Интихоби донишҷӯ таҳсил дар магистратура, хизмати ҳарбӣ, оиладорӣ ё муҳоҷирати меҳнатӣ?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 1 129
Дар 10 соли охир кам вохӯрдаем омӯзгоре, ронандае, кадом як шаҳрвандӣ одӣ, ё корҷӯеро, ки нав донишгоҳро хатм мекунад... аз чизе шикоят накарда бошад. Масалан, омӯзгор аз камии маош, ронанда аз гаронии нархи сӯзишворӣ, шаҳрвандон аз маблағ надоштани банкоматҳо, қиматии арзиши маводҳои хӯрока, корҷӯёни ҷавон бошанд, аз ҷойи кори мувофиқ пайдо накардан ҳарфи дил мекунанд. Ба ин хотир, мо дар арафаи хатмкунии донишҷӯён, назари онҳоро перомуни нақшаҳои оянда, алалхусус, пас аз ба итмом расонидани зинаи бакалавр ба чӣ кор машғул мешаванд, фаҳмидан хостем.
ДУХТАРОН МЕХОҲАНД ДАР ЗИНАИ МАГИСТРАТУРА ХОНАНД
Манижа Исаева, хатмкунандаи ДДБ ба номи Носири Хусрав, мехоҳад пас аз хатми донишгоҳ таҳсилашро дар зинаи магистратура идома диҳад. Ният дорад, ки оянда ба ягон давлати дунё барои такмили ихтисос ва кор равад. Назари ӯ дар бораи духтароне, ки пас аз таҳсил ба кор кардан “иҷозат” надоранд, чунин аст: “Ҳастанд нафароне, ки шароити оилавиашон хуб аст ва шояд ҳамин чиз боис мешавад, ки мардон ба ҳамсари худ иҷозаи кор намедиҳанд”.
Ба назар мерасад, ки аксарияти духтарони аз деҳа ба шаҳр барои таҳсил омада, 4-5 сол хонда, дипломи худро ба хона мебаранду онро “намак” карда мемонанд. Албатта, баъзеи онҳо соҳиби кор низ мешаванд, аммо аксарият не. Зимни пурсишу суҳбатҳо маълум гардид, ки духтарон бисёр мехоҳанд аз рӯйи касби интихобкардаашон фаъолият кунанд, аммо волидон ё ҳамсарашон барои ин монеъ мешаванд.
Манижа илова карда гуфт, ки шояд ҳамон нафароне, ки бештар дар шаҳр таҳсил мекунанд ва дар марказ ба воя мерасанд, имконияти кор карданро до- ранд.
-Агар медонистам, ки дар оянда кор намекунам, дар донишгоҳ 4 сол таҳсил намекардам. Агар шавҳари ояндаам иҷозат диҳад, ки кор кунам, бо ҷону дил фаъолият мекунам,-мегӯяд Г. Сафархон, хатмкунанда.
Бо пеш овардани чунин далел аксарияти ҳамсуҳбатони (духтарон) мо чунин ҷавоб доданд. Мутаассифона, ин чиз маъмулӣ буда, пайдо кардани ҷойи кори духтарон танҳо ба иҷозати шавҳар ё оилаи онҳо вобаста аст.
НАЗАРСАНҶӢ ЧИРО НИШОН ДОД?
Тибқи як назарсанҷии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва мустақим, аксарияти пурсидашудаҳо (писарон) пас аз хатми таҳсил мехоҳанд ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд. Ба гуфти онҳо агар шароити кор дар Тоҷикистон беҳтар гардад, дигар ба хориҷа намераванд. Аммо онҳоро муаммои пайдо накардани ҷойи кори дилхоҳ, маоши кам ва амсоли инҳо намегузорад, ки мустақилона зиндагиро пеш баранд.
Муҳтадо Гадоев, хатмкунандаи ДДБ, дар суҳбат ба рӯзномаи “Хатлон” чунин изҳори назар кард: “Дар Тоҷикистон кор кунам, мешавад, ба шарте, ки маоши корӣ 5-6 ҳазор сомонӣ бошад. Медонам, ки дар ин ҷо чунин миқдор маблағ ёфтан душвор аст, аз ин рӯ нақша гирифтам, ки аввал ба хориҷа барои коркунӣ равам. Нияти таҳсил дар магистратура доштам, вале он ҳам бо баъзе сабабҳо ба таъхир афтод”.
ҚОНУН ЧӢ МЕГӮЯД?
Коршиносон бар ин назаранд, ки чунин тасмими донишҷӯписарон дар ҳолест, ки тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ” донишҷӯёне, ки дар зинаҳои магистратура ва аспирантура таҳсил мекунанд, бояд аввал аз хизмати ҳарбӣ гузаранд. Чуноне дар моддаи 30, банди 2-и ҳамин қонун оварда шудааст: “Шаҳрвандони зерин ҳуқуқ доранд аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда шаванд: ...онҳое, ки унвони илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD) –доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ё доктори ҳабилитатро доранд”.
Барои донишҷӯён ин тағйирот ногаҳонӣ ва “гарон” афтод. Зеро донишҷӯён қаблан мехостанд, ки пас аз хатми таҳсил зинаи магистратураро хонанд. Вале бо сабабҳои дар боло зикршуда, миқдори довталабони зинаи магистратура солҳои охир коҳиш ёфта истодааст.
Хостем аз намояндагони Вазорати маориф ва илми кишвар вобаста ба шумораи донишҷӯёни зинаи магистратураро иттилоъ ба даст орем, аммо бо баҳонаҳои кори зиёд шумораи дақиқи маълумотро ба мо пешниҳод накарданд. Танҳо, дар як паёми кӯтоҳ гуфтанд, ки: “Дар соли 2021 коҳиш наёфтааст, ҳамагӣ 4-5 нафар фарқият дошту халос”.
-Ман мехостам таҳсиламро пурра ба анҷом расонам. Аммо босабаби вазъи иқтисодии оила натавонистам таҳсилро ба охир расонам. Ба ҳамин хотир, ҳоло ба Федератсияи Россия барои кор кардан омадаам. Ҳамин ки маблағи муайяне ҷамъ кунам, ба Тоҷикистон мераваму аввал таҳсили донишгоҳро дубора барқарор карда, пас аз хатми таҳсил ба хизмати ҳарбӣ меравам,- мегӯяд Нуриддин Ҷайҳунӣ, донишҷӯи ДДБ, ки алҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. Ба андешаи ӯ, яке аз омилҳое, ки донишҷӯён ва ҷавононро дилсард аз кор кардааст, ин дар як идора ё корхона фаъолият намудани узви як оила мебошад. Чуноне зикраш дар боло рафт, барои вазифагирӣ дар аксарияти ташкилоту идораҳо воситаҳо бештар фаъоланд.
Пас, метавон гуфт, ки яке аз омилҳои тарки ватан кардани донишҷӯён, ин ноумедӣ нисбати пайдо кардани ҷойи кор аст?
Ба ин масъала Низомиддин Исоев, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин изҳори назар намуд: “Мушкилоти асосӣ вазъи оилавӣ аст. Одатан, пас аз хатм, аксар донишҷӯён оиладор, ки нашуданд, мехоҳанд бо роҳи муҳоҷир шудан, нахуст манзили истиқоматӣ харидорӣ карда, кулбаи худро таъмиру таҷдид кунанд, маблағ барои оила барпо намудан, қалини келин ёбанду тӯй барпо намоянд”.
ВАҚТЕ КИ...
Вақте ки донишҷӯ дар муддати як сол ягон маротиба китобхона намеравад (мутаассифона, ин ҳолатҳо бисёр ба чашм мерасад), истифодабарии дурусти интернетро намедонад, танҳо ба хотири “ҳасту нест”-и худ ба донишгоҳ меравад, хоб ё истироҳат карданро афзалтар аз дарстайёркунӣ медонад, донишгоҳро танҳо ҷойи фирор аз хизмати ҳарбӣ медонад, оянда кӣ ва чиро бояд интизор шуд?
Аммо чанд далели дигаре вуҷуд дорад, ки тибқи он омода кардани мутахассисон ва дар соҳаҳои мухталиф ба тариқи нақшавӣ ва бар асоси талаботи бозори меҳнат ба роҳ монда нашудааст. Ҳамин аст, ки аксар донишҷӯён пас аз хатми таҳсил ҷойи кори мувофиқ пайдо намекунанд. Дар ин бора Нусратулло Назариён, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд: “Бисёре аз тахассусҳое, ки дар донишгоҳҳо дар доираи онҳо мутахассис омода мегардад, бозори меҳнати кишвар ба он тамоман эҳтиёҷ надорад”.
Ба гуфтаи ӯ, агар ҷомеа ба илмҳои муосир ва касбу тахассусҳои замонавӣ рӯ орад, то ҷое мушкилоти мазкур ҳал мегардад.
ОИЛАДОР ШУДАН ХОҲӢ ...
Бо чанд далели дигар ҷавонон мехоҳанд, ки низоми нав дар кишвар ҷорӣ карда шаваду проблемаҳо роҳи ҳалли хешро дарёбад: хизмат дар сафи Артиши миллӣ яксола шавад, ҷавононе, ки хизмати ҳарбиро адо накардаанд, аз иҷозаи хонадор шудан маҳрум карда шаванд.
-Ин пешниҳодҳо аз ҷониби масъулин қабул карда шавад, боварӣ дорам, ки проблема ҳал мешавад ва ҷавонон ҳам таҳсили худро идома медиҳанду ҳам аз қафои кори дигар мешаванд,-мегӯяд Н. Ҷайҳунӣ.
- Ҳар сол садҳо нафар донишҷӯ донишгоҳҳои моро хатм мекунанд, аммо танҳо 5-10%-и онҳо кор мекунанду халос. Яъне, маълум мешавад, ки инҷо гап дигар аст. Шояд аксарият саводи кофӣ адоранду ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ё хоҳиши кор кардан дар маоши кам надоранд,-афзуд Мирзо Даминов, хатмкунандаи ДДБ ба номи Носири Хусрав.
Мавсуф мегӯяд, ки набояд дар вазъияти ҳозира ҳар як нафари худогоҳ аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ даст кашад. Агар мо Ватанамонро ҳифз накунем, пас кӣ мекунад?
Камбахтона, донишҷӯён дар охирин фурсат умеди корёбиро аз даст медиҳанд ва дигар кор кардан намехоҳанд. Аксарияти донишҷӯён баъди соҳиби диплом шудан танҳо орзуи кор карданро мекунанд, аммо пеши роҳи онҳоро вазъи молии бузург мегирад.
АГАР БА ОМӮЗГОРОН ХОНА ДИҲАНД
Барои баргардондан ва ба кор ҷалб кардани донишҷӯён чӣ бояд кард? То кай мутахассисони дипломдор тарки Ватан мекунанд? Бо кадом роҳ метавон онҳоро баргардонд?
Ба ин суолҳо Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин ибрози андеша намуд: “Омӯзгорон ва муаллимонро ба хизмати ҳарбӣ набаранд. Озмунҳои интеллектуалӣ бояд дар ҳар як мактаб гузаронида шавад. Барои омӯзгорони касбӣ хона дода шавад. Тамоми дарсҳо дар тахтаҳои электронӣ гузаронида шавад”.
Мавсуф ба он назар аст, ки магистронро ба хизмат бурдан ҳам бад асту ҳам хуб. Бадаш ин, ки дар миёни онҳо ҷавонони донишманд ҳастанд, ки таҳсилашон баъди хизмати ҳарбӣ канда мешавад. Ҷиҳати хубаш ин аст, ки баъзе донишҷӯён зинаи магистратураро барои гурез аз хизмат мехонанд.
Ин мушкилот дар Тоҷикистон нав нест.Ҳамасола ҳазорҳо нафар донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳоро хатм мекунанд. Барои аксарият пайдо кардани ҷойи кор мушкил нест. Инҷо гап сари имтиёзҳо ва аз ҳама муҳимаш маош меравад.
Аксарият ба онанд, ки аққалан маош аз 3000 сомонӣ оғоз ёбад, омодаанд, ки бо ҳама имтиёзҳое, ки давлат ва корхонаву ташкилотҳо пешбинӣ кардааст, кор кунанд. Пас, ин гуфтаҳои мутахассисони ҷавон то кадом андоза ва кай ба амал меояд, вақт нишон медиҳад.
Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...