Ба зимистон омодаем?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 811
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини Cарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, масъулини соҳаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд.
Дар Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронии давраҳои солҳои 2021-2022 ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода кори ҷаласаро ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намудани корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон ситодҳои фаврӣ таъсис ва нақшачорабиниҳои дахлдор тасдиқ гардидааст.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Ашӯрбой Солеҳзода оид ба рафти иҷрои қарори мазкур дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят аз нигоҳи таҳлилӣ баромад намуд. Мавсуф зимни суханронӣ изҳор дошт, ки як қисми ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳанӯз ба ин давраи масъулиятнок омодагии комил нагирифтаанд. Бо ин мақсад аз аҳли масъулон ва шахсони мутасаддӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати саривақт бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров дар мавриди омодагии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба зимистонгузаронӣ ва раванди эмгузаронии сокинон бар зидди бемории коронавирус изҳори назар намуд. Қайд гашт, ки то ба имрӯз ҷиҳати пешгирӣ аз бемории хатарзои коронавирус ба вилоят 5 намуд ваксинаҳо ба миқдори 1 миллиону 828 ҳазору 427 воя дастрас гардидааст. Масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, ки хуруҷи он ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, бояд дар мадди назари масъулон қарор гирад, зеро ягона роҳи эмин нигоҳ доштани солимии ҷомеа, ба иттилои мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, эмгузаронии аҳолӣ дониста мешавад.
Дар ҷараёни кори ситод муовини раиси вилоят, ҳамзамон, раиси ситод оид ба зимистонгузаронӣ дар вилоят Заробиддин Файзуллозода оид ба раванди зимистонгузаронӣ дар ташкилоту муассисаҳо суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки вобаста ба омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба ҳолати 25 ноябри соли равон аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба соҳаи маориф 9 миллиону 142 ҳазор сомонӣ ё худ 94 фоиз ва ба соҳаи тандурустӣ 1166,8 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 104 фоиз барои хариди ангишт, ҳезум ва сӯзишвории дизелӣ равона гардидааст.
Дар муассисаҳои давлатии идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб барои зимистонгузаронии солҳои 2021-2022-юм 14068 метри кубӣ маводи зидди лағжиш, 31 тонна ангишт, 167 метри куби ҳезум, 44300 литр сӯзишвории дизелӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар давраи омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021– 2022 филиали ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” дар шаҳри Бохтар тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои муайянеро ба сомон расонида, иҷрои 31 банди дахлдори нақшаро бо пуррагӣ дар сатҳи 100 фоиз таъмин намудаанд.
Дар кори Ситод, ҳамчунин, таъкид гашт, ки баҳри пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022, аз ҷониби кормандони соҳа дар ташкилоту муассисаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида шудааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни кори ситод оид ба зимистонгузаронӣ зикр кард, ки баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Раиси вилоят, ҳамзамон, дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати кишварро дар самти вусъат бахшидани кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо, истифодаи оқилонаву самараноки замин, захираи молу маҳсулот, таъмини амнияти озуқаворӣ ва як қатор масоили дигари ҳалталаб ба роҳбарону масъулин расонида, онҳоро ҷиҳати иҷрои ҳатмии ин дастурҳо муваззаф намуд.
«Хатлон»