Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят: «Ба рушди саноат таваҷҷуҳи бештар мебояд»


Раиси вилоят: «Ба рушди саноат таваҷҷуҳи бештар мебояд»




Имрӯз, 12 апрел, дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар давраи семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ифтитоҳи ҷаласа қайд намуданд, ки дар давраи ҳисоботӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо идораю ташкилотҳои вилоятию минтақавӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри татбиқи сиёсати хирадмандона ва амру фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 21 декабри соли 2021 ва маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли равон ироа гаштаанд, инчунин дастуру супоришҳое, ки дар мулоқоташон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят дар таърихи 24 феврали соли равон ва дар ҷараёни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят баён доштанд, равона намуда, натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро дар давраи семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст намуд.

Доир ба нишондиҳандаҳои рушди вилоят дар ин давра муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода маърӯза кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар семоҳаи якуми сол иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ҳамагӣ 101,9 фоиз, аз ҷумла нақшаи андозҳо 102 фоиз ва нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,3 фоиз таъмин карда шуд.


Ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ бақияи қарзи андозҳо 180,5 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 2,2 сомонӣ кам гардидааст.


Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз рӯйи контингенти умумӣ ба андозаи 102 фоиз ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ низ 102 фоиз таъмин гардида, ба буҷетҳои дахлдор ба ҷойи 472,8 миллион сомонӣ, 481,5 миллион сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 8,7 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.


Нақшаи андози иҷтимоии буҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ ба ҷои 100,9 миллион сомонӣ ба маблағи 102,7 миллион сомонӣ пардохт гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 1,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.


Дар давраи ҳисоботӣ, ба иттилои З. Файзуллозода, ба соҳаҳои иҷтимоӣ диққати аввалиндараҷа дода шуда, дар маҷмуъ бо ин мақсад 463,1 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаи маориф 310,3 миллион сомонӣ, тандурустӣ 126,9 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 3,7 миллион сомонӣ, фарҳанг ва варзиш 22,3 миллион сомонӣ равона карда шудааст.


Қарзи музди меҳнат ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ ҳамагӣ 1,2 миллион сомониро ташкил мекунад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,4 миллион сомонӣ ё баробари 74,9 фоиз кам карда шуд.


- Ҷиҳати рушди иқтисодиёти вилоят ба ҳолати 1 марти соли ҷорӣ бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 504,1 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ равона намуданд, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164 фоиз ё баробари 133,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад, - идома дод муовини раиси вилоят. - Аз ҷумла, қарзҳои равонашуда ба соҳаҳои кишоварзӣ 171,2 миллион сомонӣ (34%), саноат 48,7 миллион сомонӣ (9,6%), сохтмон 7,6 миллион сомонӣ (1,5%), нақлиёт 817,5 ҳазор сомонӣ (0,2%), хӯроки ҷамъиятӣ 847,7 ҳазор сомонӣ (0,2%), хизматрасонӣ 42,2 миллион (8,4%), савдои хориҷӣ 51,8 миллион (10,3%), истеъмолот 178,2 миллион (35,3%) ва дигар соҳаҳо 2,8 миллион сомониро (0,5%) дарбар мегирад.
Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ гардиши савдо ба 2 миллиарду 750,4 миллион сомонӣ баробар гардида, дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли гузашта 128 фоиз ё баробари 598,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.


Ҳамчунин, дар ин давра ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 583,3 миллион сомонӣ расида, нисбати семоҳаи аввали соли гузашта 47,8 миллион сомонӣ ё ки 8,9 фоиз зиёд аст.
Дар давраи ҳисоботӣ гардиши савдои хориҷӣ ба 101,7 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид, ки аз он содирот 45,7 миллион доллари амрикоӣ ва воридот 56 миллион доллар мебошад.


Ҳаҷми содирот дар қиёс нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9,5 миллион доллар ё баробари 26,4 фоиз афзоиш ёфт. Аз ҷумла ҳаҷми маблағи маҳсулоти аз ҳудуди вилоят содиротшуда - нахи пахта ба 20,5 миллион доллар, калобаи ресандагӣ 11,6 миллион доллар, маҳсулоти кишоварзӣ 309,4 ҳазор доллар, шираи камол 3,3 миллион доллар, ангишт 815,9 ҳазор доллар ва дигар маҳсулотҳо 538,9 ҳазор долларро ташкил дода, нисбати семоҳаи аввали соли гузашта мутаносибан нахи пахта 183,5 фоиз, калобаи ресандагӣ 108 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 107,5 фоиз, шираи камол 9,5 баробар, ангишт 4,5 баробар ва дигар маҳсулотҳо 4,8 баробар зиёд гардид.


Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳамчунин қайд шуд, ки саноатчиёни вилоят дар зарфи се моҳи якуми соли ҷорӣ ба маблағи 2 миллиарду 164 миллиону 961,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, ҳаҷми истеҳсолро нисбат ба соли 2021 ба андозаи 393,6 миллиону 605,9 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоишро 22,2%, бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 118 фоиз таъмин намуданд.


Ҳаҷми маҳсулот дар соҳаи саноати истихроҷ ба маблағи 64,8 миллион сомонӣ, саноати коркард ба маблағи 1 миллиарду 206,5 миллион сомонӣ, истеҳсол ва таъминот барқ ва газ 882 миллион сомонӣ, тақсимоти неруи барқ ва хизматрасонии об ба қадри 11,4 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиш мутаносибан дар сатҳи 159,2%, 118,8%, 132,1% ва 102,8 фоизро ташкил дод.


Ҳиссаи саноати коркард - 53,1 фоиз, саноати истихроҷи маъдан - 2 фоиз, истеҳсоли нерӯи барқ ва газ - 44,4 фоиз, тақсимоти нерӯи барқ ва хизматрасонии об - 0,6 фоизро ташкил дод.


Зиёдшавии маҳсулоти саноатӣ асосан аз ҳисоби корхонаҳои “Ҷунтай Син Силу”, “Муосир”, “Афуен”-и ноҳияи Данғара (71,7 миллион сомонӣ), “Ваҳдат текстил”, “Моҳир семент”, “Сафир”, “Мадина-1”, “Беҳамто”, “Ғаюр индустриал”-и ноҳияи Ёвон (32,6 миллион сомонӣ), “Мину-фарм”, “Наврӯз Коттон”, “Ресандаи Хатлон”, “Рушди иқтисодии Вахш”-и ноҳияи Кӯшониён (55,1 миллион сомонӣ), “Дастрас”, “Тиллои тоҷик”, “Ганҷ”-и ноҳияи Ховалинг (18,2 миллион сомонӣ), “Ганҷи Панҷ”, “Ҳамдилон”-и ноҳияи Панҷ (10,6 миллион сомонӣ), “Назир”-и ноҳияи Ш.Шоҳин (19,2 миллион сомонӣ), “Пахтаи рушди Хатлон”, “Моҳир семент”-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ (16,1 миллион сомонӣ), “Шермаҳмад”, “Лайло-П”, “Ресандаи Кӯлоб”-и шаҳри Кӯлоб (24,9 миллион сомонӣ), “Анорбой”, “Умед”-и шаҳри Бохтар (31,2 миллион сомонӣ), “Амри дил”-и ноҳияи А. Ҷомӣ (6,3 миллион сомонӣ), “Инсоф”-и ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ (5,2 миллион сомонӣ) ба назар мерасад.


Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба масъалаи рушди саноат диққати роҳбарони ниҳодҳои дахлдор ва раисони шаҳру навоҳиро ҷалб намуда, ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба ба бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ дастур доданд. “Раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкоронро зарур мебошад, ки ҳангоми бунёди корхонаҳои нав ба бозор ва фурӯши маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳамияти ҷиддӣ диҳанд”, - таъкид намуданд раиси вилоят.


Гуфта шуд, ки тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, давоми соли равон дар вилоят баистифодадиҳии 132 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ бо назардошти қариб 4 ҳазор ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.


Дар давраи ҳисоботӣ бошад, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 19 корхона ва 6 коргоҳи саноатӣ бо таъсиси 183 ҷойи корӣ, дар самти истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, нассоҷӣ ва сохтмонӣ, маҳсулоти мебелӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ инчунин қайд гардид, ки ба муносибати таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар вилоят беш аз 6 ҳазор бинову иншоот ба нақша гирифта шуда, кор дар ин самт бомаром идома дорад. Ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 140 адад бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд.


Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар 12 мактаб 78 синфхона барои 1950 ҷойи хониш, 11 адад муассисаи амбулаторӣ барои қабули 110 бемор дар як баст, инчунин 108 адад марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд.


Дар идомаи кори маҷлис гузориши муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода доир ба рафти даъвати баҳории ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд. Қайд гардид, ки дар даҳаи якуми моҳи апрел нақшаи даъвати баҳорӣ дар вилоят 40% иҷро шудааст.


Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода масъулинро барои тадбирандешӣ ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта муваззаф намуда, доир ба зарурати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замин, бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таъмини шароит барои фарогирии кӯдакони синни томактабӣ, дастгирии иҷтимоии омӯзгорону табибон, табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, пешгирӣ аз ҷинояткорӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ таъкид карданд.

Н. Маъмурзода, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода