Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Иштироки раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Кӯшониён


Иштироки раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Кӯшониён



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Хакимзода баҳри шиносоӣ аз рафти иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти истифодаи самараноки обу замин, маъраки ниҳолшинонӣ, кору фаъолияти боғдорон, вазъи гармхонаҳо ба ноҳияи Кӯшониён сафари корӣ анҷом дод.
 
Нахуст, раиси вилоят Қурбон Хакимзода аз хоҷагии деҳқонии боғпарварии “Иброҳим” дидан карда, бо боғдорон оид ба самаранок истифода бурдани замин суҳбати самимӣ намуданд. Хоҷагидорон ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки онҳо дар  майдони 1 гектару 10 сотих боғи мевадиҳандаи себ, олу бодому гелосро парвариш кардаанд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд. Ҳамзамон, онҳо ба нарм кардану тоза намудани ниҳолон машғуланд, ки ин ба фаровонҳосилии меваҳо мусоидат мекунад.
Раиси вилоят ба боғдорон дар самти иҷрои саривақтии корҳои боғдори, тозакардани ниҳолон, истифодаи агротехникаи парвариши ниҳолҳои мевадиҳанда ва зиёд кардани майдони боғҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд. 

Мавриди зикр аст, ки майдони умумии боғҳо дар ноҳияи Кӯшониён 1 ҳазору 246 гектаро ташкил медиҳад, ки соли сипаригардида, ба андозаи 6 ҳазору 456 тонна меваи хушсифат истеҳсол кардаанд, ки ин нишондиҳанда 108 фисади нақшаро ташкил медиҳад.
 
Сипас, раиси вилоят дар ҳашари ниҳолшинонӣ ширкат карда, аввалин ниҳолро шинонида, ба хоҷагидорон баҳри нигоҳубини саривақтӣ ва хушк нагардидани ниҳолони ҳамешасабз маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамзамон, меҳмонон аз фаъолияти кооперативи истеҳсолии Беҳбудӣ дидан карданд. Ин навбат кишоварзони ноҳия ва хоҷагии кооперативии истеҳсолии Беҳбудӣ  ба ҳашар баромада, қад-қади роҳи ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш зиёда аз 200 бех ниҳолони ороишии сӯзанбаргу арча шинониданд.

Дар идомаи сафари корӣ, раиси вилояти Хатлон Курбон Хакимзода аз вазъи гармхонаҳо, ки дар онҳо картошкаи барвақтӣ ва меваҳои ситрусиро парвариш карда мешаванд, дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ин гармхона картошка нашъунамои хуб дорад ва моҳои март ҳосили он ҷамъоварӣ карда мешавад. Раиси вилоят бори дигар ба рохбарияти хоҷагӣ дар самти парвариши лиму, картошкаи барвақтӣ, истифодаи дурустӣ гармхонахо, гирифтани 3-4 хосил, парвариши зироатҳои ба бозор ҷавобгӯ, риояи агротехникии коркарди замин дастуру супоришхои мушахас доданд. 

Фаромӯз Бобоев, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода