ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 757
Рӯзи 8 майи соли равон дар Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо кормандони МИҲД ноҳияи Муъминобод ва роҳбарони идораҳои самти кишоварзии вилоят дар минтақаи Кӯлоб фаъолиятдошта баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур, муовини якуми раиси вилоят Амонулло Салимзода, муовини раиси вилоят Амирхон Қурбонзода, раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва дигар масъулон иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаи иҷрои дурнамои кишти картошка дар ноҳияи Муъминобод, кишти пахта дар шаҳри Кӯлоб, идомаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва тоза кардани ҷӯйбору заҳкашҳо, селроҳҳаҳо ва идома додани ситоди ҳолатҳои фавқулода иборат буд.
Тибқи нақшаи ҷаласа раиси вилоят аз масъулони соҳаи кишоварзии ноҳияи Муъминобод оид ба иҷроиши кишти картошка пурсиш ба амал овард. Муовини раиси ноҳияи Муъминобод Хайрулло Абдуллоев оид ба масъалаи мазкур ҳисобот ироа кард.
Сипас, раиси вилоят бинобар сабаби иҷро нагардидани нақшаи кишти картошка бо муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта, ба масъулони соҳаи кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, аз раиси шаҳри Кӯлоб оид ба дурнамои кишти пахта пурсиш ба амал оварда, барои саривақт иҷро кардани нақшаи кишт дастуру супоришҳодода шуд.
Ба роҳбарони ҳарду ноҳия ва идораҳои вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб барои идома додани навбатдори шабонарӯзӣ ва тоза кардани селроҳаю ҷӯйборҳои обгузар ва тоза кардани заҳкашу заҳбурҳо дастуру супориш доданд.
Дар рафти ҷаласараиси вилоят оид ба дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷаласаи васеи ҳукумат ёдовар гардида, оид ба ғамхориҳо, кумакҳо ва дастгириҳои Сарвари давлат ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, бахусус шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Муъминобод истода гузашт. Изҳор дошт, ки ба ҳамаи ин ғамхориҳо мо бояд ҷавоб дода тавонем. Зеро ки замин моро мехӯронаду мепӯшонад. Имрӯз, барои деҳқон ҳама шароит мерасад. Тухмиҳои аълосифат ва техникаву технологияи ҳозиразамон дар тамоми ноҳияҳо таъмин ҳастанд. Танҳо хоҳишу иродаву сарҷамъии мардум ва ташкилотчигии хуби роҳбарон лозим асту халос.
http://khatlon-ruznoma.tj/