Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Раиси вилоят ба аёдати собиқадори соҳаи кишоварзӣ рафт


Раиси вилоят ба аёдати собиқадори соҳаи кишоварзӣ рафт



Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода  ба аёдати як нафар собиқадори меҳнат Файзиддин  Раҳматов ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва зисту зиндагии ин марди наҷибу кордон ошно гардиданд.
 
Файзиддин Раҳматов истиқоматкунандаи деҳаи Меҳнатобод буда, солиёни зиёд дар рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ заҳмат кашидааст. Ӯ умри бобаракати худро сарфи пешаи деҳқонӣ карда, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст, ки имрӯз онҳо дар рушди соҳаи кишварзӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. 

Бо иштироки меҳмонон китоби тозанашри ин собиқадори меҳнат, ки бо номи  «Замин зар, деҳқон заргар», ки бахшида ба 30-солагиии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисон рӯи чоп омадааст, муаррифӣ карда шуд. Муаллиф  китоби мазкуррро ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода туҳфа намуда, зикр дошт, ки дар ҳақиқат зироаткорӣ самти муҳимтарини соҳаи кишоварзи буда, дар сурати истифодаи дурусти технологияи парвариш, таҷрибаи пешқадам ва дигар захираву имкониятҳо метавон ҳосили баланду аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба даст овард. 

Дар идома, раиси вилоят бо муаллиф ва олимони соҳа ҳамсуҳбат гардида, меҳнату заҳмати онҳоро дар пешравии соҳа нек арзёбӣ дошта, ба собиқадори меҳнат Файзиддин  Раҳматов туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Дар охир китоби  «Замин зар, деҳқон заргар» ба олимону коршиносони соҳаи кишоварзи туҳфа  карда шуд.

Фаромӯз Бобоев, «Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода