Аз «корсозии баноҳақ» то ҷазои фасодкорон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 947
Дар ҷаҳони имрӯза яке аз монеаҳои асосии муваффақона амалӣ гардонидани ҳуқуқу озодиҳои инсон коррупсия мебошад. Коррупсия рушди умумимиллӣ, болоравии иқтисодиёт ва некуаҳволии иҷтимоиро бозмедорад, боварии шаҳрвандонро ба давлат коста мегардонад, аз ҷавонон умед ба ояндаи некро мегирад, табақаҳои камбизоати аҳолиро аз некуаҳволие, ки ба онҳо тибқи ҳуқуқҳояшон мансуб аст, маҳрум месозад.
Пеш аз он, ки ба таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ бипардозем, мехостем чанд нуктаи мухтасарро дар бораи мафҳуми коррупсия ва таърихи пайдоиш ва шаклҳои зуҳури он зикр намоем. Дар забони тоҷикӣ аслан истилоҳи пора роиҷ аст. Аз забони арабӣ калимаи ришва ҳам ба забони тоҷикӣ дохил шуда, бинобар маъмул шудани он дар миёни фақеҳону қозиҳо доираи истеъмоли пораро танг карда буд.
Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «ришват - он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар форсии қадим онро пора гӯянд». Воқеан дар миёни мардуми тоҷик бештар истилоҳи пора, порахӯр маъмул аст. Имрӯз истилоҳи аврупоии «коррупсия» бештар маъмул аст ва дар забони тоҷикӣ ва дар қонунгузории мо низ аз тариқи забони русӣ ворид шудааст.
Дар ҷаҳони муосир дар асноди меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ мафҳумҳои гуногуни коррупсия истифода мешаванд. Дар асноди СММ мафҳуми коррупсия чунин шарҳ дода шудааст: «Коррупсия — сӯистеъмол аз ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мебошад».
Танҳо фарқият дар миқёси коррупсия дар ин ё он кишвар метавонад бошад.
Аз ин рӯ, омӯзиши таҷрибаи кишварҳое, ки дар самти мубориза бо коррупсия ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд, дорои аҳамияти зиёд аст. То имрӯз дар илм роҳу равишҳои кафолатдиҳанда, ки инсон хизматчии давлатии воқеӣ мешавад, вуҷуд надорад.
Аммо кишварҳои зиёди бо сатҳи бисёр пасти коррупсия мавҷуданд. Ба ғайр аз ин, намунаҳои таърихие ҳастанд, ки фаъолияти кишварҳо дар роҳи кам кардани коррупсия натиҷаи хуб ба бор овардаанд: Зеландияи нав, Дания, Сингапур, Гонконг, Шветсия баёнгари мавҷудияти равишҳои самараноки мубориза бо коррупсия мебошанд. Мисоли равшани самаранокии мубориза бо коррупсия метавонад Гурҷистон бошад.
Албатта, шароити ҳар як кишвар аз якдигар фарқ мекунад ва наметавон таҷрибаи як кишварро ба таври худкор дар дигар кишвар истифода намуд, вале таҷрибаи мусбати баъзе аз кишварҳо метавонад ба шароити Тоҷикистон мутобиқ ва дар амалия истифода шавад. Дар ҳама кишварҳо ба ин ё он андоза ба муқобили хатари коррупсия мубориза мекунанд ва дар баъзе аз мамалакатҳо таҷрибаи хубе ба даст омадааст. Дар Сингапур кор дар ин самт аз тағйири қонунгузорӣ оғоз гардид. Ҳанӯз соли 1960 Санади пешгирии коррупсионӣ (Prevention of Corruption Act РОСА) қабул шуда буд.
Пеш аз он мақоми махсус-Агентии мубориза бо коррупсия (АМК), ташкил гардида буд, ки директори он мустақиман ба сарвазир итоат мекард, вале то қабули РОСА кори АМК он қадар самаранок набуд. РОСА якчанд монеаи асосиро дар самти мубориза бо коррупсия аз миён бардошт.
Аввал ин ки таърифи дақиқ ва пурраи коррупсияро пешниҳод кард, ришвагирон дигар наметавонистанд, ки «мукофотпулӣ» дар шакли туҳфаҳо гирифта, дар пушти ноаниқиҳо ва духӯрагиҳои моддаҳои қонун пинҳон шаванд.
Дувум, РОСА кори АМК-ро танзим намуда, ба он мақом салоҳият ва ваколатҳои васеъ дод.
Сеюм, РОСА муҳлати аз озодӣ маҳрум карданро барои порахӯрӣ зиёд намуд. Ин дастони Агентиро ба истилоҳ озод кард - вай иҷозат гирифт, ки порагиронро дастгир намояд, дар хона ва ҷойи корашон кофтуков анҷом диҳад, ҳисобҳои бонкиашонро тафтиш кунад ва ғайра. Агентӣ дорои се шуъба буд: оперативӣ, маъмурӣ ва иттилоотӣ.
Ду шуъбаи охир ба ғайр аз дастгирии кори оперативӣ масъули «тозагӣ»-и сафҳои соҳаи хизмати давлатӣ буданд. Дар уҳдаи онҳо интихоби номзадҳо ба мансабҳои баланди давлатӣ, чорабиниҳои пешгирикунандаи амалҳои коррупсионӣ ва ҳатто ташкили тендерҳоро барои фармоишоти давлатӣ гузошта шудааст. Аз моҳи июли соли 1973 барномаи махсуси зиддикоррупсионӣ дар Вазорати молияи Сингапур ба роҳ монда шуд, ки аз ҷумла чорабиниҳои зеринро дар назар гирифта буд:
• такмили қоидаҳои муносибат бо шаҳрвандон ва ташкилот бо мақсади роҳ надодан ба кашолкорӣ;
• таъмини шаффофияти назорати хизматчиёни давлатии сатҳи поён аз тарафи хизматчиёни давлатии боло;
• ҷорӣ намудани ротатсияи хизматчиёни давлатӣ ба хотири пешгирӣ намудани робитаҳои устувори коррупсионӣ;
• гузаронидани тафтишу санҷишҳои ғайриинтизор;
• таъмини низоми сиррият ба хотири пешгирии берун баромадани иттилои муҳим, ки метавонад, бо мақсадҳои коррупсионӣ истифода шавад;
• ҷорӣ намудани қоидаҳои таҷдиди маҷмӯи чораҳои зиддикоррусионӣ ҳар як 3-5 сол.
Хизматчии давлатӣ дар Сингапур уҳдадор аст, ки ба ғайр аз декларатсияи молу мулк ва ҳар сол дар бораи қарздор набудани худ декларатсияи махсус пешниҳод намояд. Чунин ҳисобида мешавад, ки хизматчии давлатии дар қарз ғӯтида уҳдадориҳои хизматии худро ба ивази фоидаи шахсиаш иҷро нахоҳад кард. Агар дар декларатсия хизматчии давлатӣ маълумоти дурӯғ пешниҳод кунад, аз кор озод карда мешавад.
Баъдан, ба қонунгузории Сингапур чандин бор иловаю тағйирот дохил карда шуд. Масалан, соли 1989 мусодираи молу мулк дохил карда шуд. Чораҳои қатъӣ натиҷаи хуб доданд ва ҳукуматдорон ба натиҷа расиданд, ки ба марҳилаи дувуми мубориза бо коррупсия - марҳилаи «мулоим» гузаранд.
Таҷрибаи Сингапур ва баъзе дигар кишварҳо исбот мекунад, ки рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини рақобати солим, ташаккули ВАО-и мустақили сиёсию иҷтимоӣ, низоми судии мустақил, муносиб сохтани низоми андозбандӣ, сиёсати давлатии кадрҳо, халос шудан аз ноаниқиҳо ва духӯрагиҳо дар қонунгузории миллӣ, ҷалби аҳолӣ ба маъракаи мубориза бо коррупсия, ташкили мониторинги доимии коррупсия дар тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайра роҳҳое мебошанд, ки метавонанд, мубориза бо коррупсияро дар Тоҷикистон самараноктар намоянд.
Хушбахтона, дар Тоҷикистон доир ба ҳамаи ин шеваҳои мубориза корҳо идома доранд ва интизор меравад, ки самараи бештаре ба бор хоҳанд овард.
С. Давлатзод, нозири шуъбаи
муқовимат ба коррупсияи раёсати
АНДМ ва МК ҶТ дар
вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...