Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ба ваҳдат омада ёрони ҳамхун...


Ба ваҳдат омада ёрони ҳамхун...


Халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷасур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки бо ганҷинаи таьрих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад. Ин миллати фарҳангсолору тамаддунсоз дар давраҳои гуногун зулму ситам ва фоҷиаву даҳшатҳои аҷнабиёнро паси сар намуда, дар ҷое бо қавмҳои зиёд ҳамкорӣ кардаву бар зидди иддаи дигар муборизаи беамон бурдааст.

Ҳар фарди бедордили миллат бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корномаҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад.

Дар ҳақиқат, таърих натанҳо бозгӯйи замонҳои қадиму гузашта аст, балки барои халқҳое, ки аз он сабақ омӯхта, дарси ибрат гирифтаанд, саҳифаҳои он бо далелҳои раднопазираш ҳамчун раҳнамою нур дар шабҳои тираву тори рушду пешрафти ҷомеа ҳиссаи сазовори худро гузоштааст ва мегузорад.

Дар охири асри бист Иттиҳоди Шӯравӣ салобату сиёсати хешро аз даст дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ҳамон даври ҳассоси фурӯпошии Шӯравӣ истиқлолияти як замон аздастдодаашро аз нав эҳё кард, яъне баъди таназзули давлати бошаҳомати Сомониён, баъди 1100 сол иқболи рафта боз ба даст омад. Вале бадхоҳони ифротӣ нагузоштанд, ки чархи гардун ба суди халқу ватани мо -Тоҷикистони азиз давр гардад. Мақсаду мароми онҳо баргашт ба қафо, баргашт ба замони қадим, замони зиёнзои ҷаҳолат буд.

Хоҷагони бурунмарзӣ, ки рақиби ашаддии илму фарҳанг ва сарзамини биҳиштосои мо буданд, бо ҳазор баҳонаву найранг, монеаҳои бепоя бародарро бар муқобили бародар шӯронида, низоъ эҷод намуданд, ки он боиси хисороти моливу ҷонӣ гардида, дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагии мардум зарари ҷиддӣ ба бор овард. Чун халқи тоҷик аз азал соҳиби хираду соҳиби илму фарҳанги оламгир буд, нагузошт, ки оташи рашку пархош ҷаҳонсӯз гардад. Чуноне ки Ҳакими бузург Фирдавсии Тӯсӣ мефармояд: “Бикуш оташи хурд пеш аз газанд…”

Вакилони хирадманди ватан дар он рӯзҳои даҳшатбор пайваста бо мардум ҳамдам, ғамшарику дардшарик ва дар андешаи роҳҳои раҳоӣ аз ин буҳрони сиёсии баамаломада буданд. Талош менамуданд, ки ҳарчи зудтар оташи ҷаҳолатро бо кадом роҳе набошад хомӯш намоянд. Намояндагони мардумӣ роҳи наҷоти халқу ватанро танҳо дар ба ҳам омадани ақлҳои солим ва гузаронидани иҷлосияи навбатӣ медиданд. Вале дар маркази ҷумҳур, вилоятҳои собиқ Кӯлобу Қӯрғонтеппа гузаронидани иҷлосия ғайриимкон буд, зеро касе бехатарии вакилонро ба уҳда намегирифт ва кафолат низ дода наметавонист.

Шимоли кишвар-собиқ вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд), ғамшарику дардшарики халқу ватан, аз лиҳози осоиштагӣ муносиб ва барои гузаронидани иҷлосия мувофиқ буд.

Мақсади баргузории иҷлосия пирӯзии ақли солим, дарёфти чеҳраҳои нави сиёсӣ, кашфи сулҳу суботи сартосарии кишвар ва дигар ин масъалаи мубраму аввалиндараҷа пешорӯи вакилон меистод. Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ гурӯҳе аз оламиён бо нияти нек ва зумрае бо чашми ғараз раванди иҷлосияро назорат мекарданд ва ҳар кадоме андешаҳояшонро дар расонаҳои хабарӣ пахшу нашр менамуданд.

Намоядагони халқ аз воқеаҳои ба амаломада огоҳу бо чашми сар ҳолатҳои даҳшатафзоро дида буданд, масъулияти вакилиашон онҳоро намегузошт, ки ба одитарин хатогӣ роҳ диҳанд, зеро хурдтарин иштибоҳ метавонист боиси нофаҳмиҳои зиёд гардад. Масъулият, ки доштанд, дар ҳалли масъалаҳо фаъолона иштирок намуда, бо дилу нияти пок ҳукумати қонуниро интихоб намуданд.

Дар он иҷлосия заминаи боэътимоду устувори сулҳ гузошта шуд. Мардум барои фардои дурахшон боварӣ ҳосил карданд. Вале барои расидан ба сулҳу ваҳдати комил заҳмати зиёд лозим буд. Абрҳои тираву тор гоҳо пеши роҳи раҳнавардони ҷодаи сафоро мегирифт.

Шебу фарозҳо душворгузар буд, роҳнамо аз нахустин амалаш бо нахустин ҳарфу андарзҳояш, бо ҷасорату шуҷоаташ, бо донишу хирадаш, бо муҳаббати беандозааш ба ватан, дар дилу дидаи мардум маскан гирифта буд ва мардум бар он андеша буданд, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъулиятеро, ки бар дӯшаш гирифтааст, сарбаландона аз иҷрои он мебарояд. Чун аз тарафи меъмори сулҳ тарҳи Қасри ваҳдат рӯи кор омад ва аввалин хишти бинои мазкур аз ҷониби эшон гузошта шуд, ки ин хоҳишу мароми бевоситаи аксарияти мардуми Тоҷикистон ва қувваҳои сиёсии созандаи мамлакат барои хотима додани ҷанги дохилӣ ва ҷустуҷӯйи ҳамдигарфаҳмӣ ба ҳисоб  мерафт.

Ҷонибдорони сулҳу мусолиҳаи миллии тоҷикон, бахусус ба хотири расидан ба сулҳу ваҳдати комил Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи музокироти байни тоҷиконро пеш гирифт, ки ин музокирот бо мусоидати бевоситаи СММ ва кишварҳои хайрхоҳ доир гардида, аз 5-уми апрели соли 1994 то 27-уми июни соли1997 ҷараён дошт.

Коршиносони масоили сиёсии дунё, ҷомеашиносон, намояндагони Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид, мамлакатҳои дӯсту ҳамсоя, ки бевосита шоҳиди раванди музокироти сулҳи мо буданд, гуфтушунидҳои бомавриду самароварро бо интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонмарди бонангу номуси миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбат медоданд, ки баҳои додаи онҳо сад дар сад ҳақиқати воқеӣ дошт. Ҳар як вохӯрию дидорбиние, ки Раиси Шӯро аз самими қалб ва бо як меҳри беандозаву пок доир менамуд, писанди ҳамагон буд. Тарсу ҳарос барояш вуҷуд надошт. Аз садҳо хатарҳо гузашт, қасди ҷисму ҷонаш карданд, наҳаросида ба пеш рафт, ҷон дар каф ба назди ҳамватанон.

Ниҳоят, азизтарин, фараҳбахштарин рӯз барои халқи Тоҷикистони азиз, рӯзи таърихию тақдирсози 27-уми июни соли 1997, ки дар шаҳри Москва ҳуҷҷати сарнавиштсоз - Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд, ба имзо расид. Ин рӯйдоди фараҳафзо ҳамчун ид, ҳамчун рӯзи пирӯзии бахт ва тантанаи ҳақиқат буд. 

Имрӯз сиёсатшиносон, ҷомеашиносон, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ сулҳи тоҷиконро ҳамчун дастоварди беназири аср ҳисобида, олимону ходимони олами илми ҷаҳоншиносӣ онро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, дар минтақаҳои ноамни ҷаҳон сулҳи тоҷиконро барои ба даст овардани осоиштагӣ ва хомӯш намудани оташи ҷанг истифода мебаранд. Бузургтарин ва шоистатарин неъмати даҳр ин суботи ҷомеа ва беҳдошти инсоният мебошад.

Дар ҳолати мавҷудияти суботу беҳдошт, рушду пешрафт, дастёбӣ ба илм ва тараққиёт дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ фароҳам мегардад. Шукри Офаридгор, шукри сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ибтикору талошҳои рӯзафзунашон халқи азизи Тоҷикистон дар ҷодаи расидан ба қуллаҳои мақсуд гомҳои мубораку шоиста гузошта истодаанд.

Ба ваҳдат омада ёрони ҳамхун,
Шуд аз нав қомати хамгашта мавзун.
Ҷаҳон огаҳ зи қавму миллати мо,
Зи халқу меҳани беиллати мо.
Зиҳӣ, эй халқи бофарҳангу бедор,
Ки доноиву бономусу боор.


Амиршоҳи Хатлонӣ,
муовини раиси Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода