Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй...


Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй...



Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ ва аҳли зиё ҳамоиши мутантани адабӣ барпо гардид.

Нахуст, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ва алоқамандони шеъру адаб ба рамзи эҳтирому бузургдошт бар пояи муҷассамаи Сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гулчанбарҳо гузоштанд.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зимни ироаи сухани табрикиаш бо ифтихор таъкид намуд, ки тақдир барои миллати мо фарзонафарзандонеро ато намудааст, ки тавонистаанд дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас дошта, дар таърих ҳамчун миллати донишофар муаррифӣ кунанд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо чеҳраҳои мондагори илму фарҳанги миллии худро эҳё, таҷрибаву мероси онҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ ва осори пурғановати онҳоро ба сифати маҳаки кору ҳаёти ҳаррӯзаамон истифода намуда, ба дастовардҳои бузурги илмӣ-фарҳангӣ комёб гашта истодаем. Маҳз замони соҳибистиқлолии мо даврони талошҳо барои худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи суннатҳо ва ойину маросими мардумӣ ва рушди соҳаҳои илму адаб гардида, даврони дурахши тамаддуни миллӣ, рушди неруи зеҳнӣ ва марҳилаи нави эҷодкориҳо шинохта мешавад.

- Таҷлили зодрӯз, қадршиносиву бузургдошти чеҳраҳои шинохтаи миллат василаи пайвасти насли имрӯз бо рӯҳи гузаштагон аст ва идомаи мантиқии тадбирҳои маърифатӣ ба хотири эҳтиром ба аҷдодони соҳибхирад ва роҳи тавсеаи худшиносии миллии фарзандон мебошад, - идома дод Ф. Шарифӣ. - Хизмати бемисоли Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кори рушди маънӣ ва ба авҷи фалак расонидани санъатҳои шеърӣ на танҳо хизмат ба забони тоҷикӣ ва ҳиссагузорӣ дар рушди он мебошад, балки дар муарррифии миллат, бузургони он дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми беназир дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҷлили зодрӯзи Амирушшуаро таъкид медоранд: “...устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад”.

Дар зимн Шоири халқии Тоҷикистон Озар Салим вобаста ба масъалаҳои тарғиби хислатҳои неки инсонӣ, ахлоқи ҳамида, дӯстиву ҳамдилӣ, меҳанпарастиву шуҷоат ва тантанаи адолату ҳақиқат дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ сухан гуфта, ӯро вассофи воқеъ ва тараннумгари моҳири арзишҳои инсонпарвариву ватандӯстӣ, тарғибгари бомаҳорати рафтори олии инсоният, аз қабили ҷавонмардиву шуҷоат, саховатмандиву хайрандешӣ номид.

Адабиётшинос Сафармади Аҳмад хизмати шоистаи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро дар рушду такомули забони тоҷикӣ хеле барҷаста ва бузург арзёбӣ намуд. Ӯ дар ин ҳамоиш қайд кард, ки бо талошҳои зиёди устод Рӯдакӣ ва ҳамасронаш забони мо ба ҳадде сайқал дода шуд, ки он ба як забони бою пурғановат ва аз ҳама муҳим, ба меъёри илму адаб табдил ёфта, боиси мондагорӣ ва густариш пайдо кардани забон гардид. Ҳамин аст, ки то ба имрӯз мактаби шоирии Рӯдакӣ побарҷост ва шоирон то имрӯз худро шогирд ва давомдиҳандаи кори ин шоири тавоно медонанд. “Маҳз истодагарӣ, навҷӯиву навпардозӣ, масъулияти баланд дар эҷоди шеър, ҷасорату матонат, накӯкориву миллатдӯстӣ аз хислатҳои ҳамидаи устод Рӯдакӣ буд, ки пояи адабиёти тоҷик устувор боқӣ монд”, - афзуд С. Аҳмад.

Дар идомаи ҳамоиш композитсияи адабии иборат аз шеърҳои ноби Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар иҷрои ҷавонон манзури ҷамъомадагон гардид.

Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар интиҳои ҳамоиш бо изҳори итминон зикр намуд, ки осори гаронбаҳои маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои миллату сарзамини мо дар роҳи баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва маърифатбахшии мардуми тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурғановати маонӣ ҳазорсолаҳои дигар хидмат хоҳад кард.

- Бигузор, “Бӯи ҷӯи Мӯлиён”-и шоир аз фарсахҳо накҳати ободиву субот, осоишу фароғатро дар машомҳо расонда бошад, - афзуд Ф. Шарифӣ. – Бигзор, кохи шеъри пайафкандаи Рӯдакӣ то абад побарҷо ва ашъори ҷовидонаи ӯ ҳамчун сарҳалқаи занҷираи заррини назми оламгири тоҷику форс раҳнамои зиндагии босаодати мардуми мо гардад.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода