ДАР ЯК САТР
Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » 56 омӯзгори ҷавон аз қарзҳои боимтиёз баҳравар шуд


56 омӯзгори ҷавон аз қарзҳои боимтиёз баҳравар шуд



Хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар даври ниҳоии олимпиадаҳо то имрӯз ҳамагӣ 620 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд, ки аз инҳо 82 медали тилло, 184 медали нуқра ва 354 медали биринҷӣ мебошад. Ин нишондиҳанда назар ба соли таҳсили гузашта 195 медал зиёдтар мебошад. Дар ин бора сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода зимни нишасти матбуотиаш ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Қайд гардид, ки дар доираи Барномаи нави рушди соҳаи маориф барои то соли 2028, дар вилоят бунёди 350 муассисаи таълимӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудаанд. Ғазалшоҳ Сафарзода дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба таъмини шароити муносиби таҳсил гуфт, ки соли ҷорӣ 5 муассисаи дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо фаъолияткунанда, аз ҷумла дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ховалинг ва Панҷ пурра бароварда шуда, хонандагон акнун дар биноҳои созгори таълимӣ дарс мехонанд. Ҳамзамон дар нимаи якуми сол мушкилоти 7 муассисаи таълимӣ, ки дар се баст дарс дода мешуд, бартараф гардид.

- Дар соли 2022 сохтмон ва баистифодадиҳии 130 иншооти соҳаи маориф дар назар аст, - идома дод сардори Раёсати маорифи вилоят. - Аз ин, 58 ададаш то оғози соли нави таҳсили 2022 ба истифода дода мешавад. Дар нишасти хабарӣ зикр гардид, ки ба хотири иҷрои саривақтии дастурҳои Сарвари кишвар ба нақша гирифта шудааст, ки дар назди ҳар як муассисаи таҳсилоти умумӣ Марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шавад.

Дар давраи ҳисоботӣ 24 Маркази рушди кӯдак зиёд шуда, фарогирии кӯдакон 2925 нафар зиёд гардид. Сардори Раёсати маорифи вилоят инчунин аз як қатор ташаббусҳои нави соҳаи маорифи Хатлон, аз ҷумла қабул намудани Муроҷиатномаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф ба фаъолони вилояти Хатлон ва аксияҳои “Омӯзгорон роҳнамои зиндагии шоистаи мардум”, “Соати сиёсӣ”, “Мактаби ман”, мусобиқаи бозии волейбол миёни омӯзгорон ёдовар гардид. Давоми соли таҳсили 2021-2022 дар шаҳру навоҳии Левакант 8 нафар, Норак 3, Восеъ 10, Носири Хусрав 9, Вахш 5, Темурмалик 4, Хуросон 4, Фархор, Панҷ, Дӯстӣ, Қубодиён 3-нафарӣ ва Ёвон 1 нафар, ҷамъан 56 мутахассиси ҷавон ба миқдори 6 ҳазор сомонӣ (ба ҳар яке) аз қарзҳои имтиёзнок бархӯрдор гардида, дар ноҳияҳои Хуросон 14 нафар ва Панҷ 1 нафар омӯзгори ҷавон бо заминҳои наздиҳавлигӣ ва полезӣ таъмин карда шудаанд.

- Тамоми фаъолияти мо ба беҳсозии сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, такмили ихтисоси омӯзгорон равона хоҳад шуд, - афзуд Ғ. Сафарзода.

Қобили зикр аст, ки нишасти матбуотии ниҳоди мазкур аз лиҳози ташкили кор дар сатҳи матлуб доир гардид.

Ҳангомаи ИСМАТ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода