Дарси муаллим гар бувад замзамаи муҳаббате...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 6 304
Мактабу маориф ва эҳтироми омӯзгор дар ҳама давру замон мартаба ва маъруфияти хоси худро дошта, дараҷаи хираду маърифати ҷомеа аз фаъолияти онҳо муайян карда мешуд. Ин мафҳумҳо дар фарҳанги маънавии мардуми маърифатпарвари тоҷик басе арзиши бузургро доро буда, мактаб макони дастоварди илму дониш ва устоду омӯзгор пири маънавӣ, раҳнамои зиндагии инсонҳо дониста мешуданд.
Устоду муаллим ҳамчун таълимдиҳандаи савод, равшансози қалбҳои тор, машъалафрӯзу тавсеабахши доираи донишу ҷаҳонбинии мардум, ҳурмату эҳтироми воло дошта ва ӯро дар баъзе ҳолатҳо аз падар болотар вогузоштаанд.
Паёмбари ислом, Ҳазрати Муҳаммад (с) омӯхтани дониши динӣ ва дунявиро барои ҳар як фарди мусулмон «Аз гаҳвора то гӯр» шарт донистааст. Ҳатто ҳангоми гузоштани ҳар як намози шабонарӯзӣ шарт дониста мешавад, ки бандаи муъмин дар ҳаққи волидон ва устодон аз дари бори Оллоҳ раҳмату мағфират таманно намояд.
Классикони адабиёти тоҷику форс низ дар эҷодиёти хеш масъалаи таълиму тарбия, омӯзишу парвариш, дурӣ аз амалҳои аҳриманӣ ва баҳра бурдан аз устодони хирадманду донишварро аз масъалаҳои муҳими ахлоқӣ дониста, мардумро баҳри пайравии аз амалҳои нек ҳидоят менамоянд.
Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ омӯхтани донишро талқин намуда, онро чароғи раҳнамо ва ҷавшани тани одамӣ донистааст:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Низомии Ганҷавӣ ба наврасон талқин менамояд, ки аз вақти мусоид баҳри дониш омӯхтан босамар истифода намуда, ҳунар омӯзанд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Саъдии бузургвор, ки гузаштагонамон ӯро муаллими ахлоқ ва донишманди ҷаҳонгаштаву донишандӯхта эътироф кардаанд, ду асари машҳури худ “Гулистон” ва “Бӯстон”-ро ба масъалаи таълиму тарбия ва ахлоқи ҳамида бахшида, садҳо далели шаръиро аз боби ҳикмату маърифат пеш меорад. Вай аз ҷумла нисбат ба эҳтиром ва ҷиддияти касби омӯзгорӣ диққат дода гуфтааст:
Устоду муаллим гар буванд беозор,
Хирсак бозанд кӯдакон дар бозор.
Саъдӣ суҳбат бо омӯзгорро лаҳзаи ҷонпарвар дониста, аз ӯ ғизои маърифат гирифтанро ба таври хоса таъкид менамояд.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ шарти муҳими ҷалби хонандагонро ба мактаб махсус таъкид намуда, дар ин бобат маҳорати касбии устоду мураббиро асосии таваҷҷуҳ ва рағбати кӯдакон ба мактаб мешуморад.
Дарси муаллим гар бувад, замзамаи муҳаббате,
Ҷумъа ба мактаб оварад тифли гурезпойро.
Таъкидҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси он ки «Бунёди миллат аз маориф сарчашма мегирад» баҳои баланд ба соҳаи илму маърифат ва меҳнати олимону омӯзгорон, мураббиёну кормандони соҳа буда, масъулияти ҳар як фарди дар ин соҳа фаъолияткунандаро ба меҳнати шоиставу босамар раҳнамоӣ менамояд.
Маҳз бо заҳмати ҷиддӣ ва самарабахши ҳар як нафари мо -коркунони соҳа дар қалби ҳар аъзои ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон ҳисси миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии мардум, ҳамзамон рушди илмҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва дақиқ бештар бедор гардида, таваҷҷуҳи онҳоро ба ин илмҳо беҳтар равона месозад.
