Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » “Бухорои шариф” сароғози рисолати журналистӣ


“Бухорои шариф” сароғози рисолати журналистӣ



Ҳар сол 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷикро таҷлил мекунем. Таъсиси аввалин нашрияи тоҷик “Бухорои шариф” ва иқдоми зиёиёни равшанфикру миллатдӯст Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷро арҷ мегузорему рушди имрӯзаи матбуотамонро ба ин санаи муҳими таърихию фарҳангӣ иртибот медиҳем.

Рӯзномаи “Бухорои шариф”-ро сароғози журналистикаи тоҷик, муаррифкунандаи забони тоҷикӣ ва неруи таҳрикдиҳандаи таҳаввулоти фарҳангиву сиёсӣ унвон мекунанд. Маҳз дар давраи ташаккули матбуоти тоҷики Бухоро интишор шудани ин рӯзнома нишонаи бедории миллӣ ва талоши зиёиёнро барои мақоми тоҷикон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангии Осиёи Марказӣ ифода менамуд. Рисолати журналистии пешниҳоди иттилооти воқеъбинонаи иҷтимоӣ 110 сол қабл асос гузошта шуд. Имрӯз, ки мо фазои иттилоотиро бе рӯзномаву маҷалла, радиову телевизион тасаввур карда наметавонем, онро муқаррарӣ меҳисобем. Ҳол он ки барои ташкили як ҷарида чӣ заҳмату ҷоннисорӣ ва муҳаббату садоқат ба миллату Ватани худ доштани фарзандони некбину маорифпарвар лозим шудааст.

Ҳар сол 11-уми март мо номҳои Мирзо Муҳиддин, Мирзо Сироҷ, Мирзоҷалол Юсуфзода, Ҳайдархӯҷа Мирбадалов, Қ. Левинро ёдовар мешавем. Дар бораи таърихи “Бухорои шариф” садҳо мақолаҳо навишта шудаанд, олимони соҳаи журналистика Пайванди Гулмуродзода, Олимҷон Салимзода, Қироншоҳ Шарифзода, Абдухолиқи Набавӣ, Наҷмиддини Ковиёнӣ муҳтавои маводи нашрияро ба риштаи таҳқиқ кашиданд. Ҳоло ҳам омӯзиши вижагиҳои рӯзнома идома дорад. Ин аз рӯйи адолат аст, чунки ибтидои фаъолияти журналистӣ ва публисистии тоҷик ба таҳқиқ ва пайравӣ меарзад.

Дуруст аст, ки вазифаи журналистон бо назардошти талаботи ҷомеа ва рушди давлат тағйир меёбад, аммо он рисолате, ки муассисону мухбирони “Бухорои шариф” дар назди миллат доштанд, аз насл ба насли рӯзноманигорон вогузор шудааст. Мисли онҳо дарди ҷомеаро гуфтан, барои беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намудан, яъне танвири афкор кардан идома дорад.

Журналисти имрӯзаи тоҷик аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ифтихор дорад, дастовардҳои онро муаррифӣ мекунад, ғояи созандагию бунёкориро тарғиб менамояд. Ҳоло садҳо рӯзномаву маҷалла, радиову телевизионҳои давлативу мустақил таъсис ёфтаанд. Ҳатто корхона ва муассисаҳо нашрияҳои соҳавии худро доранд. Журналистикаи муосири тоҷик василаҳои паҳн кардани иттилоотро такмил додаву чандрасонаӣ рушд карда истодааст. Аксари ВАО-и тоҷик ба ғайр аз сомонаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд.

Дар Тоҷикистон мактабҳои журналистӣ амал мекунанд, дар донишгоҳҳо садҳо мутахассисони соҳаи ВАО омода карда мешаванд.

Журналистони тоҷик Иттифоқи журналистон, Шӯрои ВАО ва ташкилотҳои журналистӣ доранд, ки ба такмили маҳорати журналистӣ, созмон додани озмунҳои эҷодӣ машғуланд. Имрӯзи фазои иттилоотии Тоҷикистон аз “Бухорои шариф” маншаъ гирифтааст. Аз шарофати маҳз ин рӯзнома, ба қавли устод Садриддин Айнӣ соҳиби “забони миллат”, оинаи воқеият гаштаем. Месазад, ки хотири рӯзноманигорони аввалини тоҷикро пос дорем ва барои иқдоми беназирашон сипосгузор бошем.

Д. Маҳкамова,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода