Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дар Хатлон 1200 нафар гирандаи стипендияи президентӣ мебошанд


Дар Хатлон 1200 нафар гирандаи стипендияи президентӣ мебошанд



Шумораи гирандагони стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3000 нафар расонида шуд. Аз ин миён 1200 нафарашон хонандагони муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон мебошанд.

Тавре ки аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои ҳар як гирандаи стипендия ҳар моҳ 500 сомонӣ муқаррар гардидааст. Иқдоми мазкур бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли 2021 амалӣ гардида, то ин муддат шумораи гирандагони стипендияи мазкур 400 нафарро ташкил медод.

Мавриди зикр аст, ки аз таъсис ёфтани стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои президентӣ ва маблағи он марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи Соли ҷавонон эълони намудани соли 2017 теъдоди стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Дар соли 2021 баъд аз натиҷагирии фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии озмун 2950 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 25 нафар донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 25 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дар маҷмӯъ 3000 нафар ҳамчун ғолиби озмуни стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2021-2022 муайян гардиданд. Онҳо давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи президентӣ таъмин мегарданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода