Ҷойи афсари шуҷоъ дар сафи пеш аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 525
Сироҷиддин Вайсиддинов хатмкардаи Академияи ҳарбии Тоҷикистон буда, аз соли 1997 то соли 2016 дар Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат кардааст. Ӯ муҳандис ва мутахассиси пешбарандаи ҳама гуна техникаҳои ҳарбӣ мебошад.
Дар сарҳад тӯли ин солҳо ҷиҳати дастгир намудани террористон ва аз байн бурдани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва нашъаҷаллобон мубориза бурдааст. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи ҳарбии Россия таҳсил карда, борҳо курсҳои такмили ихтисосро гузаштааст. Қобилияти баланд, муҳаббат ба касби интихобкардааш буд, ки дар як муддати кӯтоҳ то ба дараҷаи подполковники хизмати ҳарбӣ расид.
Ҳарчанд баландтарин зинаҳои донишандӯзии соҳаи ҳарбиро ба таври аъло хатм карда, ба касбаш содиқ буд, вале бо ҷурми ночизе ӯро ба муҳлати як солу шаш моҳ зиндонӣ мекунанд. Ва дар асоси аризааш баъди гузаштани ду моҳ авф мешавад ва ба озодӣ мебарояд. Акнун баъди ба озодӣ баромадан Сироҷиддин пурра ҳуқуқ дошт, ки фаъолиятро дар Қӯшунҳои сарҳадӣ идома диҳад. Вале Сироҷиддинро барои идомаи вазифа даъват накарданд. Ҳамин буд, ки падараш акаи Насриддин, як бастаи калони ҳуҷҷатҳоро барои омӯхтану андешаҳоямонро навиштан назди мо овард.
Дар бастаи варақҳои зиёд ба ҷуз қарори Суди гарнизони шаҳри Душанбе дар бораи авфи Сироҷиддин, боз як тавсифномаи вакили маҳалла буд. Дар тавсифнома гуфта мешуд, ки Сироҷиддин ҳамчун шахси босаводу фарҳангӣ ва ба атрофиён муомилаи хуб дорад, оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба ҳар як корафтода кумак мерасонад. Бо ҳуҷҷат шинос мешавам. Аксҳои медалу ифтихорнома ва дипломҳои ба муносибати ин ва ё он ҷашн, чӣ дар вақти хондан ва чӣ дар вақти хизмат мукофотонида шудааст, бозгӯи хизматҳои хуби ӯ мебошанд. Аз ҷумла 26-июли соли 2011 таҳти рақами 1092 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Марзбони шуҷои Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.
Дар рафти суҳбат падари ӯ нақл кард, ки ҳамон сол аз деҳаи Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қочоқчиёни афғон шабона зиёда аз яксаду шаст гови сокинони маҳаллиро зӯран гирифта мебаранд. Онҳо, ки мусаллаҳ буданд, мардуми беяроқ пеши роҳи онҳоро гирифта натавонистанд. Рӯзи дигар мардум назди командири қӯшунҳои сарҳадӣ, подполковник Сироҷиддин Вайсиддинов барои кумак рафтанд. Ӯ дарҳол ба қумондони Қушунҳои сарҳадии афғон занг зада, аз ин воқеа арз мекунад ва мегӯяд, ки барои баргардонидани чорвои мардум мусоидат намояд.
Вазъи имрӯзаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хеле ноором аст ва дар сарҳади давлати ҳамсоя қувваҳои бадхоҳи «ДИИШ», «Ансоруллоҳ» ва дигар гурӯҳҳои террористии сатҳи байналмилалӣ ҷамъ омадаанд. Ба андешаи мардуми наздисарҳадии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мисли подполковник Сироҷиддин Вайсиддинов командирони нотарсу шуҷоъ лозим аст, ки марзи Ватанро ҳеҷ гуна душманони нохалаф рахна накунанд.
Ғайбулло Ҳалимов, рӯзноманигор