Писарамро аз телефони мобилӣ наҷот диҳед!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 сентябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 910
Ҳамовозӣ ба мақолаи “Телефони боварӣ. Оё истифодаи он зарар дорад?”
Телефони мобилӣ ҳам ёвару ҳам зараровар аст. Зеро он дар баробари ҳоҷатбарор будан, инчунин буҷаи оиларо хароб, зану шавҳарро аз ҳамдигар ҷудо мекунад ва боз ба дигар амалҳои ношоиста мебарад.
Рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар шумораи №43, аз 14 июли соли 2022 мақолаи рӯзноманигор С. Атторро ба чоп додааст. Онро бодиққат мутолиа кардам ва рӯзноманигор масъалаи доғи рӯзро ба қалам додааст. Ин маводи ҳушдордиҳанда пандест ба истифодабарандагони телефони мобилӣ.
Ман падарам. Шукр оилаи ободу фарзандони баномус дорам. Оила, албатта, бе иллат нест. Яке аз писаронам, ҳарчанд боодобу оромтабиат аст, бо як хислаташ аз дигар фарзандон фарқ мекунад. Не, не, гумон накунед, ки кӯчагарду майнӯшу носкаш ва ҷӯрабоз аст. Ягона фарқияташ дар хона нишаста ба телефони мобилӣ “кор” мекунад. Телефони мобилӣ ӯро вобастаи худ кардааст.
Ҳамзамон, тариқи телефон бо духтари дӯстдоштааш соатҳо изҳори муҳаббат мекунад. Дар оила ба хулосае омадем, ки тӯйи ин ду дилдодаро гузаронем ва писарро аз “даст”-и телефони мобилӣ халос кунем. Вале падару модари духтар ба ин розӣ нашуданд. “Аввал духтар маълумоти олӣ гирифта, соҳибкасб шавад, баъд ба шавҳар медиҳем”, гуфтанд падару модари духтар. Аз ин ҷавоб писарамон норозӣ шуда, сари қаҳр “Дигар духтарро гирифта диҳед” гуфт. Ҳамин тавр ҳам кардем. Тӯй барпо намуда, ба хона келин овардем. Вале писар аз телефонбозӣ намонд. Бо гузашти вақти кутоҳ ӯ тариқи телефони мобилӣ бо духтари дӯстдоштааш ишқу ошиқиашро идома дода, бо ҳам созиш карданд. Келин аз ин амали шавҳар огоҳӣ ёфта, байнашон носозӣ афтод. Ӯ ин ҳамаро таҳаммул карда натавонист ва ба хонаи падару модар баргашт...
Хулоса, телефони мобилӣ корашро кард. Зиндагии оилаи ҷавонро халалдор намуд. Ба андешаи ман, истифодаи дурусти телефони мобилӣ зиён надорад. Пас, қоидаю меъёри истифодаи онро бояд риоя кард!
Ҳ. Сарвар , омӯзгор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00