Ҷоми рӯзномаи “Хатлон” соҳибашро ёфт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 761
![]()
31 март, дар шаҳри Бохтар мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба футболи хурд миёни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон 2009-2010 бахшида ба хотираи Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ризоматов ба анҷом расид.
Мусобиқаи мазкур бо сарпарастии рӯзномаи “Хатлон” ва ибтикори Федератсияи футболи вилояти Хатлон аз рӯзи 24 то 31 март идома карда, дар он 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар се зергурӯҳ миёни ҳам рақобат карданд.
![]()
Дар натиҷа дастаҳои футболи “Ҷавонон-1”-и шаҳри Бохтар, “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва “Хатлон-2”-и маркази вилоят се ҷойи аввалро аз худ намуданд (Гузориши муфассал аз ҷараёни мусобиқа дар шумораи навбатӣ нашр мешавад).
www. khatlon-ruznoma.tj