Шиносоии Сарвазири мамлакат бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 977
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 4-6 апрел Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, корҳои сохтмонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ, созандагию бунёдкорӣ дар иншоотҳои сохташаванда бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом дод.
Сарвазири мамлакат ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода рӯзи 5 апрел дар маросими ифтитоҳи роҳи мумфаршшуда дар деҳаи Тугараки Ҷамоати деҳоти “Тугарак”-и ноҳияи Восеъ, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши бевоситаи Пешвои миллат амалӣ карда шуд, иштирок намуданд. Ин роҳ бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Саидов Назар бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир азнавсозӣ шудааст.
Бо иштироки Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода бинои хона-музейи генерали марҳум Рустами Холалӣ, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки “Ҳулбук”, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бино дорои ду ҳуҷра буда, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва соҳибкорон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Сарвазири мамлакат зимни суҳбат бо ақрабои генерали равоншод аз қаҳрамониҳои Рустами Холалӣ ва хизмати содиқонаву сарбаландонаи ӯ дар назди Ватан-модар ба некӣ ёдовар гардиданд.
Дар доираи сафари кории худ Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо рафти кишти баҳории зироатҳо, корҳои созандагию ободонӣ ва ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Сарвазири мамлакат нахуст аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, воқеъ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти “Зарбдор” дидан намуд. Сохтмони иншоот моҳи майи соли 2021 оғоз гардида, моҳи апрели соли равон ба анҷом мерасад. Иншоот аз ду ошёна, 11 синфхона, 2 ҳуҷраи корӣ, буғхона бо назардошти технологияи ҳозиразамон, анбор барои нигоҳ доштани ангишт, ҳавзи нигоҳдории об ва зеристгоҳи мустақими барқӣ иборат буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Дар идомаи сафар Сарвазири мамлакат бо раванди кишти пунбадона дар Кооперативи тухмипарварии “Сабз-Н” шинос гашт. Заминҳои хоҷагӣ 263 гектар буда, пахта, сабзавот, ғалладона, макка барои силос ва дигар зироат кишт мешаванд.
Дар идомаи сафар, инчунин аз фермаҳои парвариши чорвои калони зотӣ, паранда ва харгӯшпарварӣ, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти «Кӯлоб» боздид намуданд. Сохтмони он аз тарафи соҳибкор Ороми Озодӣ дар 4,0 га замин аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар фермаи мазкур говҳои зотии намуди симменталӣ ва голштинӣ парвариш карда мешавад. Маълумот дода шуд, ки дар фермаи мазкур, инчунин парвариши харгӯш, индюк, мурғ, мурғобӣ ва будана ба роҳ монда шудааст. Инчунин, соҳибкор тасмим гирифтааст, ки дар доираи «Солҳои рушди саноат» дар ҳудуди заминаш сехи коркарди шир ва сехи пухтани гӯшти мурғ бо усули дудӣ (коптильная) бунёд намояд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳамроҳонаш аз рафти корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1224 хонанда, ки тибқи шартномаи тарафайн байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия бунёд мегардад, боздид намуданд.
Маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таҳсилоташ бо забони русӣ соли 2021 оғоз гардида, айни замон корҳои оҳану бетонӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд ва моҳи сентябри соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Бояд қайд намуд, ки дар иншооти мазкур айни замон 470 бинокори маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидаанд.
Сарвазири мамлакат ва раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҳамчунин аз якчанд иншооти дигари бунёдшаванда ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ дидан намуданд. Нимаи дуюми 5 апрел Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Муъминобод сафар карданд.
Дар ин ноҳия Қоҳир Расулзода бо ҷараёни кишти картошка дар мавзеи Чашмасори Ҷамоати деҳоти ба номи Шамсиддин Шоҳин шинос шуда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави Ҷамоати деҳоти “Боғгаӣ” ва бакорандозии бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Муъминобод ширкат варзиданд.
Рӯзи 6 апрел сафари кории Сарвазири мамлакат дар ноҳияи Балҷувон идома ёфт. Баъди боздид аз вазъи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳилҳои дарёи Тира ва дарёи Талхак, дар мавзеи деҳаи Боғи зоғони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”, бо иштироки меҳмонон кӯпрук бо дарозии 112 метру паҳноии 5,6 метр, ки аз тарафи соҳибкор Бобоҷонов Муҳибулло сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.
Маълумот дода шуд, ки кӯпруки мазкур иқтидори борбардории то 15 тонна вазнро дорад. Баъди ба истифода додани он рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мушкилоти сокинон дар тамоми фасли сол таъмин мегардад.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвазири мамлакат дар Ҷамоати деҳоти “Балҷувон” дар расми ифтитоҳи корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи шаҳрванд Ризоева Гулнора сохта шудааст, иштирок намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 6 апрел Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик ташриф овард. Нахуст, бо иштироки Сарвазири мамлакат меҳмонхонаи замонавӣ барои қабули сайёҳон ва дигар меҳмонон, ки аз тарафи соҳибкор Амиров Сайдалӣ дар Ҷамоати деҳоти “Кангурт” бунёд шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҳамин ҷо бо сокинони ҷамоат мулоқот ороста, аз сокинон даъват ба амал овард, ки барои ободонии ҳар як гӯшаи диёр ва истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ камари ҳиммат банданд.
Баъдан, гурӯҳи корӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи марказии ноҳия шиносоӣ пайдо карданд. Таъмиру азнавсозии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи Беморхонаи марказии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Бонки рушди Олмон оғоз гардида, айни замон корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Сарвазири мамлакат бо гурӯҳи кишоварзон суҳбати сарироҳӣ намуда, доир ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи кишоварзӣ, махсусан кишти картошка дар ноҳияҳои кӯҳистон ва рушди ин соҳаи барои аҳолӣ муҳимро қайд кард. Дар идомаи суҳбат ба масъулони соҳа доир ба истифодаи самараноки замин, ба даст овардани ҳосили баланди маҳсулоти кишоварзӣ, пешгирии саривақтӣ аз офатҳои табиӣ дастуру супоришҳои мушаххас ироа гардид.
«Хатлон»