Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раванди татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид


Раванди татбиқи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ гардид



Таъмин намудани мутахассисони ҷавони омӯзгору табиб бо кори доимӣ, сари вақт пардохт намудани музди маош, сохтани биноҳои баландошёнаи на кам аз панҷқабата дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои дӯзандагӣ, таъмир намудани роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 29 март зимни баргузории иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум иҷрои онҳоро ба масъулин супориш дод.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода пас аз оғози кори иҷлосия суханро ба раиси Комиссияи вилоятии интихоботӣ Қурбон Қурбонзода дод. Мавсуф ёдовар шуд, ки 20 феврали соли ҷорӣ дар ҳавзаҳои интихоботии Левакант - №11, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ -№49, Фархор - №58 ва Шамсиддин Шоҳин - №69 интихобот ба ивази вакилони хориҷшуда гузаронида шуда буд. Аз рӯи иттилои раиси Комиссияи вилоятии интихобот Давлатова Бибимаҳбуба, аз ҳавзаи интихоботии Левакант №11, Сайдализода Ҷӯрахон Қурбон, аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ №49, Назирӣ Зариф Вализода, аз ҳавзаи интихоботии Фархор №58 ва Гулзода Зафар Шамсиддин, аз ҳавзаи интихоботии Шамсиддин Шоҳин №69 бо гирифтани овозҳои бештар акил интихоб гардиданд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят онҳоро барои интихоб шудан ба ин масъулияти баланд табрику таҳният гуфта, ба онҳо шаҳодатнома ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлонро супурд.

Аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 - 2025» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят маърӯза намуда, иброз дошт, ки дар вилоят 368 лоиҳа ба маблағи зиёда аз 8 миллиард сомонӣ марҳила ба марҳила бояд амалӣ гарданд. Айни замон татбиқи 62 лоиҳа бо азхудкунии 15,6 фоизи маблағҳо ҷараён дорад. 

Дар иҷлосия раисони баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба корҳои анҷомёфта дар самти ободонӣ ва бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, боз ҳам беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ дохил кардани заминҳои бекорхобида, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ва таъмини ҳарчӣ бештари бекорон бо ҷойи кор гузориш доданд.

Раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуалим Исмоилзода доир ба корҳои дар якчанд ноҳияи вилоят анҷомёфта ҳисобот дод. Ӯ гуфт, ки дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо камбудиҳои ҳалталаб ҷой доранд ва зарур аст, ки барои ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳо андешида шаванд. 

Аз ҷумла, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, бақайдгирии маъракаҳои дафну азодорӣ, муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва риояи тарзи дурусти ҳаёти солим корҳо беҳбудӣ мехоҳанд. 

Дар иҷлосия зикр шуд, ки дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 24 феврал зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон ироа шуда буданд, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона гардидаанд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз вазъи иқтисодӣ ва авзои сиёсии ҷаҳон ёдовар шуда, дастур дод, ки оид ба захираи ғалладонагиҳо, вусъат бахшидани кишти такрорӣ дар заминҳои президентӣ, назди ташкилоту муассисаҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ, байни қаторҳои боғҳо, кишти пахта ва аз як замин гирифтани се-чор ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳо ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо зироату сабзавоти барвақтӣ, назорати баландшавии нархи маҳсулот дар бозор, инчунин наслгирии чорвои шохдори калон, пешгирӣ намудани хавфи офатҳои табиӣ, пешгирии паҳншавии малах ва истифодаи дурусти насосҳои обкаш тадбирҳои зарурӣ андешанд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода