Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 31 иншоот аз баракати Истиқлол


31 иншоот аз баракати Истиқлол



Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз Истиқлол то Истиқлол, яъне дар зарфи як соли охир даҳҳо иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Интихобан чанде аз онҳоро ёдовар мешавем.

Балҷувон. Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ


Нишони давлатӣ бо баландии 21,5 метр бо сифати баланди меъморӣ сохта шудааст. Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ба 35 метр мерасад. Матои Парчам 14 метр дарозӣ ва 7 метр паҳноӣ дорад.

Темурмалик. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1

Муассисаи навбунёд дар масоҳати 2500 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 29 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла утоқҳои фаннӣ, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, омодагии дифои ҳарбӣ иборат мебошад ва барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ҳамадонӣ. Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ

Корхонаи саноатӣ дар доираитатбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръат бо харҷи 1,7 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Дар корхона 10 намуд халтаҳои полипропиленӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз аз 1500 то 2000 дона халтаҳои полипропиленӣ мебошад, ки солона зиёда аз 600 ҳазор ададро ташкил медиҳад.

Фархор. Қасри фарҳанг

Бинои Қасри фарҳанг бо истифода аз санъати баланди меъморӣ бунёд гардида, дар он барои кору фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, кормандони бахши фарҳанги ноҳия, баргузории ҳамоишу барномаҳои фарҳангӣ шароити зарурии замонавӣ фароҳам оварда шудааст.

Ховалинг. Коргоҳи коркард ва бандубасти асал

Самти асосии фаъолияти коргоҳ ба истеҳсол, ҷамъоварии асали табиии кӯҳӣ аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, коркарду бандубасти асали аз лиҳози экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар нигаронида шудааст.

Восеъ. Маҷмааи сайëҳӣ 

Маҷмаа дар масоҳати 1,8 гектар бунёд карда шудааст, ки дорои имконоти васеи сайру саëҳат мебошад.

Меҳмонхонаи “Сайëҳон” аз 4 ошëна иборат мебошад. Намои берунаи иншоот бо санъати кандакорӣ ва наққошӣ оро дода шуда, дорои тарҳи ҷолиб аст.

Сатҳи хизматрасонӣ дар меҳмонхона ба стандарти байналмилалӣ мутобиқат мекунад.


Муъмин обод. Комплекси агросаноатии ҶДММ “Заркорон”

Комплекси агросаноатӣ бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардидааст.

Самти асосии фаъолияти комплекси навбунёди агросаноатӣ, ки дар ҷумҳурӣ беназир аст, чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ, истеҳсоли маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва коркарди он мебошад.

Кӯлоб.  Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона”

Иншооти мазкур бо тарҳи замонавӣ, иборат аз 4 ошёна сохта шудааст. Бунёди Маркази савдо ва хизматрасонии “Шукрона” соли 2018 оғоз гардида, масоҳати умумии иншоот 1260 метри мураббаъ мебошад. Баъди ба истифода додани иншоот зиёда аз 50 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд, ки бештар аз 30 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.


Кӯлоб.  ҶДММ “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”

Корхонаи нав дар як сол то 34 миллион ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намуда, ҳамчунин маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Айни замон ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба фурӯш бароварда мешавад.

Темурмалик.  Муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ

Муассисаи таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, имкони фарогирии 250 нафар донишҷӯро дорад. Коллеҷи мазкур дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст мебошад.

Темурмалик. Корхонаи истеҳсолии “Пойафзоли Кангурт”


Корхона дар доираи татбиқи ҳадафичоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Чарм” бунёд гардидааст. Масоҳати иншоот, ки аз 3 ошёна иборат аст, 786 метри мураббаъ мебошад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз аз 300 то 500 адад пойафзол мебошад.

Темурмалик. Корхонаи истеҳсоли мебел
 

Самти асосии фаъолияти коргоҳ истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар корхонаҳо ташкил медиҳад.


Темурмалик. Кохи фарҳанг

Бинои Кохи фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, дар он муосиртарин шароити кору фаъолият барои аҳли фарҳанг фароҳам мебошад.


Данғара. «Коллеҷи оташнишонӣ – техники»-и ВКД

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 2,8 гектар бо тарҳи хеле зебо ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, барои қабули 760 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.


Данғара. Корхонаи коркарди шир

Корхонаи коркарди “Шири Хуррамзамин” дар доираи тадбирҳои созандагӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидакбар Сидиқов дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи комбинати “Шири Душанбе” ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 30 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 5 тонна шир мебошад.


Бохтар. Маркази перинаталии вилояти Хатлон

Маркази перинаталӣ дар доираи татбиқи Барномаи “Ҳифзи солимии модару кӯдак ва ёрии таъҷилӣ” бунёд гардидааст.

Муассисаи нави соҳаи тандурустӣ аз 3 ошёна иборат буда, дорои 10 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлилгоҳ, модару кӯдак, таваллуд, амалиёти ҷарроҳӣ ва эҳёи калонсолон мебошад.


Дӯстӣ.  Майдони Парчами давлатӣ 

Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 метр, дарозии он 14 метр ва баландии сутунпояаш 36 метрро ташкил медиҳад.

Масоҳати майдони Парчами давлатӣ 3 ҳазор метри мураббаъ буда, ҳудуди он кабудизор карда шудааст, ки дар ин ҷо барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам аст.


Хуросон. Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ

Баландии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо назардошти таҳкурсӣ 9,65 метрро дар бар мегирад. Аз ду паҳлуи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст. Масоҳати умумиизамини гулгашти Исмоили Сомонӣ 1 ҳазору 550 метри мураббаъро ташкил намуда, ҳамчунин дар назди он як фаввора сохта шудааст.


Левакант. Корхонаи истеҳсоли хишт

Калонтарин корхонаи истеҳсоли хишт дар вилояти Хатлон аз ҷониби муассисони Корпоратсияи “Салтанат” бунёд шуда, дар ин ҷо зиёда аз 650 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.


Левакант. Корхонаи истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаҳо

Иқтидори истеҳсолии корхона 50 ҳазор тонна меваи тару тоза дар як мавсим буда, корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз то 10 ҳазор литр афшураи меваю сабзавот ва нӯшобаву обҳои ташнагишикан истеҳсол намояд.

Корхона дар ду баст 280 сокини маҳаллиро бо ҷойи кор таъмин кард.


Кӯшониён. Маркази таълимӣ - фароғатии кӯдакон бо номи «Зарринтоҷ» 

Маркази таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад, ки то 200 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Дар муассисаи наву замонавӣ, ки дорои тамоми шароити муосир аст, 15 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардида, ба таълиму тарбияи фарзандони мардуми ноҳия машғул мешаванд.

Ҷ. Балхӣ. Мактаби байналмилалии Президентӣ

Муассисаи таълимии мазкур барои 720 нафар хонандаи болаёқат дар як баст пешбинӣ гардидааст. Барои таълиму тарбияи насли ояндасоз дар ин даргоҳи маърифат 75 нафар омӯзгор ба кор ҷалб карда шуд.

Данғара.  Филиали БДА ҶТ “Амонатбонк”


Иншооти мазкур аз 10 ошёна иборат мебошад. Намои берунии бинои Филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” дар ноҳияи Данғара бо санъати баланди меъморӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд ёфтааст. Атрофи иншоот бо сангҳои ороишӣ зебо гардонида шуда, гулу буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст.

Данғара. Маҷмааи нассоҷии ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” 

Дар марҳилаҳои 3 ва 4-уми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” асосан 32 номгӯи маҳсулоти ресандагӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори истеҳсолоти корхона қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол мебошад.

Ҷайҳун. Ифтитоҳи Парчам ва Нишони давлатӣ 

Дарозии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 метрро ташкил дода, матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Дар асоси лоиҳа сутунпояи Нишони давлатӣ бо баландии 21 метр ва унсури муосири меъморӣ қомат афрохтааст.


Дӯстӣ. Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Ганҷи деҳа»
 
Самти асосии фаъолияти корхона ба истеҳсоли равғани растанӣ ва қуттиҳои пластикӣ равона гардидааст.

Корхона дар як шабонарӯз 3,5 тонна чигит коркард ва аз он то 400 литр равғани хушсифат истеҳсол мекунад.


Данғара. Хобгоҳи донишҷӯёни ДДТХ

Бино аз 9 ошёна ва 133 ҳуҷра иборат мебошад.

Бинои хобгоҳи донишҷӯён дар асоси лоиҳа бо сохти меъмории замонавӣ бунёд карда шуда, барои 800 нафар пешбинӣ гардидааст.


Данғара.  Корхонаи воҳиди давлатии “Чарми Данғара”
 
Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар -саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар асоси супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳоти кишвар дар масоҳати 5 гектар сохта шудааст.


Данғара. Коргоҳҳои рангуборкунии матоъ ва дӯзандагӣ

Дар коргоҳҳои корхона муосиртарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Туркия васлу насб гардидааст, ки бо истифода аз ин имконот, истеҳсолот дар доираи стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Иншоот аз ду ошёна ва аз се қисми асосии истеҳсолот иборат мебошад.


Ховалинг. Коргоҳи истеҳсоли макарон

Иншооти соҳаи саноат дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби роҳбарият ва муассисони ҶСК “Ховалинг” сохта шудааст.

Дастрасии дастгоҳу механизми муосири соҳавӣ имкон фароҳам меорад, ки дар як шабонарӯз 1,5 тонна ва дар як моҳ 45 тонна макарон истеҳсол карда шавад.


Ховалинг. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18

Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 17 синфхона мебошад, ки барои 680 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Дар мактаби нав синфхонаҳои барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва ғайраҳо мавҷуд мебошад.
 
http://khatlon-ruznoma.tj/


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода