Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАЪТИЛ - ФУРСАТЕ БАРОИ МУТОЛИА (ҳидояти Пешвои миллат ба омӯзгорону волидон)


ТАЪТИЛ - ФУРСАТЕ БАРОИ МУТОЛИА (ҳидояти Пешвои миллат ба омӯзгорону волидон)



Баъди ба охир расидани имтиҳонҳои гузаштан аз синф ба синф марҳилаи таътили тобистона шурӯъ гардид. Шуъбаҳои маориф дар ин давра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагонро барои истироҳати ҷисмониву маънавӣ ба лагерҳо ҷалб намоянд. Дар ҳудуди вилоят барои наврасон чунин ҷойҳои истироҳатӣ хеле зиёданд. Дар назди муассисаҳои таълимӣ низ маконҳои фароғативу таълимӣ мавҷуданд, ки фарзандонро бо оғӯши боз пазиро гардида, мавсими тобистонаи онҳоро рангину шавқовар хоҳанд кард.

Маънои луғавии “таътил” мураххас шудан, яъне истироҳат кардан аст. Аммо истироҳат чист ва мо зери мафҳуми “истироҳат” чиро дар назар дорем? Ин мафҳум аз бисёр ҷиҳат ба ҷаҳонбинӣ ва сатҳи донишу заковати мо вобастагӣ дорад. Барои фарзандони мо, бовар дорам, ки зери мафҳуми “таътил” сайру саёҳат дар ҳавои тоза, бозиҳои варзишӣ, тамошои ҷойҳои таърихӣ ва албатта, хониши китобҳои бадеӣ дар назар дошта мешавад. Ёдоварӣ аз хониши китобҳои бадеӣ дар ин навишта беҳуда нест, зеро ҳеҷ истироҳат ба лаззати маънавие, ки инсон пас аз мутолиаи китоби бадеӣ дарёфт мекунад, баробар нест. Дар замоне, ки кишвари мо ба кадрҳои баландихтисос дар ҳамаи соҳаҳои фанноварӣ ниёз дорад, мутолиаи китобҳои бадеӣ аҳамияти вижа ба худ мегирад.

Ҳакиме беҳуда нафармудааст: “Дар кишваре, ки Шекспир надорад, ҷустуҷӯи Нютон кори беҳуда аст”. Ин ба он маъност, ки хониши китобҳои бадеӣ дар зеҳни хонандагон роҳро ба сӯи донистани илмҳои дигар боз мекунад, таҳкурсии аввалини илмҳои дақиқро мегузорад, завқи ихтирооти аҷибро дар ботин таҳрик мебахшад. Ба таври маҷозӣ аввалин ихтироъкорони ҳавопаймоҳо онҳое буданд, ки афсонаи “гилеми паррон”- ро бофта буданд.

“Мурғи сухангӯ” ҳамин радио ва “Ҷоми Ҷам”-и афсонавӣ “интернет” аст. Яъне, орзуву омоли инсонист, ки рафтарафта бо рушди илму фанноварӣ ба воқеият пайваст мешавад. Он чӣ овардем, як намунаи содаи замина гузоштани китобҳои бадеӣ барои илмҳои дақиқ аст ва ба он метавон асарҳои фантастикиро ҳам илова кард.

Илова бар он чӣ гуфтем, бояд донист, ки китобҳои бадеӣ омӯзгорони бемузду беминнате ҳастанд, ки инсонҳоро аз ҷиҳати ахлоқӣ тарбия мекунанд, барои шинохти мавқеи худ дар ҷомеа роҳнамо мешаванд, дар шинохти нек аз бад кумак мерасонанд, худшиносии миллиро таҳким мебахшанд ва ҳифзи арзишҳои миллиро бо беҳтарин навъ талқин менамоянд.

Бовар дорам, ки дар давраи таътили тобистона, шумо-падарону модарони азиз, дар баробари таъмини шоистаи истироҳати фарзандон, барои дастрасии онҳо ба китобҳои бадеӣ ғамхорӣ мекунед ва дар ташаккули мусбати шахсияти онҳо саҳм мегузоред.

Ғазалшоҳ Сафарзода,

сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода