Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар хизмати мардум


Дар хизмати мардум



Султонмурод Муродов марди ободгар аст. Ӯ бо ин амалҳои созандааш дар ноҳияи Хуросон ном бароварда, дар ободу зебогардонии як гӯшаи диёр саҳм гирифта меояд.

Касби ӯ аслан табибӣ буда, омӯзишгоҳи тиббиро хатм кардааст. Баъди хатми он ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ шомил шуд. Хизмати аскариро бо сарбаландӣ адо намуда, ба Ватан баргашт. Фаъолияти меҳнатиашро бо пешаи интихобкардааш аз бародари шафқат оғоз намуд. Муддати 10 сол ба мардум хизмати тиббӣ расонда, соҳибобрӯ гардид.

Султонмурод якбора ба кори барояш ғайриодӣ-чорводорӣ гузашт. Дар хоҷагии ба номи М. Асомуддинов фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси мудири чорводорӣ идома дод. Дар муддати роҳбариаш хоҷагии чорводории “Баракат”-ро пешсаф намуд.

Нишондиҳандаҳои хоҷагии чорводорӣ назаррас шуд. Роҳбари тозаинтихоб дар афзоиш додани саршумори чорвои калони шохдор ва маҳсулнокии он муваффақ гардид.

Дар баробари ин, Султонмурод Муродов дар такя ба даъватҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои ободонию созандагӣ рӯ овард.

Ин амалҳои созандаи ҷавон аз назари роҳбарияти ноҳия дур намонд. Ҳамин буд, ки роҳбари ноҳия ба Султонмурод маслиҳат дод, ки дар қитъаи замини ноободи паҳлуи бозори марказӣ бозори нав созад. Ҷавони пурғайрат пешниҳоди раисро қабул кард.

Дар муддати хеле кӯтоҳ дар ин қитъаи харобазор бозори нав қомат афрохт. Муродов аз ҳисоби буҷаи оилавӣ бозори намунавӣ сохта, ашхоси бекорро соҳиби ҷойи кор намуд. Ҳоло бозори Султонмурод яке аз марказҳои намунавии хизматрасонӣ маҳсуб ёфта, он дар хизмати аҳолӣ қарор дорад.

Мардуми маҳал, бахусус тоҷирони маҳаллӣ аз ин иқдоми неки Султонмурод Муродов хурсанд буда, ба ӯ арзи сипос менамоянд.

Т. Сафаралиев,
нафақагир аз ноҳияи Хуросон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода