Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қадамҳои устувор дар таъмини амнияти озуқаворӣ


Қадамҳои устувор дар таъмини амнияти озуқаворӣ



Кишоварзони вилоят соли равон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 24 феврали соли 2022 дар машварати корӣ бо фаъолони вилоят баён доштанд, раванди рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла кишти саривақтии зироат, бунёду азнавсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминот бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва истифодаи самараноки заминро вусъат бахшанд.

Дар ин замина, олимону мутахассисони соҳа роҳҳои аз як қитъаи замин гирифтани на як-ду, балки се-чор ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарвариро ҷӯё гардида, онро дар амал ҷорӣ менамоянд.

Чунин чорабиниҳои муфид ба он овард, ки давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 3 миллиарду 164,5 миллион сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 258,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 54 фоиз ба бахши аҳолӣ ва 46 фоиз бахши ҷамъиятӣ рост меояд. Дастовардҳои ноилгардида шаҳодат медиҳанд, ки сокинони деҳот дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро оид ба масъалаи истифодаи дурусти заминҳои наздиҳавлигӣ ва захира намудани хӯроки дусола дар амал тадбиқ менамоянд.

Кишоварзони вилоят новобаста аз шакли хоҷагидорӣ дар панҷ моҳи соли равон дар майдони 314757 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳории зироатҳоро гузарониданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 229 гектар зиёд мебошад. Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ деҳқонон ба кишти зироатҳои аввалиндараҷа диққат додаанд. Бо ин мақсад 133784 гектар ғалладонагӣ кишт намуда, то имрӯз 78145 тонна ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, дарави ғалла ҳанӯз ҳам давом дорад. Ҳамин тариқ, дар ин давра 35713 тонна картошка, 314382 тонна сабзавот, 5725 тонна полезӣ, 12572 тонна мевагӣ, 32612 тонна гӯшт, 115544 тонна шир, 41491,0 ҳазор дона тухм, 2608,23 тонна асал ва 708,5 тонна моҳӣ истеҳсол карда шудааст. Ҳосили ҷамъовардаи имсолаи зироату мевагӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ нишон медиҳад, ки кишоварзони вилоят соли равон аз уҳдаи иҷрои дурнамо бо сарбаландӣ мебароянд.

Кишоварзони вилоят ба парваришу нигоҳубини зироатҳои техникӣ, аз ҷумла пахта, ки зироати асосии кишвари аграрии мо ҳисоб меёбад, бештар диққат медиҳанд ва сол аз сол кишти онро зиёд менамоянд. Соли равон дар майдони 121608 гектар пахта, 4658 гектар зағир, 932 гектар офтобпараст ва 2964 гектар дигар зироатҳои техникӣ гузарониданд. Ҳолати нашъунамои имрӯзаи пахтазор аз меҳнати диловарони саҳро дарак медиҳад.

Кишоварзон баҳри фаровонии бозори истеъмолӣ ва дастурхони пурфайзи аҳолӣ полезкориро равнақ медиҳанд. Чунончи, имсол деҳқонон дар 12472 гектар полезӣ парвариш намуда, айни замон ба ҷамъоварии он машғуланд. То имрӯз аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 252,9 сентнерӣ ҳосил ба даст омадааст, ки ин нишондиҳанда хуб арзёбӣ мешавад.

Масъалаи ташкили гармхонаҳо солҳои охир дар мадди аввали назари деҳқонон мебошад. Бо ин мақсад айни замон дар миқёси вилоят 45,5 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда фаъолият дорад, ки аз ин ҳисоб 810,7 тонна сабзавот, аз ҷумла 474,7 тонна помидор, 115,3 тонна бодиринг ва 220,7 тонна дигар сабзавотҳо ҷамъоварӣ гардидааст.

Боғу токпарварӣ низ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумат қарор дорад ва баҳри барқарор намудани боғҳои куҳна ва бунёди боғҳои нав барномаҳои самарабори рушди соҳаи боғу токпарварӣ қабул гардидааст. Дар ин асос дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1191 гектар боғу токзорҳои нав бунёд, 336 гектар боғу токзорҳо барқарор карда шудааст.

Кишоварзони вилоят дар баробари таъмин намудани бозори истеъмолӣ, ҳамчунин ба хориҷи кишвар маҳсулоти тару тоза ва хушк содирот менамоянд. Бо ин мақсад аллакай аз ҳудуди вилоят ба хориҷи кишвар 10779,7 тонна маҳсулот ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Узбекистон, Туркия, Қазоқистон, Покистон ва Беларусия содирот карда шудааст.

Чорводорӣ низ яке аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии халқи вилоят ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар давраи ҳисоботӣ дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 7892,5 тонна гӯшт, 8226,6 тонна шир, инчунин 708,5 тонна моҳӣ истеҳсол гардидааст. Қобили қайд аст, ки масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ сол аз сол васеъ мегарданд. Ҳамчунин, харгӯшпарвариву занбӯриасалпарварӣ сол аз сол равнақ меёбад. Айни замон дар вилоят 48,9 ҳазор харгӯш, 63,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш меёбанд.

Сифатнокии маҳсулот назорат мешавад

Кормандони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилоят дар давоми панҷ моҳи соли равон оид ба сифатнокии 84611 намуна санҷиш гузаронида, бо сабаби ба талаботи байторию санитарӣ ҷавобгӯ набудан 8208 дона тухм, 1931 килограмм шир ва маҳсулоти ширӣ, 6451 килограмм гӯшту маҳсулоти гӯштӣ, 677 килограмм равған, 357 килограмм моҳӣ, 245 килограмм асал, инчунин полезиву меваҷоти вайроншударо аз фурӯш боз дошта, безарар гардониданд.

Ҷангал бойигарии беҳамто

Кормандони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилоят дар давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ 347,9 гектар ҷангал бунёд намуда, 562,5 гектар ҷангалзори куҳнаро барқарор сохтанд, ки аз ин 37 гектараш боғи дарахтони мевадиҳандаанд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати вусъат додани корҳои кабудизоркунӣ дар талу теппаҳо ва ду тарафи шоҳроҳҳо аз тарафи хоҷагиҳои ҷангали вилоят 7122 бех дарахт, аз ин 3380 бех мевадиҳанда, 1700 бех ҳамешасабз ва 2042 бех сояафкану ороишӣ ва 12510 бех гулу гулбуттаҳо шинонида шуд.




Бо вуҷуди таъкидҳои пайваста ҳастанд қонуншиканҳо, ки сарвати бебаҳои табиатро ба нестӣ мебаранд. Бо мақсади пешгирӣ, ҳифз ва муҳофизати ҷангалзор кормандони хоҷагии ҷангал ҳамеша корҳои назоратиро пеш мебаранд. Ҳамин буд, ки дар ин давра 321 протокол нисбати вайронкунандаҳои қонун дар бораи муҳофизати ҷангал ба маблағи 85510,4 сомонӣ тартиб дода шуд, ки маблағи он пурра пардохт гардидааст.

Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин, ки кишоварзони вилоят дар соли санаҳои муҳими таърихӣ-30-солагии Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаъолияти босамар намуда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми босазои худро мегузоранд.

И. Ҳасанов, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода