10 ғолиб аз вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 1 194
15 декабр дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он ғолибони номинатсияҳо муайян гардида, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
Имсол бинобар сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи Низомномаи озмун ягон нафар ба дарёфти «Шоҳҷоиза» муносиб дониста нашуд.
Натиҷаи ҷамъбасти ниҳоӣ нишон дод, ки иштирокчиёни озмун аз вилояти Хатлон соҳиби 10 ҷой гардиданд.
Ҳамаи иштирокдорони озмун аз ҷониби Вазорати маориф ва илм бо Сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҳамчунин 14 нафар, аз ҷумла аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дунафарӣ, аз Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Ховалинг, Балҷувон якнафарӣ мақоми ифтихориро соҳиб шудаанд.
Идораи рӯзномаи «Хатлон» ҳамаи 10 нафар ғолибони озмунро аз вилояти Хатлон самимона шодбош гуфта, онҳоро барои хонандагони худ муаррифӣ мекунад.