Ҷавонон пайравони Пешвои миллатанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Номаҳои Шумо / Хабарҳо, Боздид 1 679
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои ғамхори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таваҷҷуҳи худро бештар ба ҷавонон зоҳир намуда, аз дастоварду муваффақиятҳои онҳо бо ифтихор ҳарф заданд. Пешвои миллат бо такя ба ҷавонони бонангу соҳибистеъдод таъкид доштанд, ки кӯшишу ғайратамонро баҳри пойдории сулҳу суботи кишвар, саҳм гузоштан дар ободонии як гӯшаи диёри худ ва фаъолона ширкат варзидан дар чорабиниҳои оммавӣ истифода барем.
Тавре Роҳбари мамлакат дар Паёми имсолаи хеш баён доштанд: “Ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон-Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад”.
Аз суханрониҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки имрӯз насли соҳибистеъдод, илмомӯзу забондон ба воя расида истодаанд, ки бояд онҳоро аз ҳама ҷиҳат дастгирӣ намоем. Аз ин хотир, мо ҷавононро мебояд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар тамоми кӯшишу ғайрати худро ба донишандӯзӣ, аз бар намудани технология ва касбу ҳунар равона созем.Фариза Абдуллозода,
муовини раиси ноҳияи Данғара
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
10-08-2021, 08:59
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи сафари давлатӣ ба Туркманистон ва иштирок дар Вохӯрии...