Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИҚДОМИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН"



Бо мақсади ташвиқи истифодаи пурсамари замин, муаррифии таҷрибаи кишоварзони пешқадам, шарҳу тавзеҳи аҳамияти захираи маводи озуқа дар ҳар як оила, идораи рӯзномаи мо иқдоми иттилоотии ҷадидро роҳандозӣ кард.

Дар шумораи махсуси рӯзнома матни Муроҷиатномаи вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят вобаста ба афзоиши истеҳсол ва захираи маҳсулоти ғизоӣ, инчунин якчанд мақолаи таҳлиливу лавҳаҳо ва гузоришҳои видеоӣ аз таҷрибаҳои пешқадам ҷой дода шуд. 
Ба ҳамаи сокинони вилояти Хатлон тавсия дода шудааст, ки ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёр доштаро самарабахш истифода намоянд ва ҷиҳати рӯёнидани се-чор ҳосил аз як замин, истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ кунанд. Ҳамзамон, кадбонуҳои пурҳунари мо метавонанд бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз маҳсулоти мевагию сабзавот консерваҳо тайёр карда, ғалладонагиҳоро захира намоянд.

Дар шароити ҳассоси имрӯза на фақат кишоварзону боғдорон, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи оқилонаи заминҳо, вусъати ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ бояд саҳмгузор бошанд. Зеро, тавре ки Сарвари мамлакат таъкид кардаанд, мо барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳамаи имкониятҳои зарурӣ – обу замин, таҷриба, деҳқонони асил ва мардуми заҳматқарин дорем.

Бо ин мақсад зиёда аз 1200 нусха шумораи вижаи рӯзномаи "Хатлон"-ро ба таври ройгон ба шаҳрвандон тақсим кардем. Рӯзнома дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла масҷидҳо, ки он ҷо сарварон оилаҳо ва одамони таъсиргузори маҳаллаву деҳаҳо ба ибодат меоянд, инчунин дар бозорҳо ва хиёбонҳо паҳн карда шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода