Аз мактаби шуҷоату ҷавонмардии собиқадорон таҷриба мегирем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 654
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1941-1945
Ҳамдиёрони азиз!
Меҳтарони ҷангу меҳнат!
Таърихи башар ҳама воқеаҳое, ки дар олам ба вуқӯъ мепайвандад, дар саҳифаҳои худ менигорад. Ҳарчанд анҷоми воқеаҳои хунини солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз мо дур мешавад, вале қадру манзалаташ дар назди халқу таърих боз ҳам рӯшану возеҳтар мегардад, зеро дар ин набарди нангу номуси ватандорӣ фарзандони Тоҷикистони азиз дар сафи пеш ва ақибгоҳ дар баробари дигар халқҳои Шӯравӣ корнамоӣ нишон дода, алайҳи истилогарони замон бо далерию шуҷоатмандӣ ғолиб омаданд.
Соли ҷорӣ ба анҷоми набардҳои хунини ҷанги солҳои 1941-1945, ки таърихи ба шарият мислашро надида буд ва ғалабаи инсоният бар фашизми гитлерӣ 77 сол пур мешавад.
Ҷашни Ғалаба барои тамоми халқҳо, аз ҷумла халқи тоҷик санаи воқеан муҳим ва фаромӯшнашаванда мебошад. Зеро таърихи башар чунин корнамоиву ҷонбозиҳои оммавии халқҳоро, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон нишон дода буданд, ёд надорад.
Маҳз дар натиҷаи муборизаи фидокоронаву қотеонаи халқҳо оташи ҷанги даҳшатнок хомӯш ва озодии мардумони сайёра таъмин карда шуд.
Дар ин лаҳзаҳои идона 77-умин солгарди ин санаро ба ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми сарбаланду саодатманди вилояти Хатлон сидқану самимона табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо сиҳатмандӣ, рӯзгори босаодат ва зиндагии орому осударо орзумандам.
Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи дигар санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дошта, истиқболи он ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои ҷавонмардонаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ буда, аз ҷониби дигар ҳисси ифтихори миллии ҷавононро барои гиромӣ доштани арзишҳои миллии ватандорӣ ва муҳофизати марзу буми меҳан бештар менамояд.
Истиқбол аз Рӯзи Ғалаба бори дигар собит месозад, ки тақвият бахшидани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу субот ва пойдории тинҷию амонӣ дар сайёра мегардад ва рушди давлату халқҳои ҷаҳон, рӯзгори орому осудаи мардуми олам маҳз аз ҳамдилию ҳамбастагӣ буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна неруҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.
Мавриди қайд аст, ки сокинони вилоят хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд ва имрӯз ангуштшумор боқӣ мондаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ занону куҳансолон ва наврасон дар ақибгоҳ ҷиҳати таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ саҳми шоиста гузошта, барои наздик овардани ғалаба талошу кӯшишҳо кардаанд, ки ҳама заҳмату корнамоиҳои онҳо қадр карда мешаванд.
Мо имрӯз ба собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони рӯзгордида такя карда, маслиҳатҳои муфиду насиҳатҳои падарона, кору пайкор, зиндагиву мактаби мардонагӣ ва фаъолияти пурсамари онҳоро сармашқи кори худ намуда, ҳамчун фарзандони фидоии меҳан аз таҷибаи кориашон истифода мебарем ва ифтихормандем, ки ба наслҳои ҷавон дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша роҳнамои зиндагиву фаъолият мебошанд.
Аз оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ғамхорӣ дар ҳаққи маъюбон ва оилаҳои иштирокчиёни ҷанг эътибори ҷиддӣ зоҳир карда, ин иқдом то имрӯз амалӣ гардида истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба дастуру ҳидоят ва ҷиҳати амалишавии сиёсати иҷтимоии Роҳбарияти олии сиёсии кишвар тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, пайваста ин қишри ҷомеаро дастгирӣ менамояд.
Ёдовар бояд гардид, ки дар вилояти Хатлон шумораи умумии собиқадорони ҷангу меҳнат 158154 нафарро ташкил дода, аз ин теъдод собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 15 нафар, оилаҳои бесаробонмондаи онҳо 10 нафар, ақибгоҳ 66 нафар боқӣ мондаанд, ки пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватандӯсту хайрхоҳ дастгирӣ карда мешаванд.
Аз оғози соли 2022 то кунун ба ин табақа дар маҷмӯъ, ба маблағи 1 миллиону 750 ҳазор сомонӣ ёрии моддӣ ва маводҳои ғизоӣ дастрас карда шудааст.
Мо дар оянда низ ин иқдомҳои хайрхоҳонаро амалӣ намуда, баҳри таъмини зиндагии шоистаи собиқадорони ҷангу меҳнат аз тамоми имконияту шароитҳо истифода карда, баҳрашон зиндагии шоистаю арзандаро таъмин менамоем.
Бояд ёдовар гардид, ки ҷавонони имрӯза бо бардошти сабақ аз мактаби шуҷоатмандии насли калонсол бо садоқати ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар равона гардида, дар ҳимояи марзу бум худро масъул медоданд. Маҳз диловарию худшиносӣ ва дарки масъулиятшиносии ҷавонони қавииродаи кишвар аст, ки феълан сокинони мамлакат дар фазои орому осоишта умр ба сар мебаранд.
Дар ҳафтаи поси хотир ва арафаи Рӯзи Ғалаба қайд бояд дошт, ки насли имрӯз ва оянда ҳеҷ гоҳ қаҳрамониҳои ҷавонписарони тоҷикро дар сарҳад фаромӯш намекунанд, ёди он сарбозону афсарони марзбон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҷон бохтанд, то абад гиромӣ медоранд ва Тоҷикистон бо чунин фарзандони баҳодуру таҳамтани худ ҳамеша ифтихор хоҳад дошт.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони тоҷик дар ҳама маврид баҳри ҳифзи кишвар ва гиромидошти дастовардҳои истиқлолияти кишвар тамоми неру ва талоши худро равона менамоянд.
Бо истифода аз ин фурсат тамоми иштирокчиёни ҷанг, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, собиқадорон ва мардуми шарифи вилоятро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба шодбош гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатии бардавом, рӯзгори обод ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидонӣ, пешрафту шукуфоӣ таманно дорам.
Ҷашни Зафар муборак, ҳамватанони гиромӣ!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...