Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАК


ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАК




Кӯдакони хушбахти замони соҳибистиқлол!


Ҳамасола Рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост.

Дар меҳвари сиёсати Ҳукумати мамлакат ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ намудан ба кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоид барои солиму бардам ба камол расидани онҳо, соҳиби илму маърифат ва фарҳанги баланд гаштанашон яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. 

Бо мақсади ҳифз намудани кӯдакон ҳамасола Рӯзи 1 июн ҳамчун “Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон” таҷлил мегардад.

Бинобар ин бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамаи Шумо фарзандони азиз, дӯстрӯякони ниҳоят меҳрубон ва хушбахтии ҳар як хонадони Тоҷикистони азизро ба муносибати ин рӯз табрик гуфта, ба Шумо тани сиҳат ва умри дароз орзу менамоям.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо – калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ояндаи  босаодати насли навраси умедбахшу ояндасоз фармудаанд:

“Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои ватану миллат ба души онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Кӯдакону наврасон ояндасозони Ватан, посдорандаи мероси гаронбаҳои ниёгон буда, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои  давлату Ҳукумати Тоҷикистон  нисбати Шумо ниҳоят зиёд аст.

Рушди тафаккури кӯдакону наврасон, дар ниҳоди онҳо тарбия намудани шахси худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир, қобилияти шинохтани равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯза, дар маркази фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо қарор дошта, дар самти амалӣ гаштани он тадбирҳои қатъӣ андешида мешаванд.

Имрӯз эҳсос мекунем, ки ҷаҳони муосир аз мо тарбияи инсони комил, мусаллаҳ бо донишҳои навин ва ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёдро тақозо менамояд. 

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдакон, наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.

Ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, зербинои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи таълимӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта истода, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб фароҳам оварда шуда истодаанд.

Эътибори ҷиддӣ додан ба бачагони болаёқат, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи босифати онҳо низ аз масъалаҳои бағоят муҳими рӯз ба ҳисоб меравад, ки дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад.

Ба ин мақсад алҳол дар вилоят 49 адад мактабҳои намуди нав, аз ҷумла 3 Мактаби Президентӣ, 22 гимназия ва 24 литсей бо фарогирии 19 ҳазору 370 нафар кӯдакони лаёқатманд фаъолият карда истодаанд, ки аксарияти ин муассисаҳо дар таълиму тарбияи ҳаматарафаи кӯдакону наврасон нисбат ба мактабҳои анъанавӣ бартарӣ доштани худро собит кардаанд. 

Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати кишвар то ба имрӯз тадбирҳои зиёде андешида шудаанд. Ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо комиссия ва сохтор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият карда истодаанд, ки аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба соҳаи мазкур шаҳодат медиҳад.

Туфайли ғамхориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз беҳтару хубтар мегардад. 

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ силсилаи чорабиниҳо, аз қабили озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯъҳои “Пайравони Пешвои миллат”, “Онҳо барои Ватан ҷангидаанд”, “Кандакори беҳтарин”, озмунҳои “Рассоми беҳтарин”, “Ровии беҳтарин”, “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат ва китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, “Ободгари беҳтарин”, “Матолиби беҳтарин дар мавзӯи “Маърифати экологӣ” ва беҳтарин ҳикояи эҷодӣ”, “Луғатдони беҳтарин”, озмунҳои зиёди фанниву мактабӣ ва ғайра бо омодагии ҳамаҷониба ва натиҷаҳои беҳтарин гузаронида шуданд.

Умуман тибқи қарори мазкур шуруъ аз 21 апрел то 31 май дар қаламрави вилоят таҳти унвони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ, маърифатию хайриявӣ гузаронида шуданд, ки ҳаёти кӯдаконро хеле рангину шавқовар гардонданд.

Боварӣ дорам, ки фарзандони мо, насли навраси имрӯза аз ин сулҳу субот ва неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ сипосгузорӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба таҳсил ва омӯхтани илму ҳунар ва фарҳанги муосир равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушди босубот ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон нақши арзанда мегузоранд.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода