Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегирем?


Ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат мегирем?



Соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимии давлат маҳсуб ёфта, рушду инкишоф додани он, ҷалби ҳарчӣ бештари кӯдакону наврасон ба варзиш, ба роҳ мондани иқдомҳои нави соҳа вазифаи ҷонии масъулин мебошад. Имрӯз варзишгарони муваффақ, ки дастовардҳои калони байналмилалӣ дошта бошанд, аз вилояти Хатлон ангуштшуморанд. Сабаб дар чӣ аст, ки 10 соли охир варзишгарони хатлонӣ ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат намегиранд?


Назаре ба омори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш 

Имрӯз аксари ашхоси маъруф дар саросари ҷаҳон аз ҳисоби варзишгаронанд, ки бевосита дар ин раванд номи ватани онҳо низ дар арсаи байналмилалӣ баланд мегардад. Аз ҷониби дигар, тарияи ҷисмонӣ ва варзиш ба саломатии инсон хеле муфид буда, дар рушду инкишофи ҷисмонии шахс нақши асосиро мебозад. Тибқи иттилои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, соли равон варзишгарони вилоят дар 84 чемпионат ва мусобиқаҳои варзишӣ ширкат варзида, сазовори 372 медали тилло, 344 медали нуқра ва 398 медали биринҷӣ гардиданд. Ҳамчунин, дар 13 мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 19 медали тилло, 16 медали нуқра ва 34 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз дар ҳудуди вилоят Мактаби маҳорати олии варзишӣ, Мактаби махсуси варзишии вилоят ба номи С. Раҳимов, 4 мактаби варзишии вилояти Хатлон ва 28 мактаби варзишии шаҳру навоҳӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз рӯйи 34 намуди варзиш 16690 нафар варзишгарон тамрин мекунанд. Инчунин, дар мактабҳои мазкур 615 нафар устодони бомаҳорати варзиш ба варзишгарон тарзу усули тамринро меомӯзонанд.

Варзишгарон чӣ мехоҳанд?

Мадинаи Рустам, яке аз варзишгарони варзида аз Ҷамоати деҳоти ба номи “Миралӣ Вайсов”-и ноҳияи Восеъ мебошад, ки дар аксари мусобиқаҳои дохилӣ ширкат намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Мутаассифона, дар зодгоҳи Мадина шароити зарурии тамрин фароҳам нест. Ӯ хоҳиш дорад, ки дар деҳаи онҳо низ як мактаби варзишӣ сохта шавад, то ӯ ва ҳамсолонаш бе мушкилӣ тавонанд тамрин кунанд.

-Имрӯз дар деҳаи мо ҷавондухтароне ҳастанд, ки нисбат ба варзиш на танҳо шавқу завқи беандоза доранд, ҳамчунин дорои маҳорати баланд низ мебошанд.

Аммо аз сабабе ки дар ҷамоати худамон ягон толори варзишӣ нест, ба ғайр аз ман ягон нафар ҳамсолонам ба варзиш машғул намешаванд, - иброз медорад Мадина.

Чаро ҳавасмандкунӣ кам аст?

Ҳавасманд намудани варзишгарон аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва дигар масъулон, албатта, ба онҳо рӯҳияи тоза мебахшад ва кӯшиш мекунанд, ки барои иштирок дар мусобиқаҳои минбаъда хубтару беҳтар тайёрӣ бинанд. Яке аз варзишгарони вилоят, ки нахост номашро зикр кунем, бо норозигӣ иброз медорад: “То имрӯз дар чандин мусобиқаҳои дохилӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидам, вале аз ҷониби масъулин хуб қадрдонӣ нашудаам”.

Ҳамсуҳбати мо сабаби асосии  ба хориҷи кишвар рафтани баъзе аз варзишгарони муваффақ ва аз номи дигар кишвар баромад намудани эшонро низ аз камтаваҷҷуҳии масъулин меҳисобад. Ин ҷанбаро Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон масъалаи муҳим наҳисобида, иброз медорад, ки ин омил қариб дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон мавҷуд аст ва ба рушду пешравии соҳаи варзиш ҳеҷ халал ворид намекунад. Доир ба ҳавасмандкунии варзишгарон Қ. Қурбонзода чунин мегӯяд: “Варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои дохилию берунӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд, мо онҳоро то ҳадди имкон ҳавасманд мекунем. Ҳамчунин, устодони онҳо низ бо унвони фахрӣ, устоди варзиш ва дигар намуди унвону ҷоизаҳо қадрдонӣ карда мешаванд”.

Бо медалу сипоснома, унвонҳои фахрӣ ва даъвати варзишгарон ба чорабиниҳои ҷамъиятӣ хароҷоти тамрини варзишгарон бароварда мешавад?

Нуралӣ Эмомалӣ пас аз Сомон Маҳмадбеков дуюмин варзишгаре мебошад, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон соҳиби медали тилло гардид. Мо бо суоли “барои мукофотонидани ӯ чӣ иқдомҳо рӯи даст аст?” ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон муроҷиат намудем.

Сардори раёсат ба мо чунин посух дод: “Бо дастури Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо иқдомҳоро рӯйи даст дорем. Ҳамчунин, истиқболи самимии Нуралӣ дар зодгоҳаш доир гардид”. Дар маросими пешвози Нуралӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба варзишгар туҳфаи молӣ тақдим гардид.

Барои омода кардани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ маблағи кофӣ нест

Чун ба ҳамагон маълум аст, 10 соли охир ягон варзишгари дастпарвари мактабҳои варзишии Хатлон ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат намегиранд. Охирин варзишгари хатлоние, ки барандаи медали олимпӣ шудааст, муштзан Мавзуна Чориева аст, ки соли 2012 дар Лондон медали биринҷии Олимпиадаро ба даст оварда буд. Тибқи маълумоти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, имрӯз барои дарёфти роҳхат дар Бозии олимпии Париж, ки соли 2024 баргузор мегардад, муассисаҳои варзишии шаҳру навоҳии Хатлон муваззаф гардидаанд. Ҳамчунин, гуфта шуд, ки то имрӯз барои сафарбар намудани ҳамаи варзишгарони зарурӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ маблағ нарасидааст.

-Имрӯз дар вилоят мо варзишгароне дорем, ки қобилияти иштирок дар ҳама гуна мусобиқаҳоро доранд. Ҳамчунин, устодони хуби варзишӣ низ дар омӯзиши тарзу усули тамрин шогирдонро тарбия мекунанд. Вале фикр мекунам, ки сабаби асосӣ норасоии маблағ мебошад, ки барои рафъи ин мушкилӣ дар оянда тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж (2024) варзишгарони мо роҳхат мегиранд, - иброз дошт Қурбон Қурбонзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон.

Андешаи коршинос 

Мирхон Ҳусейнов, коршиноси соҳа, аз вазъи имрӯзаи варзиш нигаронӣ намуда, чунин иброз медорад: “Аз баргузории чорабиниҳои мухталифе, ки ба ҷузъ аз як-ду нафаре, ки ҳавасманд гардонида мешаванду дигар ба касе нафъ надоранд, бояд даст кашид. Маблағҳое, ки дар мусобиқаҳои хурд сарф мешаванд, ба манфиат истифода шуда, дар самти такмили ихтисоси мураббиён, сафарбар намудани варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ, таъмини шароити хуби тамрин дар толорҳои варзишӣ, омӯзонидани таҷрибаи баланди устодони варзиши хориҷӣ истифода кардан зарур аст”.

Чанд пешниҳод ё андешаи муаллиф 

Ба хотири пешрафти соҳаи варзиш чанд пешниҳод ба Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва бахшҳои варзишии шаҳру навоҳӣ дорем:

1.Барои рушду пешравии соҳаи варзиш, қабл аз ҳама, бояд ҳавасмандкунӣ бештар шавад, то ки кӯдакону наврасон низ ба ин самт бештар таваҷҷуҳ намоянд.

2.Ба воситабозӣ роҳ дода нашавад. Ҳолатҳое ҳам ба мушоҳида мерасанд, ки баъзе масъулони соҳа хешу табори худро оварда, ҷойи як нафари дигарро банд кардаанд, ки ин оқибати хуб надорад.

3.Барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш майдонча ва толорҳои варзишии истифодаашон ройгон зиёдтар карда шавад. 
Зеро баъзан ҷавононе ҳастанд, ки маҳорати хуб доранд, вале шароит барои тамрин дар толорҳои пулакӣ надоранд. Албатта, ин гуна шахсонро омода кардан лозим аст.

4.Мутахассисонро дар вазифаҳои калидӣ гузоранд, на шахсони ба истилоҳ тасодуфиро.

5.Мураббиёнро ба омӯзиши таҷрибаи мактабҳои варзишии давлатҳои дигар сафарбар созанд.

6.Дар деҳаҳои дурдаст, ки имконияти маҳдуд доранд, толорҳои варзишӣ бо ҳадди ақалли шароит сохта шавад. Барои иҷрои ин иқдом соҳибкоронро ҷалб намоянд.

7.Мусобиқаҳое, ки дар ҷамоату ноҳияҳо мегузаранд, ғолибони он ҳадди аққал бо миқдори ками маблағ сарфароз гардонида шаванд.

Дар тарбияи насли наврасу ҷавон ва бевосита ҷалб намудани онҳо ба варзиш барои ояндаи Тоҷикистони азиз самараи нек медиҳад. Барои ин ҳар яки моро мебояд дар ҳамбастагӣ бо масъулин варзишро ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ рушд дода, барои дастовардҳои баланди он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ҷасури ҚИЁМИДДИН,“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода