Болоравии нархи озуқа аз уфтухези доллар аст ё моҳи рамазон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳунарҳои мардумӣ / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 1 931
Чанде пеш бо омилҳои беруна дар бозори сиёҳ қурби рубли русӣ тамоман паст шуда, қурби доллари амрикоӣ баланд гардид. Дар ин миён, то як андоза гароншавии маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар расид. Маҳсулоти озуқа дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 10-20% баланд гардид. Баъзе савдогарон иброз доштанд, ки маҳсулоти онҳо ба қурби доллар вобаста аст ва дар ҳолати баланд накардани нархи маҳсулоти хеш, ба зиёни иқтисодӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. То ба кадом андоза гуфтаи эшон ба ҳақиқат наздикӣ дорад? Оё маҳсулоте, ки дар дохили кишвар истеҳсол мекунанд, бо доллар хариду фурӯш мешавад? Доллар поён фаромад, чаро то ҳол нарху навои бозор паст намешавад?
Баҳс оид ба баланд шудани нархи маҳсулоти озуқа дар бозорҳои кишвар Аз санаи 28-уми марти соли равон пастшавии доллар бештар ба назар мерасад. Пастравии якбораи доллар аз 13,00-13,30 сомонӣ ба 12,96-12,15 сомонӣ аз он далолат медиҳад, ки муомилоти доллар дар бозори иқтисодии ҷаҳонӣ кам гардидааст. Ташвишовар ин аст, дар баробари паст шудани қурби доллар ва баланд гардидани қурби рубли русӣ, нархи озуқаворӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ҳамоно бетағйир боқӣ мондааст. Мардум дар сомонаҳои иҷтимоӣ бештар нигаронӣ мекунанд, ки сабаби дигари баланд шудани нархи маҳсулоти озуқаворӣ оғози моҳи шарифи Рамазон аст...
Фирӯз Юсуфзода, сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, чунин иброз медорад: “Имрӯз нисбати чанд рӯз пеш дар бозорҳои маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳолати нарху наво муътадил гаштааст. Нархи баъзе аз маҳсулоти хӯрока поён фаромадааст. Нархи як халта орд нисбат ба чанд рӯзи пеш 10-15 сомонӣ, бодиринг 6 сомонӣ, помидор 1 сомонӣ, сӯзишворӣ 0.5 сомонӣ паст гардидааст. Дар ҳолати поён рафтани қурби расмии доллари амрикоӣ дар бозори сиёҳ, нарху наво танзим гардида, то ба дараҷаи муайян паст хоҳад шуд. Мо ҳамарӯза дар бозорҳои марказӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ-ташвиқотӣ гузаронида истодаем”.
Муҳаммад Эргашев, мудири бахши савдо ва сармоягузории Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон, чунин ақида дорад: “Сабаби асосии болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои шаҳру навоҳӣ ва умуман ҷумҳурӣ боло рафтани қурби доллар мебошад. Дар сурати паст гардидани қурби доллар нисбат ба сомонӣ нархи маҳсулоти озуқа низ нисбати чанд рӯз пеш поён шуд. Масъалае, ки аксарият даъво мекунанд, ки қурби доллар паст шудааст, вале нархи бозор ҳоло бетағйир мондааст, метавонем далел пешниҳод кунем. Ҳоло қурби доллар то ба он дараҷае паст нашудааст, ки арзиши маҳсулоти хӯрока нисбатан паст гардад.”
То кадом андоза масъулин ҷавобҳои боварибахш гуфтанд?
Бо дарназардошти иттилои мудири бахши савдо ва сармоягузории Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон ва сардори Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар бозори “Фаровон”-и шаҳри санҷиш гузарондем. Зимни санҷиш маълум гардид, ки нархи маҳсулоти озуқа нисбатан паст нашуда, балки баланд гардидааст. Арзиши як халта орд дар бозорҳои шаҳри Бохтар дар ҳолати 315-325 сомонӣ ва нархи 1 литр равған аз 25 то 27 сомонӣ баланд гардидааст. Дар ин миён, қайд кардан бамаврид аст, ки иттилои пешниҳоднамудаи Раёсати хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нисбат ба бозори марказии шаҳри Бохтар мувофиқат накарда, балки баръакси ҳол, ариши маҳсулоти озуқа баланд мебошад.
Савдогарон чӣ мегӯянд?
Тоҷири бозори “Фаровон”, ки нахост номашро қайд кунем, иброз медорад: “Нарху навои бозор аз мо вобаста нест.
Ҳарчанд имрӯз қурби доллар паст шудааст, вале мо маҳсулотро аз нуқтаҳои фурӯши яклухт бо арзиши баланд мегирем ва барои фоида ба як килограмми он 1-2 сомонӣ монда, ба фурӯш мегузорем. Мисол, ман як халта қанди сафед, ки 20 килограмм аст, бо нархи 218 сомонӣ харидорӣ менамоям. Як килограмм маҳсулот 10 сомонию 90 дирам мешавад, ки 10 дирами он низ дар майдаи он меравад. Дар як килограмм 1 сомонӣ гузошта, бо нархи 12 сомонӣ мефурӯшам”.
Савдогарони фурӯши яклухти маҳсулот бошанд, сабабро ба дигар ҷанбаҳо нисбат медиҳанд. Қайд медоранд, ки баланд шудани нархи маҳсулот ба ширкатҳои истеҳсолӣ дахл дорад, зеро ба гуфтаи эшон маҳсулот ба онҳо қиммат дастрас мегардад. Ҳамчунин, сабаби дигари баланд будани маҳсулоти истеҳсоли хориҷаро ба Хадамоти гумрук нисбат медиҳанд, ки гӯё дар вақти воридот аз онҳо боҷи дандоншикан ситонида мешавад.
Нуктаи дигарро низ қайд кардан бамаврид аст, ки арзиши маҳсулоти аз хориҷи мамлакат воридшуда ба қурби доллар вобаста аст, вале чаро дар бозорҳо маҳсулоте, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, нархи баланд доранд? Дар ин хусус, яке аз савдогарони фурӯши яклухти маҳсулот қайд медорад, ки фирмаҳое, ки маҳсулотро истеҳсол мекунанд, даъво доранд, ки ашёи хоми лозима ва маводҳое, ки барои коркарди баъзе аз маҳсулот дар корхонаҳо истифода мешаванд, аз хориҷи кишвар бо асъори доллар харидорӣ карда мешаванд.
Зайдулло Бегов, собиқ фурӯшандаи бозори “Фаровон”, бар хилофи андешаҳои дигарон, қайд намуд, ки болоравии доллар ва бо нархи баланд харидорӣ намудани маҳсулот барои савдогарон танҳо баҳонае беш нест.
Ҳамчунин, ӯ иброз дошт, ки сабаби асосии паст нашудани нархи маҳсулоти озуқа дар бозорҳо, даромадани моҳи шарифи Рамазон мебошад. Мардум маҷбур мешаванд, ки маҳсулоти онҳоро харидорӣ намоянд.
Муҳаммад Эргашев, мудири бахши савдо ва сармоягузории Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон, иброз дошт, ки то имрӯз ягон ҳолати худсарона баланд кардани нарху наво аз ҷониби савдогарон дар бозорҳои вилоят ба назар нарасидааст ва касе ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашудааст. Ҳамчунин, ӯ тасдиқ кард, ки яке аз сабабҳои баланд шудани нархи озуқа дар бозорҳои кишвар, фарорасии моҳи шарифи Рамазон мебошад.
Ин одат “анъана” шудааст, ки ҳар сол, пеш аз оғози моҳи шарифи Рамазон дар кишвари мо нархи озуқа яку якбора баланд мегардад. Дар вақти намоз ва ё намози ҷумъа дӯкони аксарияти савдогарон бастааст. Вале вақте моҳи Рамазон оғоз мешавад, инсоф аз вуҷудашон берун мешавад.
Чӣ тадбирҳоро андешидан мумкин аст?
Дар матлаби мазкур андешаҳо перомуни баланд шудани нарху наво дар бозорҳои кишвар мухталиф мебошанд. Аз савдогарони одӣ сар карда, то кормандони андозу гумрукро «гунаҳкор» ҳисобиданд. Пешниҳоди инҷониб барои дар сатҳи муътадил танзим намудани нарху наво дар бозорҳои кишвар ҳамин аст, ки масъулин бояд ҳар як маҳсулоти воридшударо зери назорат гирифта, ба хотири дар оянда ба фурӯш мондани маҳсулоти соҳибкор, ки бо нархи арзон ворид шудааст ва баланду паст шудани қурби асъор дар он нақш мебозад, назорати ҷиддӣ баранд. Яъне назорат баранд, то маҳсулоти бо нархи арзон воридшударо дар бозорҳо бо арзиши баланд ба фурӯш набароранд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...