ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ФЕСТИВАЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "БАҲОРИ БОЙСУН"-И УЗБЕКИСТОН
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 919
Имрӯз дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Узбекистон нафаси хоси баҳор эҳсос мешавад.
Дар фестивали байналмилалии "Бойсун баҳори" ("Баҳори Бойсун") ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ иштирок дорад.
Дар фестивал 14 коллективи фолклории Узбекистон ва 5 коллективи этнографӣ аз мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ҳунармандони Тоҷикистон, Британияи Кабир, Франсия, Қазоқистон ва Қирғизистон ҳунарнамоӣ мекунанд.
Дар доираи фестивал инчунин баргузории мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ, бозиҳои миллӣ, маҳфилҳои ҳунарӣ, консерту сайругашти оммавӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ин фестивал хабарнигори РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" ҳам иштирок дорад ва гузориши муфассали ӯ дар сомонаи рӯзнома нашр мешавад.