Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар ноҳияи Данғара


Боздид аз Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар ноҳияи Данғара



Дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти парвариш ва нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” серсоҳа буда, хоҷагидорон бо истифода аз оби фаровону замини ҳосилхез ва риояи меъёрҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.
 
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар 500 гектар гандум, 100 гектар ҷав, 150 гектар пахта, 150 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 120 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳоло маҳсулоти кишоварзӣ нашъунамои хуб дошта, аҳли заҳмат нақша доранд ҳосили фаровон рӯёнанд.

Дар 1,5 гектар сабзӣ, дар 20 гектар картошкаи навъи “Тоҷикистон”, дар 18 гектар пиёзи тухмии навъи “Субҳи Вахш” ва пиёзи навъи “пешпазак” кишт шудааст, ки рӯзҳои наздик ҳосили он ҷамъоварӣ мегардад.




Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ аз парвариши ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ шиносоӣ пайдо карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон” дар масоҳати беш аз 480 гектар боғ бунёд карда шудааст, ки аз он 230 гектар себ, 142 гектар бодом, 73 гектар олу, 15 гектар чормағз, 8 гектар ангур, 7 гектар шафтолу, 3 гектар нок ва 2 гектарро гелос ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии “Сомонҷон”-ро, ки бозгӯи ҷонибдории амиқ аз сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.




Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезии тару тоза, ғалладона ва неъматҳои табиӣ муаррифӣ карда шуд.

http://www.president.tj/node/28273

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода