Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Омӯзгоре, ки 26 сол дар хобгоҳ зиндагӣ мекард, соҳиби хона шуд


Омӯзгоре, ки 26 сол дар хобгоҳ зиндагӣ мекард, соҳиби хона шуд



30-юми июни соли 2022 профессори кафедраи назария ва типологияи забони англисии ДДБ ба номи Носири Хусрав Табассум Тағоева, ки 26 сол дар хобгоҳи донишҷӯён зиндагӣ мекард, бо пешниҳод ва дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар кӯчаи ”Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Бохтар соҳиби манзили хизматии 3-ҳуҷрагӣ гардид.

ЁДЕ АЗ ҶАВОНӢ

Вақте ки муаллима Табассум Тағоева мактабро хатм кард, калонҳои деҳа ва дигар аъзои оилааш барои таҳсилаш дар донишгоҳ зид баромаданд. Ӯ ба фикрҳои дигарон кор надошт ва танҳо такя бар падар мекард. Падараш, бо вуҷуди он ки шахси таҳсилнокарда буду ронандагӣ мекард, барои ба донишгоҳ дохил шудани Табассум тарафдорӣ намуд. Падар бо навозишу меҳрубонӣ ба духтараш гуфт: “Ман нахондам, ту хон! Мегӯянд, ки илм одамро ба сурайё мебарад. Намехоҳам, ки дониши андӯхтаат хор гардад”. Соли 1994 Табассум ба ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуду аз рӯйи ихтисоси забони англисӣ таҳсилашро идома медод. Шабу рӯз як сухани падараш ба ёдаш мезад: “Аз хатти кашидаам набароӣ шуд. Хондан гир, ман тарафдорат”.

Ҳамин суханони падар ба ӯ неру мебахшид. Ҳушу ёдаш танҳо ба дарсу дарстайёркунӣ банд буд. Баҳудаю беҳуда ба сайру саёҳат намебаромад вақти худро ба аз худ кардани луғатҳову мутолиаи китоб мегузаронид. Ҳамин тавр забони англисиро дар кӯтоҳтарин муддат худомӯзӣ намуд.

ЗИНДАГӢ МАҶРОИ ДИГАР ГИРИФТ

Ҳарчанд падару модар розӣ набуд, ки Табассум ба кори давлатӣ дарояд, аммо ӯ боҷураътона пеши худ мақсад гузошта буд, ки дар ягон гӯшаи ватан фаъолият барад. Падар медонист, ки духтараш як гап дорад, як каф дуо дод. - Дар давраи пеш аксарияти падару модарон барои таҳсили духтаронашон муқобил мебаромаданд. Хушбахтам, ки як падари мефаҳмидагӣ дорам. Ӯ барои соҳибилм шуданам нақши бузург гузоштааст. Агар ӯ иҷозати таҳсил карданамро намедод, аз дасти ману модарам ягон кор намеомад. Аммо падари мушфиқу ғамхорам бар замми бори гарони зиндагӣ ҳамаи фарзандонро хононд. Шукр, ки ҳоло дар барам ҳастанду қуввати дилам мешаванд, - гуфт Табассум Тағоева.

26 СОЛ ЗИНДАГӢ ДАР ХОБГОҲИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

Замони ҳам таҳсил ва ҳам зиндагӣ дар хобгоҳи донишгоҳ Табассум зиндагии сахтеро паси сар мекард. Соли 1998 хобгоҳи донишгоҳ ҳолати бадро ба худ дошт. Тирезаҳои шикаставу селофанпеч дар фасли зимистон хунукиро тоб намеовард. Ошхона ва ҳаммоми куҳнае буд, ки кас тоқат намекард. Вале ӯ дигар илоҷ надошт. «Ба волидонам вазнин наафтад» гӯён ба ҳама мушкилот тоқат мекард. Ҳамин тавр, аз аввалин рӯзҳои корӣ дар факултаи забонҳои хориҷии ДДБ ба номи Носири Хусрав ба дили поку орзуҳои ширин ворид гардид. Муаллима Табассум нақл мекунад, ки бо донишҷӯён будан ҳаёт рангин мегардад. - То ба ҳол худамро бе донишҷӯён тасаввур карда наметавонам.

Ҳар вақте таътили тобистонаи донишҷӯён фаро расад, ғамгин мешавам. Аз дӯстдорӣ ба шогирдонам баъзан вақт телефон карда, аз ҳолу аҳволашон бохабар мешавам. Дар таътили тобистона тавсияҳо медиҳам, ки бекор нагарданд,- бо хушнудӣ баён дошт Т.Тағоева. Муаллима Табассум берун аз вақти корӣ, дар хобгоҳ барои духтароне, ки бо ӯ ҳамҳуҷра буданд, забони англисиро меомӯзонд. Аз ин ҷост, ки алҳол қисме аз шогирдонаш дар хориҷа таҳсил доранд. Ҳатто донишҷӯёне, ки пайваста бо ӯ дар робита буданд, имрӯз дар ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ кор мекунанд. “Аз ин дида хушбахтии дигар ҳаст”, - мегӯяд Табассум Тағоева.

МУАЛЛИМА ЧАРО ТО ҲОЛ ШАВҲАР НАКАРДААСТ?

Барои мо аҷиб буд, ки чаро муаллима Табассум, то ҳол оила барпо накардааст. Ба ин суол худи муаллима чунин ҷавоб дод: «Аз чӣ сабаб бошад, ки тамоми вуҷудамро ба илму дониш равона кардам. Ҳар гоҳе волидонам таъкид мекарданд, ки бояд ба шавҳар бароям, ман дарҳол худро аз суҳбат дур мегирифтам. Қариб ҳар рӯз дари хонаамонро хостгорон мекӯфтанд.

Ман бошам, ба онҳо ҷавоби рад медодам. Мегуфтам, ки ҳоло таҳсилро идома медиҳам. Падару модарам маро розӣ кунонда наметавонистанд. Ҳамин тавр, ман то имрӯз бе шавҳар зиндагӣ мекунам». Ӯ то ҳанӯз фикри оиласозӣ, фарзанд ва сазовори номи модар шуданро накардааст. Пайваста ба илмомӯзӣ, рушди донишҳояш андармон будааст. Соли 2019 рисолаи доктории худро бо сари баланд ҳимоя карда, ба навиштани китобҳо вақти бештари худро сарф кардааст. Ба донишҷӯён аз китобу дастурамалҳое, ки худ навиштааст, дарс медиҳад.

ТАБАССУМ: «ШУКР, ИМРӮЗ СОҲИБИ МАНЗИЛИ НАВ ШУДАМ»

Муаллима Табассум Тағоева, профессори факултаи забони англисии донишгоҳ, ки ягона профессорзан дар донишгоҳ мебошад, ба орзуи чандинсолааш расид. Бо дастгириҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар соли 2022 соҳиби хонаи замонавии хизматӣ гардид гардид. Ӯ ҷавобан ба ин таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ваъда дод, ки тамоми кӯшишу ғайрати худро дар омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ба харҷ хоҳад дод.

Фирдавс УМАРОВ, Набиҷони САИДАБРОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода