Дӯст доштани забони модарӣ - эҳтиром ба Ватан - модар аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 026
5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид гардидааст. Ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ мисли давлати миллиамон дубора эҳё гардида, имрӯз дар тамоми қаламрави кишвар мақоми шоиста пайдо намудааст.
Боиси хушнудист, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир зоҳир намуданд.
Дар ин давра қабул гардидани Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи босуботи забони миллиамон заминаи хуб фароҳам оварда, дар таҳкими пояҳои асосии рушди забони давлатӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ, инчунин устувор намудани меъёрҳои таърихиву адабии он мусоидат намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забони давлатӣ ва рушди он пайваста таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ донистани забони модариро дар сатҳи баланд мудом таъкид менамоянд.
Сарвари давлат, аз ҷумла зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чунин иброз доштанд:
“Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст”.
Ҳамзамон, Пешвои миллат махсус зикр карданд, ки тарғиби забони тоҷикӣ тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср ба ин забон аз муҳимтарин омилҳои густариши забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад.
Таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат тамоми ҷомеа, хосатан мо - омӯзгорони фанни забон ва адабиётро вазифадор мекунад, ки ҷиҳати хубтар омӯзондани ин забони шевою шоирона ба насли наврас, истифодаи дурусту бамавқеи калимаҳои тоҷикӣ дар гуфтору навишт ба хонандагон аз пештара дида масъулияти бештар дошта бошем.
Муҳимтар аз ҳама, барои беолоиш нигоҳ доштани забони модарии худ ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани он масъулиятшинос бошем.
Таҳмина ШАРИФОВА ,
омӯзгор аз ноҳияи Данғара
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...