1 сентябри соли 2022-юм 171,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 11 миллион сомонӣ кам шудааст.

Дар ин давра ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо як миллиарду 714,5 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуд, ки аз ин як миллиарду 503 миллион сомонӣ ё 87,7 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рост меояд.

Ба иттилои А. Сулаймонзода, дар вилоят соҳибкорӣ рушд ёфта, ба 1 октябри соли 2022, шумораи соҳибкорон ба 107 ҳазору 998 нафар расид. Аз ҳисоби патенту шаҳодатномаи соҳибкорон ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 77,4 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар ин давра, дар вилоят шумораи нафақахӯрон 269,1 ҳазор нафар ва талаботи нафақапулӣ ҳамагӣ 788,6 миллион сомониро ташкил дода, бо пуррагӣ пардохт карда шудааст.



Дар самти сармоягузорию соҳибкорӣ мулоқоти имсолаи Пешвои миллат бо фаъолони вилоят ба тақвиятёбии нишондиҳандаҳо ва рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшиданд. Давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба вилоят 60,6 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 54 миллион доллари он сармояи мустақими хориҷӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, ба қаламрави вилоят беш аз 1,5 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардида, 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Ба вилоят аз 28 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (41,8%), Чин (33,9%), Эрон (19,2%) рост меояд.

Дар баробари ин, феълан дар вилоят 40 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 728 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021-2025 мавриди амал қарор дошта, иҷрои лоиҳаҳои дар онҳо пешбинишуда ба рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо мусоидат намуда истодааст. То имрӯз барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021-2025-ум 26,3 фоиз таъмин гардида, дар давраи амалишавии барномаи мазкур 101 лоиҳа ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ бо пуррагӣ иҷро гардид ва дар 90 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Гардиши савдои хориҷии вилоят ба 376,5 миллион доллари амрикоӣ баробар шуда, нисбати ҳамин давраи соли 2021- ум 37,4 миллион доллар кам гардидааст. Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот ба 47,9 фоиз ва воридот 52,1 фоизро ташкил медиҳад.

- Бонкҳо ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 198,3 миллион сомонӣ зиёд маблағҳои қарзӣ ҷудо кардаанд, - афзуд А. Сулаймонзода. - Дар давраи сипаригардидаи соли 2022, гардиши савдо ба 8 миллиарду 21,7 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба як миллиарду 724,7 миллион сомонӣ баробар гардида, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум мутаносибан 2,9 миллиард сомонӣ ва 167,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давоми 9 моҳи соли равон 41571 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар идомаи ҷаласа доир ба нишондиҳандаҳои соҳаи кишоварзӣ, ки соҳаи пешбарандаи вилоят маҳсуб меёбад, маълумот дода шуд. Зикр гардид, ки ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар 9 моҳи соли 2022 ба 17,5 миллиард сомонӣ расид.

Бо истифода аз тухмиҳои серҳосил, дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, ба ҳолати 1 октябри соли 2022 истеҳсоли ғалладонагиҳо 896,9 ҳазор тонна, пахта 135,1 ҳазор тонна, картошка 202,1 ҳазор тонна, сабзавот 1 миллиону 363,7 ҳазор тонна, полезӣ 603,3 ҳазор тонна, мевагиҳо 200,2 ҳазор тонна ва ангур ба 101,8 ҳазор тонна баробар гардида, суръати афзоиш нисбати соли 2021 аз 1 то 12,3 фоизро ташкил дод.

Дар давраи сипаришудаи соли 2022 ҳамагӣ 1191 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 178 гектар бунёд гардида, дар ин давра 336 гектар боғ ва 106,6 гектар токзор барқарор ва 126 ҳазор дона ниҳоли тут шинонида шудааст.

- Дар вилоят бобати иҷрои ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - саноатикунонии босуръати кишвар, тадбирҳои мушаххас андешида шуда, рушди соҳаи саноат аз рӯи дурнамои тасдиқгардида таъмин ва дар давраи сипаригардидаи соли равон ба маблағи 7 миллиарду 292,4 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд, - идома дод муовини раиси вилоят А. Сулаймонзода. - Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 1 миллиарду 158,8 миллион сомонӣ зиёд гардида, ҳиссаи саноати коркард 57 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоиз, истеҳсоли неруи барқ ва газ – 38,3 фоизро ташкил дод. 

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 103 корхона ва коргоҳ бо таъсиси 1409 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Соли ҷорӣ дар вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 70,8 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо ба анҷом расонида шуда, 128,6 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 1598,9 километр таъмири ҷорӣ, 246,5 километр сангфарш ва 83 адад пулу қубурҳо сохтаю барқарор карда шуданд.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба беҳтар гардидани фаъолияти соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, сиҳатии омма, занону ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати мустаҳкам гардидани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст.

Дар вилоят дар соли таҳсили 2022-2023 шумораи муассисаҳои таълимӣ 6 адад ва хонандагон 27 ҳазор нафар афзудааст.

Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 164 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 17789 нафар кӯдакон ва 1320 маркази рушди кӯдак бо фарогирии 52909 нафар кӯдакон фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди кӯдакон 70348 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ин давра дар вилоят 2 беморхона бо 52 кат ба истифода дода, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар назди беморхонаи вилоятии клиникии ба номи Б. Воҳидов маркази перинаталӣ, дар шаҳри Бохтар “Маркази тибби Хатлон”, “Маркази дандонпизишкӣ” ва даҳҳо бунгоҳи тиббӣ аз ҳисоби манбаъҳои гуногун бунёд гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд. Амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ таъмин гардида, вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ нишон медиҳад, ки бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок, ба монанди вабо ва тоун ба қайд гирифта нашуд.

- Соҳаи фарҳанг самти муҳиму афзалиятноки ҷомеа эътироф гардида, нақши аҳли фарҳанг дар баланд бардоштани маънавиёти мардум ва ҳувияти миллии сокинон назаррас аст, - афзуд А. Сулаймонзода. - Ба истиқболи 35-умин солҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохта ба истифода додани 179 иншооти фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни ҳол дар вилоят 890 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 492 китобхона, 286 муассисаи клубӣ, 3 филармонияи халқӣ, 5 театри халқӣ, 3 театри касбӣ, 35 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 осорхона, 29 мактаби бачагонаи санъат, 12 ансамбли тарона ва рақс ва 3 ансамбли касбии вилоят фаъолият намуда истодаанд.

Тибқи маълумоти ироашуда, ба вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2022 дар умум 306746 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ (294958 нафар сайёҳони ватанӣ ва 11788 нафар сайёҳони хориҷӣ) ташриф овардаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо баррасии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2022 таъкид намуданд, ки на дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ташкилот ва муассисаҳои вилоятӣ имконияту шароитҳои мавҷудаи рушд пурра истифода бурда шудаанд. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз раисони шаҳру навоҳӣ доир ба рафти иҷрои дурнамои андоз, пешбурди корҳои ободонию созандагӣ, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, вусъат бахшидан ба корҳои саҳроӣ ва истифодаи самараовари заминҳои киштбоб, пардохти саривақтии маошу нафақапулии шаҳрвандон, беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ, бунёди осорхонаву китобхонаҳо, омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам пурсишҳо карда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо доданд.

Ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастур дода шуд, ки бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2022 таъмин намоянд. Изҳори итминон шуд, ки аҳли заҳмати вилоят ҷашнҳои дарпешистода, аз ҷумла 30-солагии Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд.

Дар поёни ҷаласа натиҷаҳои 20-рӯзаи дуюми мусобиқаи меҳнатии пахтакорони вилоят эълон гардид. Тибқи хулосаи комиссияи озмун, зарофарони ноҳияи Восеъ бо ҷамъоварии 5391 тонна (43,1%) пахта дар ҷойи якум қарор гирифта, бо 20 ҳазор сомонӣ мукофот қадрдонӣ карда шуданд. Ба ҳамин тартиб, пахтакорони ноҳияи Ҳамадонӣ мақоми дуюм ва Левакант зинаи сеюми ҷадвали мусобиқотро аз худ намуда, мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор ва 10 ҳазор сомониро аз худ карданд. Ҳамчунин ба роҳбарони ҷамоатҳои деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён, «Яккатут»-и ноҳияи А. Ҷомӣ, «Гулистон»-и шаҳри Левакант, «Панҷоб»-и ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ ва «Хутан»-и ноҳияи Фархор барои иҷрои саривақтии дурнамои истеҳсоли пахта Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Мукофотҳоро ба фаъолон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар вазъи тантанавӣ супурданд.

Н. МАЪМУРЗОДА, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода