Қ. Ҳакимзода: “Барои таъмини иҷрои нишондиҳандаҳо ва баланд бардоштани боздеҳи замин тадбирҳо андешида шавад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 085
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ, равғандиҳанда, сабзавотӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта ва захираи пунбадонаи тухмӣ” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ баргузор гадид.
Сараввал, меҳмонон ва иштирокдорон дар хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб”-и ноҳияи Вахш аз намоишгоҳи мошинолоти “Тоҷикагролизинг” ва аз намоиши навъи тухмиҳои хоҷагии тухмипарварии мазкур дидан намуданд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” аз зумраи хоҷагиҳои калонтарин дар ноҳия ба ҳисоб рафта, хоҷагидорон дар истеҳсоли навъҳои мухталифи пахта, аз ҷумла пахтаи маҳиннах, ки айни замон дар дигар хоҷагиҳои пахтакор ба кишти он камтар таваҷҷуҳ зоҳир мегардад, саҳми муносиб доранд.
Сипас, дар толори Маҷмааи “Офтобак”-и хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” кори семинари мазкур оғоз гардид. Гуфта шуд, ки бо назардошти муҳиммият ва афзалиятнокии масъала, инчунин яке аз минтақаҳои калонтарини истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб ёфтани вилояти Хатлон, бо ибтикор ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладонагӣ, равғандиҳанда, сабзавотӣ, ҷамъоварии ҳосили пахта ва захираи пунбадонаи тухмӣ маҳз дар вилояти Хатлон ташкил карда шуд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар кори семинар баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар доираи амалигардонии дастуру супориш ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат, ки ҳангоми мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят рӯзҳои 24 феврал ва 18 июни соли ҷорӣ оид ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла чораандешӣ дар самти афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои корам, саривақту босифат гузаронидани кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноки боду ҳавои мусоид, истифодаи тухмиҳои серҳосилу репродуксионӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо қайд гардиданд, чорабинии имрӯза доир гардида истодааст.
- Дар рушди устувор ва босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, махсусан дар таъмини амнияти озуқаворӣ соҳаи комплекси агросаноатӣ нақши муҳиму калидӣ дошта, фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, таъмини сокинон бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти соҳа аз ташкили дурусти кор ва фаъолияти кишоварзон вобастагии калон дорад, - гуфт Қурбон Ҳакимзода. - Ҳамзамон, вилояти Хатлон дар миқёси ҷумҳурӣ, яке аз вилоятҳои калонтарин ва таъминкунандаи асосӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ маҳсуб ёфта, тибқи натиҷаи соли гузашта ҳиссаи вилоят дар маҷмӯи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 52 фоизро ташкил мекунад.
Аз ҷумла, аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии дар ҷумҳурӣ истеҳсолгардида 65,1 фоизи ғалладона, 69,4 фоизи пахта, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полизиҳо, 48,7 фоизи меваҷот, 40,5 фоизи ангур, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир ва 75,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли моҳӣ аз тарафи кишоварзони олиҳиммату ризқофари вилояти Хатлон таъмин карда шудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҷараёни кори семинар суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки айни замон кишоварзони ҷумҳурӣ дар давраи хеле муҳим, яъне давраи ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захиракунии тухмӣ, омодагӣ ба кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо ва кишти сабзавоти барвақтӣ қарор доранд. Баргузории семинари мазкур бомаврид мебошад, чунки ҳадаф аз гузаронидани чунин ҳамоиши илмӣ танҳо баёни мушкиливу норасоиҳои соҳа набуда, балки табодули афкор, таҳлилу баррасӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави парвариши зироатҳо, зиёд намудани истеҳсол, содирот, нигоҳдорӣ, коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар роҳҳои рушди соҳа мебошад.
Дар идомаи суханронӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки кишоварзони вилояти Хатлон дар давоми ҳафт моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзиро дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 11 миллиарду 121 миллион сомонӣ расонидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 527 миллиону 128 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати 1-уми августи соли 2022 дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят дар майдони 349 ҳазору 812 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуда, иҷрои дурнамо 113,5 фоиз таъмин гардидааст.
- Кишоварзони вилоят бо ҷонибдорӣ аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти зироатҳо, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа корбарӣ намуда, дар ҷодаи кишт, парвариш ва истеҳсоли номгӯи зироати мухталифи соҳа, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, полезӣ, картошка, пахта, хӯроки чорво саҳми муносиб гузоштаанд. Давоми соли равон дар ҳудуди вилоят дар майдони 1135 гектар боғ ва 56 гектар токзори нав бунёд карда шудааст, ки нишонаи заҳмати мардуми деҳқон мебошад, - таъкид шуд дар кори семинар.
Дар идомаи кори семинар олимону мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон оид ба мавзӯъҳои “Технологияи парвариши зироатҳои ғалладонагӣ”, “Технологияи муосири парвариши зироатҳои равғандиҳанда”, “Оид ба чиниши пахта ва захираи тухмии навъҳои ватаниву хориҷӣ”, “Кишти тирамоҳии пиёзи бехӣ ва сирпиёз дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ”, “Роҳҳои воридотивазнамоии маҳсулоти асосии истеҳсоли кишоварзӣ” ва ғайраҳо суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми семинар ба масъулини соҳаи кишоварзии вилоят барои бартараф намудани баъзе масъалаҳои мубрам ва аввалиндараҷаи соҳаи кишоварзӣ, ки ба пешбурди фаъолияти соҳа ва амалигардонии рушди устувори он таъсир доранд, дастуру маслиҳатҳои судманд дода шуданд.
Фаромӯз БОБОЕВ, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...