Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » З. Шобалхиева: «Муҳаббат ба касб маро омӯзгори муваффақ гардонд»


З. Шобалхиева: «Муҳаббат ба касб маро омӯзгори муваффақ гардонд»



Дар ҳаёти инсоният муаллим нақши созгор дорад. Маҳз таълиму тарбияи дурусти омӯзгор дар самти амалишавии нақшаву орзуҳо ва расидан ба қуллаи мақсуд мусоидат мекунад. Ба ин хотир, шахсиятҳои бузурги дунё нақши омӯзгорро муассир арзёбӣ карда, дар сифаташ суханони нек гуфтаанд.. Тамоми шахсиятҳои муваффақу муаррификунандаи давлату миллат парвардаи дасти муаллим мебошанд.

Яке аз омӯзгороне, ки дар самти таълиму тарбияи шогирдони босавод ва номбардори давлату миллат саҳми арзанда дорад, Зиннатгул Шобалхиева, муаллимаи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, аст. Солҳои охир шогирдони ӯ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ пирӯзӣ ба даст меоранд. Ӯ омӯзгори намунавӣ дар сатҳи вилоят мебошад.

Зиннатгул Шобалхиева 23-юми сентябри соли 1976 дар ноҳияи Нуробод дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна ба коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгорӣ хатм мекунад. Фаъолияти омӯзгориро аз муассисаи таълимии №9 шаҳр оғоз намудааст.

- Дар муассисаи таълимии №9-и шаҳр аз фанни таърих дарс медодам. Бо усулҳои муосир ба таълиму тарбияи шогирдон машғул гардидам. Барои омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ талош мекардам, - гуфт Зиннатгул Шобалхиева. - Кӯшишҳоям баръабас нарафтанд. Дар як даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ 6-7 нафар шогирдон якбора ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Хуллас, шавқ ба пешаи интихобкарда ва таваҷҷуҳи хонандагон маро дастболо кард.

Ба андешаи Зиннатгул Шобалхиева, омӯзгор бояд чӣ вазифае, ки ба хо нанда медиҳад, ҳат ман пурсад ва серта аб бошад. Тамоми китобҳое, ки хонандагон дархост мекунанд, ҳатман дарёфт карда, ба онҳо дастрас намудан лозим. Ҳеҷ гоҳ дар ёфти кито бро ба худи хонанда ҳавола кар дан лозим нест. 

З. Шобалхиева гуфт, ки барои омода кардани хонандагон ба олимпиада рӯзҳое мешуд, ки соати 6 – 7-и бегоҳ ва баъзан рӯзҳои якшанбе низ кор мекардем, то ин ки шогирдонамон дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гарданд. Ҳастанд омӯзгороне, ки барои омода кардани хонандагон дар олимпиадаҳо аз макотиби олӣ репититор мегиранд.

Ба он хотир, барои ба онҳо баробар шудан, рақобат кардан хеле саъю кӯшиш мекунем. Ҳатто лаҳзаҳое буданд, ки ман хонандаҳоро ба хонаам бурда, онҳоро ба олимпиадаҳо омода менамудам. Аз интернет бисёртар истифода мебурдем. Ҳамзамон, барои ҳавасманд намудани шогирдон аз усулҳои гуногун истифода мекардам ва бо онҳо бозиҳои гуногуни зеҳнӣ мегузаронидам. Танҳо ба омӯзиши фанни дарсӣ дода шуда, ба хонанда фишор биорем, ӯ дилмонда ва хаста мешавад. Бо ин усули куҳнашуда мушкил аст, хонанда фанни таълимиро шояд бад бинад ва ҳатто дигар хондан нахоҳад. Директори литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода гуфт, ки Шобалхиева яке аз омӯзгорони намунавӣ ва ифтихории муассиса мебошад. Ӯ ба дигар омӯзгорон роҳбаладӣ ва кумак низ мерасонад. Бо кумитаи падару модарон ҳамкории зич дорад.

Маҳз чунин талошҳои Зиннатгул Шобалхиева ва дастовардҳои ӯро ба инобат гирифта, бо Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф ва нишони сарисинагӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуд. Ҳамзамон, мукофоти пулӣ ба ӯ дастрас гардид, ки инро на ҳар кас гирифта метавонад.

Тибқи маълумоти масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар соли таҳсили гузашта шогирдони З. Шобалхиева аз фанни таърих аз ҳама холи баландтаринро дар миқёси ҷумҳурӣ ба даст оварда буданд.

- Бо дастгирии роҳбари муассиса кадом шогирдоне, ки дар олимпиадаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштанд, аз супоридани моҳона озод шудаанд, - афзуд З. Шобалхиева. - Кӯшиш менамоем, ки онҳоро ба стипендияҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва президентӣ пешниҳод намоем. Хушбахтона, шогирдони мо тариқи Маркази миллии тестӣ ройгон ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил мешаванд. Сирри муваффақият ин дар серталабии худи омӯзгор аст. Ҳозир даврае шудааст, ки шавқи асосии хонандагон телефони мобилист.

Мо, пеш аз ҳама, кӯшиш менамоем, ки кӯдаконро аз истифодаи шавқаш - телефон дур кунем. Зеро агар кӯдак ба телефони мобилӣ меҳр баст, бо ӯ кор кардан бениҳоят душвор мешавад. Бо волидон ҳамсуҳбат мешавем, ки ба фарзандонашон умуман телефони мобилӣ надиҳанд. Агар омӯзгор як лаҳза хонандаро назорат накунад, метавонад, ки аз таълиму тарбия ва омӯзиш дур монад ва ба амалҳои номатлуб даст занад. Ба ин хотир, хонандаро ягон лаҳза бе назорат мондан мумкин нест. Ва чи супорише, ки ба хонанда медиҳем, талаб мекунам, ки ҳамон мавзӯъро калима ба калима, ҷумла ба ҷумла аз худ намояд, то аз худ намуданаш ман мавзӯи нав намегузарам. Ман фанни таърих, хонандагон ва касби омӯзгориро сидқан дӯст медорам. Ба Зиннатгул Шобалхиева ба истиқболи Рӯзи иди касбӣ ва дар самти амалишавии нақшаву орзуҳо муваффақият таманно мекунем.

Умедворем, ки пас аз гирифтани унвони “Омӯзгори ифтихории Хатлон” дар соли таҳсили ҷадид дастоварду муваффақият ва ҷойҳои намоёни шогирдонаш боз ҳам бештару беҳтар мегардад.

С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода