Тахти Сангин- ёдгоре аз аҳди бостон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 08 август, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 220
«Тахти Қубод» дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ бо номи «Тахти Сангин» низ ёд мешавад. Сабаби чунин ном гирифтани ин ёдгорӣ дар он аст, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз санг бино ёфтаанд. Бинобар ин, бостоншиносон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон (Қасри Персополис) онро «Тахти сангин» номгузорӣ намудаанд. Дар бораи «Тахти Қубод» ном гирифтани ин ёдгорӣ ривоятҳои зиёде низ мавҷуд аст.
Ривоят мекунанд, ки шоҳ Қубод (яке аз шоҳони аҳди Каёниён) як духтари ҷавону дар ҳусну малоҳат ниҳоят зебову беҳамтое дошт.
Духтари шоҳ ба бемории бедавое гирифтор мешавад. Ҳарчанд табибон кӯшишу талошҳои зиёде мекунанд, аммо барои шифо ёфтани духтари шоҳ дармоне намеёбанд. Шоҳ Қубод (Қайқубод) аз сарнавишти духтараш хеле ғамгин мегардад.
Яке аз олимони дарбор, ки фозилу доно буд ва донандаи хуби илми тиб маҳсуб меёфт, ба шоҳ маслиҳат медиҳад, ки барои табобату даво ёфтани духтараш як мазеи дорои табиати хушобу ҳаво лозим аст. Чунин мазеи дорои иқлими биҳиштосоро дар ҷойи ҳозираи Тахти Қубод дармеёбанд. Вақте ки худи Қубодшоҳ ба ин мавзеъ омада, манзараҳои зебою дилкаш, қаторкӯҳҳои баланд ва якҷояшавии якчанд дарёҳои дорои обҳои мусаффоро мебинад, хеле хурсанд мешавад. Дар соҳили дарё як қасру кушки зебою боҳашамат ва истироҳатгоҳе бунёд мекунад. Баъди гузаштани 4-5 моҳ духтари шоҳ табобат ёфта, шифои комил меёбад.
Баъдтар, дуртар аз ин мавзеъ бо фармони шоҳ Қубод дар водие шаҳре бунёд месозанд, ки шояд Қубодиёни ҳозира бошад.
Ин ривоят ба ҳақиқат наздик аст. Дар ин маврид бостоншиноси шинохтаи тоҷик, доктори илмҳои таърих Юсуфшоҳ Яъқубов менависад, ки аз рӯйи ёфтаҳои бостоншиносӣ ва ахбори хаттӣ дар Ориёнои Шарқӣ шаҳрҳоро ба ду гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст:
1. шаҳрҳои кӯҳнатарин, ки пеш аз давраи Ҳахоманишиҳо вуҷуд доштанд (Заринасп, Қубодиён, Самарқанд, Курушкат ва амсоли онҳо).
2. Шаҳрҳои дар замони истилоҳи Искандари Мақдунӣ ва баъди он бунёдгардида.
Аз ин сарчашма маълум мегардад, ки Қубодиён ҳамчун шаҳри пеш аз Ҳахоманишиё ва Искандари Мақдунӣ низ арзи вуҷуд доштааст.
Дар китоби “Таърихи Табарӣ” чунин омадааст: “Дар ҳудуди Хутал (Хатлон) шоҳ Қубод шаҳре бунёд кард, ки он Қубодобод ном дошт ”.
«Тахти Қубод» яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги халқи куҳанбунёди тоҷик буда, мутааллиқ ба асрҳои IV пеш аз мелод ва асри II-и мелодӣ мебошад.
Кофтуковҳои бостоншиносӣ дар «Тахти Қубод» ҳанӯз солҳои 60-уми қарни гузашта оғоз гардида буд. Солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта бошад, гурӯҳи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти сарварии академик Б. А. Литвинский ва олими бостоншинос И. Р Пичикян дар алоҳидагӣ дар ин мавзеъ корҳои илмӣтаҳқиқотӣ гузарониданд.
Яке аз иштирокчиёни гурӯҳи илмӣ-таҳқиқотии И. Р. Пичикян муаррихи таърихшинос Саидаброр Саидов оид ба ковишҳои бостоншиносони Тахти Қубод чунин ибрози андеша намуд: “Моҳи октябри соли 1984 ман дар ҳайати экспедитсияи илмӣ-бостоншиносии Пажӯишгоҳи таъриху бостоншиносии Академияи илмҳои ИҶШС, ки таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих Пичикян Горбенович дар ёдгории қадимаи “Тахти Сангин” ё “Тахти Қубод” ҳафриёт мегузарониданд, ҳамроҳи чор нафар донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок намудам. Дар муддати як моҳи ковишҳои бостоншиносӣ мо аз ин мавзеи бостонӣ миқдори зиёди нигораҳои нодири таърихӣ-косахонаи сари бо оби тилло зарҳаликардашудаи сарлашкар Искандари Мақдунӣ, ҳайкалчаи нуқрагини сорбоне, ки як уштурро кашолакунон бурда истодааст, ба миқдори зиёд тирҳои пайкон ва найҳо аз устухони фил сохташуда, як кӯзаи сафолини ҳаҷман бузург, сутунҳо ва зерсутунҳои зиёди бо санъати меъмории Юнони Қадим тарҳрезишударо пайдо намудем”.
Бостоншиносон танҳо дар ноҳияи Қубодиёни имрӯза панҷ шаҳри замони Ҳахоманишиёро пайдо карданд, ки онҳо дорои тамаддуни баланд буданд. Ганҷинаи бузурге, ки аз ин мавзеи таърихӣ ёфта шудааст, “Хазинаи Амударё” мебошад.
Дар Энсиклопедияи советии тоҷик (саҳифаи 624) чунин омадааст: “Хазинаи Амударё” иборат аз 1300 сикка, 176 ашёи тиллою нуқра соли 1877 аз тарафи аҳолии маҳаллӣ дар ҷойи резишгоҳи дарёи Кофарниҳон ба дарёи Ому, наздикии димнаи Тахти Сангин ёфт шудааст”.
Кашшофони “Хазинаи Амударё” тамоми ашёи хазинаро ба тоҷирони бухороӣ Возиуддин Ғуломмуҳаммад ва Шукуралӣ фурӯхтаанд. Ҳангоми ба Ҳиндустон бурдани хазина дар роҳ тоҷиронро раҳзанон ғорат карданд. Як қисми ашёи “Хазинаи Амударё” бо туфайли шуҷоати англис наҷот дода шуд. Қисми дигари онро англисе аз бозори шаҳри Равалпиндӣ (Покистон) харидорӣ намудаанд.
Баъдтар тамоми “Хазинаи Амударё” ба осорхонаи Британия (яке аз осорхонаҳои бузургтарини ҷаҳон) супорида шуд, ки то ҳол дар он ҷо маҳфуз мебошанд.
Бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” бештар аз тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, сангҳои қиматбаҳо, пайконҳои оҳанӣ, ханҷару шамшерҳои оҳанӣ ва ғилофҳои аз устухони фил сохташуда иборатанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар он давра санъати оҳангарӣ, махсусан заргарӣ ба дараҷаи баланд рушд ёфта будааст.
Дар байни бозёфтҳо фойтуни заррине пайдо шуд, ки дар он чор асп баста шудаанд. Дар болои фойтун як нафар бо кӯлоҳи миллӣ дар курсӣ нишаста, дигаре рост истода аспҳоро меронад.
Инчунин, дар миёни бозёфтҳои “Хазинаи Амударё” даҳҳо ҳайкалҳои биринҷӣ, тиллоӣ ва нуқрагии одам, бузи кӯҳӣ ва дастпонаҳо мавҷуданд. Махсусан, бозубанди тилло дар акси ду симурғи шохдор диққатҷалбкунанда аст. Бо муроҷиати собиқ раиси ноҳияи Қубодиён М. Исмоилов ва бо мусоидати сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Гремлотен ҳамаи аксҳои “Хазинаи Амударё” ба Тоҷикистон фиристода шуд.
Меҳмонону сайёҳон аз тамошои аксҳо (суратҳо)-и бозёфту нигораҳои “Хазинаи Амударё”, ки дар осорхонаи марказии ноҳияи Қубодиён маҳфузанд, як ҷаҳон ғизои маънавӣ мебардоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои кориашон ба ноҳияи Қубодиён аз ёдгории «Тахти Сангин» дидан намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки дар ояндаи наздик ин ёдгории нодири таърихӣ таъмиру тармим ва аз нав барқарор карда мешавад.
Эҳё шудани ёдгории «Тахти Сангин» ё «Тахти Қубод» боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон мегардад. Воқеан ҳам, ёдгории «Тахти Сангин» ва “Хазинаи Амударё” ганҷинаи беназиру куҳанбунёди халқи тоҷик буда, омӯзишу донистани таърихи он дар самти худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси ниёгон нақши муҳим дорад.
Шоири ширинкалом Зиё Абдулло дар “Марсияи Тахти Қубод” бисёр бамаврид овардааст:
Бар марқади таърихи худ ин бор бигирям,
Бисёр бигирям ба алам зор бигирям.
Бар оҷизии чашми ватандор бигирям,
Бар чингизии чанд ватанхор бигирям.
Аъзам БОБОЕВ, узви Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...