Садои Фалак дар Кӯлоб ба афлок расид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 571
Имрӯз, 24 декабри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани санъати фалак ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО барномаи бошукӯҳ бо ишироки муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, иҷрокунандаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар меҳмонони расм баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии шаҳри Кӯлоб, сараввал, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ дидан намуда, дар рӯнамои китоби “Фалак - сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”, ки бахшида ба ҷаҳонишавии фалак рӯи чоп омадааст, иштирок варзиданд.
- Дар маросими расмии бахшида ба эътироф шудани “Фалак” ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо туфайли ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз жанри мусиқии классикии “Фалак” ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои соҳибистиқлолии кишвар бо ҷилову садои хеш танинандоз гардидааст.
- Дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати кишвар, бахусус, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон диққати хосса медиҳанд, - гуфт зимни баромад иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода.
Дар идома чорабинӣ китоби тозаэҷоди Ҷонибек Асрориён “Фалак сайри таърихӣ ва тафсири фарҳангшиносӣ”-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд. Ҳамзамон, якчанд кормандони фаъолони соҳаи фарҳанг бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи омоданамудаи фалаксароён таҳти унвони “Рози Фалак” пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида шуд.
Ф. Давлат, “Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...