Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бахшида ба Иди касбии кормандони соҳаи энергетика, “Рӯзи энергетикҳо”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 774
Муҳтарам кормандони соҳаи энергетика!
Тӯли 85 сол мешавад, ки санаи 22 декабр дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи энергетикаи кишвар таҷлил мегардад.
Соҳаи энергетикаи кишвар омили асосии устувории иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, дар ташаккул ва рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат нақши бориз дорад. Бинобар ин, соҳа мавриди таваҷҷӯҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, имрӯз он дар ҳоли рушд қарор дорад.
Барои саҳми арзанда гузоштан, дар рушду нумӯи мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, аз ҷумла дар вилояти Хатлон пеш аз ҳама ба ҳар яки шумо кормандони соҳа миннатдории хешро баён намуда, барори кору орзуҳои нек, тансиҳатию хонаободӣ ва сарфарозиро таманно дорам.
Пешомади иқтисодиёти Тоҷикистон ба истифодаи самараноки имконият ва захираҳои гидроэнергетикии кишвар, истихроҷи нафту газ, ангишт ҷалби бештари сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба соҳаҳо ва ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро тақозо менамояд. Ҳадаф ва вазифаҳои ташкилоту муассисаҳои энергетикӣ ва корхонаҳо ба саҳмгузорӣ дар рушди босуботи мамлакат, таъмини болоравии сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои мустақилияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, бештар тариқи сохтмон ва навсозӣ, таҷдиди иншоотҳо, татбиқи лоиҳаҳои нави инвеститсионӣ дар бахши энергетика, бахусус сохтмон ва навсозии иншооти тавлид ва интиқоли неруи барқ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ корҳои назаррасе амалӣ гардида бошад ҳам, ин иқдом ҳанӯз бомаром идома дорад.
Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилоят 2 неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда – 1” ва “Сангтӯда – Сангоб” бо иқтидори тавлиди 900 мегаватт мавриди истифода қарор гирифта, зеристгоҳи барқии 500 килловолтаи НБО-и “Норак”, 220/110 килловолтаи НБО-и “Бойғозӣ” 220/110/35-6 килловолтаи, Силсиланеругоҳҳои барқи обии “Вахш” пурра азнавсозӣ гардида, айни замон пуриқтидоркунии агрегатҳои НБО-и “Норак” ва НБО-и “Сарбанд” бомаром идома доранд. Ҳамзамон ба ин хатти ҳавоии барқи 500 кВ-и «Ҷануб –Шимол” ба дарозии 350 км ба маблағи 281,3 миллион доллар, хатти ҳавоии барқи 220 киллволтаи “Лолазор – Хатлон”, ба дарозии 90 км, ба маблағи 55,2 миллион доллар сохта мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар расидан ба яке аз ҳадафи стратегии мамлакат: “Истиқлолияти энергетикии кишвар” мусоидат хоҳад кард.
Тӯли ин муддат бо мақсади кам намудани сарборӣ ва баланд намудани эътимоднокии интиқоли неруи барқ 8 зеристгоҳҳои барқии 110/35/10/6 Кв таҷдиду азнавсозӣ гардида, 5 адад зеристгоҳи барқии 110/35/10 КВ бо васлу насби трансформаторҳои тавоноии 40000/25000 КВА сохта ба истифода дода шуда, ба дарозии 350 км, хаттҳои нави интиқоли барқии 500 кв, 90 км, хатти барқии 220 кВ-и “Лолазор” – “Хатлон”, 8 адад зеристгоҳҳои барқии 220/110/35 кВ 275 км хатҳои барқии 10/04 кВ ва васлу насби 1075 адад транформаторҳои барқии 0,4 кВ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бо дарназардошти он, ки рушду нумуи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар ба фаъолияти босуботи соҳаи энергетика вобастагӣ дорад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини ҳадафи стратегии давлат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ орзуҳои деринаи халқу миллати тоҷик ва тоҷикистониёнро амалӣ намуда истодаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии вилояти Хатлон дар самти рушди соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ, дастгирии босуръати кори кормандон, ҷалби мутахассисони ихтисосмандро баҳри пешрафти босуботи соҳа зери назорат қарор дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххасеро амалӣ намуда истодааст.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, бахусус таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат, ҷиҳати дарёфти сармояи мустақим ва ғайримустақими хориҷиву ватанӣ вобаста ба истифодаи захираҳои зиёди энергетикии вилоят, корбарӣ намуда, ба ин мақсад татбиқи лоиҳаҳои зиёдеро дар “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025”, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон №110 аз 25 декабри соли 2020 тасдиқ гардидааст, пешбинӣ намудааст.
Итминон дорам, ки ҳар як сокини баору номуси вилоят бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфаву сариштакорӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ минбаъд низ саҳми муносиби худро мегузоранд.
Дар ин ҷода, ба Шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар татбиқи равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон – Рӯзи энергетикаи тоҷикро самимона табрик гуфта, рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.
Иди касбӣ муборак!