Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Отахон Саидзода: “Саҳна бароям мактаби ҳаёт аст”


Отахон Саидзода: “Саҳна бароям мактаби ҳаёт аст”



Отахон Саидзода 8-уми январи соли 1988 дар хоҷагии Сафаралӣ Зарипов, деҳаи Чорбоғи шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Солҳои 1995-2004 дар мактаби миёна таҳсил карда, ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода супорида, соли 2009 онро хатм менамояд. Баъди хатми донишкада, дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ҳайси ҳунарпеша ва овозхон ба кор қабул мешавад. Соли 2019 директори театри мазкур таъин шуда, то имрӯз дар ин вазифа фаъолият дорад.

Дар арафаи Рӯзи ҷавонон, бо ҷавони муваффақ, ҳунарманди асил, директори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Отахон Саидзода суҳбате оростем, ки фишурдаи онро манзури хонандаи гиромӣ мегардонем.

-Чӣ сабаб шуд, ки Шумо вориди олами санъат гаштед?


-Албатта, ҳар касе ба ин ё он ҷода қадам мениҳад, касе ва ё чизе сабаб мегардад. Ман низ дар давраи талабагӣ дар тамоми ҷамъомадҳои фарҳангии муассиса иштирок мекардам ва суруд, шеър мехондаму нақш меофаридам. Аз он лаҳзаҳо меҳру завқи санъат дар дилам пайдо шуд. Баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шудам. Дар донишкада панҷ сол таҳсил карда, онро бомуваффақият хатм намудам.

-Аввалин маротиба дар кадом намоиш ҳамчун ҳунарманд иштирок кардед ва нақши Шумо дар он чӣ буд?

-Дар давраи донишҷӯӣ чорабиниҳое, ки дар донишкада баргузор мегардид, дар онҷо ман дар бисёр саҳнаҳо нақш офарида будам. 

Инчунин, дар рафти таҷрибаомӯзӣ ба Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар омадам. Дар намоишномаи “Лаку Пак” ба ҳайси ёвари коргардон будам, ҳамчунин, дар нақши шоҳзода низ нақш бозидам. Баъди хатми донишкада дар театри мазкур як намоишномаи дигар бо номи “Тавҳин” буд, ки дар он нақши пешворо бозидам. Нақши бозидаам хело хотирмон буд, зеро дар он солҳо ягона ҷавоне будам, ки ба ман нақши марказиро дода буданд.

-Мухлисон Отахон Саидзодаро ҳамчун як ҳунарманд мебинанд. Берун аз саҳна шуморо чӣ гуна қабул доранд?

-Ман як ҳунарманд ҳастам. Дар баробари ин вазифаи роҳбарии театрро ба уҳда дорам. Маҳз сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аст, ки имрӯз ман ба ин мартабаҳо расидам. Дар ин баробар, дӯстону ҳамкасбон маро эҳтиром мекунанд ва дӯст медоранд.

-Бо пешниҳоди асари “Бежан ва Манижа” дар фестивали “Парасту-2021” сазовори ҷойи дуюм гардидед. Чаро маҳз ин асарро интихоб намудед?

-Пештар ин асарро мутолиа намуда будам, бароям хело писанд омад. Вақте пешниҳод шуд, ки бояд ягон намоишномаро рӯйи саҳна орем, хостам, ки саҳнаи пешниҳоднамудаи мо бояд асари хусусияти миллидошта бошад. Мо низ ин асарро рӯйи саҳна овардем, маслиҳати устодонро гирифтем, ба саҳна тағйиру иловаҳо ворид кардем ва дар фестивали “Парасту-2021” ширкат варзидем. Тибқи хулосабарории ҳайати ҳакамон намоишномаи “Бежан ва Манижа” сазовори ҷойи дуюм гардид.

-Шумо имкон доред, ки ба пойтахт рафта фаъолияти худро идома диҳед. Чӣ сабаб гардидааст, ки маҳз шаҳри Бохтарро макони фаъолияти ҳунарии худ қарор додаед?

-Вақте донишкадаро хатм намудем, устодон ҳар яки моро бо тавсияву маслиҳат ба кор сафарбар намуданд. Хостанд, ки ман дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамчун омӯзгор монам. Аз сабабе ки волидони ман дар вилояти Хатлон буданд, хоҳиш намудам, ки маро ба Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар фиристанд, зеро таҷрибаомӯзиам дар инҷо гузашта, ба аҳли коллективи он унс гирифта будам.

-То имрӯз ба кадом мамлакатҳои хориҷа сафарҳои ҳунарӣ доштед?

-Аввалин сафари ҳунарии мо бо намоишномаи “Лаку Пак” ба Ҷумҳурии Туркманистон буд. Дар фестивале иштирок кардем ва намоишномаи худро пешкаши тамошобин намудем.

Лаҳзаи хотирмони сафари ҳунариамон дар ёдам ҳаст, ки хело хуш буд. Барои муаррифӣ ҳар як давлат, мусиқиҳои миллии худашонро монданд ва ҳунармандони ҳар як кишвар бо хурсандӣ вориди саҳна шуданд. Вақте навбати мо расид, садои най шунида шуд. Аз шунидани ин мусиқӣ чунон ба ваҷд омадем, ки ҳама бо рақсу бозӣ вориди саҳна гардидем ва ҳайати тадорукот инро хуш пазируфтанд. Баъдан, бо ҳамин намоишнома ба Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон сафари ҳунарӣ доштем.

-Саҳна бароятон чӣ дод?

-Пеш аз ҳама, саҳна бароям ном дод. Ҳамчунин, саҳна бароям одобу ахлоқ ва фарҳангу маданият дод. Барои ҳунарманд саҳна макони муаррифӣ ва омӯзиш аст. Аз ин рӯ, саҳна бароям хело азизу муқаддас ва мактаби ҳаёт аст. Имрӯз ифтихор мекунам, ки ҳунарманд ҳастам ва дар театр фаъолият дорам. Ҳеҷ гоҳ аз касби интихобнамудаам пушаймон нестам.

-Ба мухлисони хеш чӣ гуфтаниҳо доред?

-Ба тамоми мухлисони азиз гуфтанӣ ҳастам, ки театрро дӯст доранд, зеро театр оинаи зиндагӣ аст. Театр маконе ҳаст, ки инсонро ба муҳаббат, самимият, рафоқат роҳнамун месозад ва таъриху фарҳанги гузаштаро ба мо меомӯзонад.

Ҷасури ҚИЁ МИДДИН, “Хатлон”
Шаҳодат ХОЛОВА, коромӯзи “Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода