Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар рӯзи Иди Қурбон ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем


Дар рӯзи Иди Қурбон ба зиёдаравӣ роҳ надиҳем


Тибқи ақоиди динӣ ва фарҳанги тамаддунофари ниёгонамон, Иди муқаддаси Қурбон фазилатҳои некро дорост. Албатта, фараҳу рӯҳияи идонаи мусулмонон дар ин рӯзҳо аз нури хайру накӯкорӣ сарчашма мегирад, ки дар ин рӯзҳо теъдоди зиёди мардум ба амалҳои хайру саховамтмандӣ иқдом гирфта, рӯҳи гузаштагони худро шод мегардонанд.

Маҳз дар арафаи иду ин рӯзҳои муқаддас имкон фароҳам мегардад, ки ҳар яки мо, хоҳ тавонмандон ва ё шахсони миёнаҳол, ба ҳадди имкониятҳои худ дилеро шод намудаву шароити зисту зиндагонии хонаводаеро беҳтар гардонида, розигии Худовандро ба даст оварем. Аслан Иди Қурбон бо ҳамин фазилатҳои хоси худ миёни мардум маҳбубият пайдо кардаву таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб намудааст. Яъне, бо василаи кумаку дастгирӣ ва муҳайё намудани шароити иҷтимоӣ ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ ва баробариву ягонагии тамоми мардум новобаста ба сатҳи зиндагиашон мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар рӯзҳои ид, риояи тартибу қоидаҳои иҷро намудани расми қурбонӣ ва иҷрои дигар урфу анъанаҳо аз ақидаву ҳадафҳои дину мазҳаби Имоми Аъзам маншаъ гирифта, риояи талаботҳои он ҳатмӣ ва зарурист. Яке аз фазилатҳои муҳими Иди Қурбон забҳи чорпо аз ҷониби шахсоне мебошад, ки ин амал баряшон воҷиб гардидааст. Қурбонӣ кардан барои мусулмонон аз давраи ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ ба мо мерос мондаву ҳамватанони мо ин амали хайрро самимонаву дар роҳи Худо иҷро менамоянд. Аз Абдулло ибни Умар ривоят аст, ки Пайғамбари Худо чун дар шаҳри Мадина иқомат мекарданд, даҳ соли пурра қурбонӣ мекарданд.

Дигар ин ки қурбонӣ метавонад аз ҳисоби гӯсфанду буз, гову шутур бошад. Шарти дигар ин аст, ки барои қурбонӣ чорпои аз лиҳози ҷисмонӣ солиму бардам бошад. Уламо афзал медонанд, ки чорпои барои қурбониро худи соҳиби қурбонӣ забҳ намояд ва барои савоби бештар гирифтан, беҳтар бувад, ки агар гӯшти моли қурбонӣ ба се қисм тақсим карда шавад. Як қисмат барои соҳибони хона, дигар барои қабули меҳмонон ва қисмати сеюм ба оилаҳои муҳтоҷу камбизоат тақсим карда шавад, беҳтар бошад. Зеро, ҳар қадаре, ки аз гӯшти чорпои қурбонишуда теъдоди бештари мардум истеъмол кунанд, савоби он ба соҳиби моли қурбонӣ бештар мерасад. Ҳамчунин, Худованд бар ивази ҳар як зарра хуну пӯсти қурбонӣ барои соҳибхайр аҷру подоши беандоза бузург ваъда намудааст.

Тибқи риояи талаботи мазҳабиамон қурбонӣ рӯзи ид баъди намози ид оғоз ёфта, давоми то се рӯз идома меёбад. Албатта, аҷру фазилатҳои қурбонӣ хеле зиёд аст, ки мо инҷо мухтасари онро баён намудем. Фазилатҳои дигари Иди Қурон ин аст, ки дар ин рӯзи хушнудиву саодат дастархони ҳама хонаводаҳо пурфайзу ғанӣ аз неъматҳои зиндагӣ буда, гувоҳӣ аз меҳру муҳаббати мардум ба ин рӯзи наку аст. Аммо тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, риояи низому интизоми баргузории идҳои мусулмонӣ афзал аст, ки мардум зиёдаравӣ накарда, рукнҳои диниву мардумии худро сарфакорона иҷро намоянд.

Чӣ тавре ки дар Қуръони Шариф омадааст: “Ҳамоно, ки Худованд дӯст намедорад исрофкунандагонро”. Аз ин рӯ, ҳар фарди мусулмонро мебояд, ки бо дарки аслии ҳикматҳои Идҳои муқаддас риояи фарҳанги сарфакорӣ ва риояи талаботҳои муқарраргардида ин маросими идонаро суннативу камсарф ҷашн бигиранд. Ҳамзамон, бояд хотиррасон намуд, ки Иди Қурбони имсола ба рӯзҳое рост омада истодааст, ки ҳарорати ҳаво ниҳоят гарм буда, натанҳо истеъмоли нодурусти ғизо боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳо мегардад, балки гаштугузори беҳуда дар айни гармои рӯз боиси беҳолӣ, ба ҳар гуна бемориҳо гирифтор шудани наврасону кӯдакон мегардад.

Бо назардошти ин паҳлуи мавзӯъ метавон аз рӯзҳои иди солҳои пешин мисол овард, ки истеъмоли нодурусти ғизо ва таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб боиси гирифтории сокинон ба бемориҳои гуногун гардида буд. Аз ин сабаб, моро лозим аст, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ҳама гуна ҳодисаҳои ногувор дар чунин рӯзҳои хурсандӣ, пеш аз ҳама, дар фикри солимии фарзандону пайвандони худ бошем.

Бо истифода аз фурсат аз ҳамаи сокинони вилояти Хатлон даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва риояи бечунучарои рукнҳои мазҳабӣ баргузор намудани Иди Қурбон саҳмгузор бошанд. Вазифаи мо - ҳар фарди мусулмон ин аст, ки бо донишу ахлоқи наку ва фарҳанги волои муошират пайи маърифатнокии ҳамдигар бошем, то бештар ба одобу фарҳанги иштирок дар рӯзҳои ид, ки муҳимтарин рукни он қироати оёту дуои нек нисбати рӯҳи гузаштагон аст, намунаи ибрат бошем. Дар ин росто фарзандонро тарғибу ташвиқ намоем, ки дар зимни ин маросим ба зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.

Дар охир, ҳамаи Шумо - ҳамватанони азизро ба фарорасии Иди Қурбон табрику шодбош гуфта, бароятон тандурустиву хонаободӣ, рӯзгори хушу осударо таманно дорем. Умедворем, ки дар рӯзи Иди Саиди Қурбон, ки ба санаи 9-уми июл рост меояд, ҳамаи мо сарҷамъона дасти дуо бардорем, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу ваҳдати миллӣ пояндаву ҷовидон бошад.

Усмоналӣ Нурзода,
муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Хатлон, сархатиби шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода