Н. МАЪМУРЗОДА: “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ЯК ҶАШНИ МАРДУМӢ ВА НИШОНИ САМИМИЯТ БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ АСТ”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Президент, Боздид 1 266
Имрӯз, 15-уми ноябр дар идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент бо иштироки ҳайати эҷодӣ ва ҷамъи кормандони идора ҷамъомад баргузор гардид.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Хатлон” зимни сухани ифтитоҳияш кормандонро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва идораи рӯзнома ба ин муносибат табрик намуда, иброз дошт, ки Рӯзи Президент дар кишвар аз ҷониби сокинон ва ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ҳамчун як ҷашни мардумӣ таҷлил мегардад.
Таҷлили ҷашни Рӯзи Президентро метавон ҳамчун нишони эҳтиром, самимият, садоқат ва муҳаббати мардум ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хидматҳои чандинсолаи шоёнашон унвон намуд,- илова кард Н. Маъмурзода. - Воқеан ҳам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба даст овардани истиқлолу озодӣ, истиқрори сулҳу ваҳдат, таъмини амнияту суботу оромӣ ва ободиву пешрафтагии бесобиқаи кишвар нақши назаррас ва баландарзиш доранд. Ҳамзамон, дар тақвияти ин гуфтаҳо боз аз ҷонфидоиву ғамхориҳои дигари ин марди наҷиб нисбат ба миллату давлати тоҷику Тоҷикистон ҳамчун сарвари хайрхоҳу адолатпеша метавон ҳарф заду мисол овард.Ҳамзамон, гуфта шуд, ки модели сулҳофарӣ ва президентии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сарони аксари давлатҳои ҷаҳон ҳамчун намунаи сарварии муассир, кордеҳ ва аз ҷумлаи беҳтаринҳо шинохтаву эътироф гардидааст.
Мардуми шарафманду сулҳпарвари мо ин абармарди таърихро дар интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, Ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, Истиқлоли Ватани азиз, пешрафту ободиҳо маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, - зикр намуд ӯ дар идомаи суханронияш.Дар ин ҷамъомад, ҳамчунин, собиқдорони матбуот Боймурод Сайдалиев, Саттор Қарахонов, Исматулло Ҳасанов, мудирони шуъбаҳои рӯзнома, Ҳангомаи Исмат, Комрони Бахтиёр, Суннатуллоҳи Мирзо ва дигарон доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, барқарории сулҳу салоҳ ва пешрафту тараққиёти мамлакат суханронӣ намуданд.
Ёдовар бояд шуд, дар Тоҷикистон сар аз соли 2016 ҷашни “Рӯзи Президент” таҷлил мегардад ва имсол соли 6-уми таҷлил аз ин ҷашн аст.
Суннатуллоҳи Мирзо, “Хатлон”