Зиндагии ояндаи мо ба наслҳои хозира алоқаманд буда, аз онҳо саводу маърифати баланд, дониши васеъ, донистани техникаву технологияи навтарин, забондониро тақозо менамояд.
Воқеан, даврони истиқлолият ба мардуми мо имконият дод, ки ислоҳоти куллии соҳаи маорифро гузаронида, рӯ ба маорифи ниёгон ва фарҳанги аслии миллати худ оваранд. Дар ҳақиқат, гузаштагони бомаърифати мо дар тӯли беш аз 10 аср дар бобати таълиму тарбия арзишҳои баланди маънавии инсонро амалан санҷида ва дар адабиёти ғанӣ ба наслҳо боқӣ гузоштаанд.
Таҷрибаи бузурги онҳо дар ҷодаи тарбияи фарзанд дар осори арзишманду пурҳикмати Унсурулмаолии Кайковус, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Убайди Зоконӣ, Сайидои Насафӣ ва ғайраҳо ба таври дақиқ таҷассум ёфта, писанди аҳли олам гардиданд.
Мардуми саодатманди тоҷикро, ки дар гузашта тавассути дониш, хирад ва ҷаҳонбинии фарзандони номвари худ дар рушди илму фанни ҷаҳонӣ иссаи муносиб доранд, қавми фарҳангсолор ва тамаддунофар низ ном мебаранд. Саҳми бузургонамон Ал Форобӣ, Ал Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Насриддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон дар тадқиқу омӯзиши илмҳои дақиқ, алҷабру ҳандаса, тибб ва ҳикмату фалсафа ба таври алоҳида маънидод шуда, онҳо бунёдгузорони равияҳои илмӣ дар Шарқ маҳсуб меёбанд.
Дар ҳақиқат, забону адабиёт, илму маорифи халқи тоҷик баъд аз инқирозӣ арабҳо, дар даврони ҳукмронии сулолаи Сомониён (солҳои 892-999) хеле рушд намуда симои замонавии худро муайян сохта буд.
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи беш аз 30 соли мавҷудияти худ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, як қатор Барномаву Консепсияҳои муҳими давлатиро роҳандозӣ намуда, дар ин замина баҳри беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон ва кормандон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин давра марҳилаи устувори танзими масъалаҳои махсуси соҳаи маориф қабул гардида, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистн «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва ғайра қабул гардида, танзими якхелаву самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ ба соҳаи маорифи кишвар аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи лоиҳаи «Кодекси маориф» ба нақша гирифта шудааст.
Стратегияи омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи маориф ва илм ва дар давраи солҳои 2030, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030, «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022» ва ғайра аз зумраи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар густариши соҳаи маориф ва ислоҳоти он буда дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодиёти ба дониш асосёфта маориф яке аз омилҳои муваффақияти иқтисодии кишвар мегардад.
Дар робита ба ин мавриди зикр аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ба сохтану бунёди муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ҷиҳати фаро гирифтани тарбиятгирандагон ва хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Дар даврони Истиқлолият шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба 3920, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба 63, миёнаи касбӣ ба 78 ва мактабҳои олии касбӣ ба 41 адад расонида шудаанд. Ҳоло дар кишварамон ҳамчунин муассисаҳои типи нав фаъолият доранд, ки дар ин самт 9 мактаби президентӣ, 7 литсей барои хонандагони болаёқат, 75 литсей ва 75 гимназия бо фарогирии зиёда аз 94 ҳазор нафар хонандагон фаъолият доранд.
Ин далелҳо баёнгари онанд, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат ҳамчун омили самараноки рушди соҳаи маориф пайваста ривоҷ ёфта ва Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои пешрафтаи илму маориф ба арсаи ҷаҳон бароварда истодааст.
Сайфиддин Давлатзода,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...