Малах дар майдони беш аз 70 ҳазор гектар доман густурдааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 04 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 067
3 апрел дар мавзеи «Саламсой»-и Ҷамоати деҳоти “Меҳвар”-и ноҳияи Панҷ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулони ташкилоту муассисаҳои кишоварзии вилоят семинар-машварати вилоятӣ “Оид ба ташкили усулҳои мубориза бар зидди малах” баргузор гардид.
Соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятдор ва муҳими иқтисод ба ҳисоб рафта, аз пешбурди фаъолияти соҳа рушди устувори дигар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ вобастагии калон дорад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни суханронии худ зикр намуд, ки барои ҳосили соли 2022 дар майдони 308 ҳазору 71 гектар замини хоҷагиҳои кишоварзии вилоят гузаронидани кишти зироатҳои кишоварзӣ дар назар дошта шудааст, ки 83 ҳазору 340 гектари он заминҳои лалмӣ мебошад.
Тибқи маълумоти фаврӣ, то рӯзи 2 апрели соли равон дар майдони зиёда аз 179 ҳазору 992 гектар (58,4%) кишт гузаронида шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.
- Ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз касаливу ҳашароти зараррасон, аз ҷумламалах, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамасола миқдори зарурии заҳрдору ҷудо мегардад, - идома дод раиси вилоят. - Айни ҳол хуруҷи малах дар чарогоҳ ва доманакӯҳҳои 17 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мушоҳида мегардад. Тибқи гуфтаи коршиносони соҳа, дар қаламрави Тоҷикистон қариб 100 намуди малах ба қайд гирифта шудааст.
Дар семинар-машварат ҳамчунин қайд гардид, ки малахе, ки дар 15 соли охир дар қаламрави вилоят паҳн шудааст, малахи марокашӣ ном гирифта, тобистон дар чуқурии 3 то 7 см аз 1 то 3 найчатухм мегузорад, ки дар дохили ҳар кадоми он аз 18 то 42 адад тухм мавҷуд мебошад, яъне ҳар як малах соле то 105 адад тухм мегузорад.
Аз ин лиҳоз, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Корхонаи воҳиди давлатии “Мубориза бар зидди малах” солҳои 2011-2015 72,5 тонна заҳрдору, 1416 адад дорупошак, 1460 ҷуфт либосҳои муҳофизавӣ, 50 адад хайма, 44,8 тонна равғани молиданӣ, 13 адад трактор, 20 адад дорупошаки тракторӣ (ОВХ), як адад автомашинаи обкашӣ ба маблағи умумии 9 милиону 619 ҳазор сомонӣ бо мақсади мубориза бар зидди малах ҷудо гардидааст, ки то ба имрӯз трактору дорупошакҳо ҷиҳати мубориза бар зидди малах мусоидат мекунанд.
Соли гузашта бо мақсади муташаккилона мубориза бурдан бар зидди малах ситоди вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият намуда, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ майдони паҳнгаштаи малахи марокашӣ 72,3 ҳазор гектар муайян ва пурра коркард карда шуд.
Бо вуҷуди ин, макони афзоиши малахи марокашӣ дар ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Ҳамадонӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Данғара, Фархор, Темурмалик, Дӯстӣ, Вахш, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Ёвон ва Восеъ боқӣ монда, майдони паҳнгаштаи онҳо низ беш аз 70 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Ба қавли мутахассисон, айни ҳол хуруҷи малахи марокашӣ нисбат ба солҳои пешин зиёдтар гардида, мубориза бар зидди он тибқи талабот бояд ба роҳ монда шавад.
Мувофиқи маълумоти филиали муассисаи давлатии “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”, ба ҳолати 31 марти соли равон аз нақшаи мушоҳидаи баҳорӣ майдони 69,4 ҳазор гектар дар амал 16210 гектар муайян гардида, аз аввали мавсим 3022 гектар коркард карда шудааст.
Вобаста ба ин 839 литр заҳрдоруи карате, 436 литр фастак, 900 литр сӯзишворӣ, аз ҷумла 340 литр бензин ва 560 литр сӯзишвории дизелӣ мавҷуд буда, айни ҳол 1 адад трактор, 224 адад дорупошакҳои дастӣ ва 354 нафар қувваи корӣ сафарбар гардидааст, ки ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуда, хеле кам аст.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода масъулони соҳаи кишоварзиро муваззаф карданд, ки истифодаи самарабахши заҳрдоруҳоро зери назорати қатъӣ гирифта, муборизаро бар зидди малах муташаккилона пеш баранд ва бо меъёри ками заҳрдору коркарди кимиёвии майдони паҳнгаштаи малахро ба роҳ монанд.
Н. Маъмурзода ,
“Хатлон”