Проблемаи тағйирёбии иқлим
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Президент / Хабарҳо, Боздид 1 440
Проблемаи «тағйирёбии глобалии иқлим» имрӯз яке аз мушкилот ё муаммои экологии башарият маҳсуб меёбад. Тағйирёбии иқлим – ин нишондоди ивазшавии иқлими Замин куллан ва ё дар минтақаҳои алоҳидаи он мебошад, ки сол аз сол бештар мушоҳида мегардад. Сабаби тағйирёбии иқлим ин ҷараёни динамикӣ дар Замин, таъсири беруна, ба мисли ивазшавии шиддати нурафкании Офтоб ва ифлосшавии ҳавои атмосфера бо партовҳои саноатӣ ва воситаҳои нақлиёт мебошад.
Дар Тоҷикистон ҳам гармшавии иқлим яке аз проблемаҳои собиқадори экологӣ ба ҳисоб меравад. Далели тағйирёбии иқлимро дар обшавии пиряхҳои Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Мувофиқи далелҳои яхшиносон (глясиологҳо) тайи даҳсолаи охир пиряхҳои Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин манбаъҳои оби минтақаанд, қариб 30 фоизи ҳаҷми худро гум кардаанд ва ин тамоюл пайваста идома дорад. Масалан, дар ин давра пиряхи Скогач, дар нимаи дуюми садсолаи асри ХХ 98,8 млн. м3, ҳаҷми ях – 8% массаи умумиашро талаф дод.
Пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъаи хушкии Замин – дар ин давра қариб 1 километр кӯтоҳ шуда, масоҳаташ ба андозаи 11 километри мураббаъ ихтисор гаштааст ва ҳаҷман тақрибан 2 километри мукааб ях талаф ёфтааст. Обшавии осуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна низ паёмади номатлубе дар пай хоҳад дошт. Бахши асосии захираҳои оби минтақа аз кӯҳҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад ва дар сурати коҳиши оби дарёҳо ба соҳаи кишоварзӣ, бахусус арсаи кишт ва парвариши пахтаву боғҳои навбунёд, ки аз маҳсулоти асосии содиротии бисёре аз ин кишварҳост, хисороти зиёде хоҳад овард.
Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028», ки 7 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, чунин таъкид намуданд: “Обшавии захираҳои барфу пиряхҳо ва яхбандии абадӣ метавонад, таъсири пай дар пай дошта бошад ва суръати гармшавии глобалиро боз ҳам тезонад. Ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари куҳистон ва дорои захираҳои бузурги обӣ, махсусан, пиряхҳо мебошад, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд”. Ҳамзамон, дар ҷаласаи нахустини пешвоёни Эътилофи обу иқлим, ки моҳи марти соли гузашта баргузор гардид, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад.
Танҳо дар чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пирях дар Тоҷикистон аз байн рафта, ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвар ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Роҷеъ ба ин масъала Роҳбари давлат зимни суханрониашон зикр доштанд, ки агар обшавии пиряхҳо суръат гирад, Осиёи Марказӣ ба камбуди об дучор мешавад.
Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ба пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду калони Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4-уми июни соли равон дар нишасти сеюми Пешвоёни Эътилофи обу иқлим аз гармшавии иқлим ва обшавии пиряхҳо суханронӣ намуда, зикр доштанд, ки дар айни замон, ин захираҳои ҳаётан муҳим зери таъсири шадиди тағйироти иқлим қарор гирифтаанд. Ҳол он, ки Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳои саноатӣ ба шумор намеравад ва 98 фоизи неруи барқи кишвар дар неругоҳҳои барқи обӣ, манбаи барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тоза истеҳсол мешавад. Мо аз минбарҳои баланди ҳамоишҳои ҷаҳонӣ борҳо оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ва оқибатҳои ногувори ин раванд сухан гуфтаем. Ин масъала, дар ҳақиқат, хеле муҳим аст, чунки пиряхҳо сарчашмаи асосии обҳои ширин ба ҳисоб мераванд ва захираҳои онҳо зери таъсири гармшавии глобалӣ босуръат коҳиш ёфта истодаанд.
Тазаккур бояд дод, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бунёди умумиҷаҳонии экологӣ корҳои илмию тадқиқотӣ дар бораи тағйирёбии иқлим ва таҳияи нахустин гузориши миллӣ анҷом пазируфт. Инчунин, дар доираи Барномаи пилотии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон лоиҳаи «Идоракунии экологии замин ва беҳдошти воситаҳои зиндагӣ дар деҳот» бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ татбиқ шуда истодааст.
Тағйир ёфтани иқлим моро водор мекунад, ки обро захира намоем. Бо ин мақсад обанборҳои мавҷударо пур намуда, обанборҳои нав созем.
Ба сарфи беҳудаи об дар фаъолияти истеҳсолии аҳолӣ роҳ надиҳем. «Об боигарии муқаддас», «Об аст – ободонӣ ҳаст», имрӯз суханони Президентамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Об тақдири мо, об ояндаи мо»-ро илова намуда, ба он ноил гардем, ки ба маънии суханон аз кӯдаки дар кӯдакистон тарбияёбанда, то донишҷӯи мактаби олӣ ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ сарфаҳм равад ва дар ҳалли ин масъалаҳо ҳиссагузор бошад.
Ф. БОБОЕВ, «Хатлон»,
Ҷ. Бердиев , дотсенти кафедраи экологияи ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...