Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ


Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ



28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.


Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад.


Масоҳати замини ҷудошуда барои бунёди иншоот 960 метри мураббаъ ва масоҳати зери сохтмон 485 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи иншоот бахши бойгонӣ, китобхона, ҳуҷраҳои техникӣ, ҷои нигоҳдории таҷҳизоти барқӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудааст.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюм 7 утоқи корӣ бо таҷҳизот ва лавозимот барои пешбурди фаъолият таъмин аст. Маҷлисгоҳи иншоот, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 60 ҷои нишаст мебошад. Дар баробари ба истифода додани иншооти мазкур бо ҳуҷраҳои барҳавои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам омад ва дар ин замина сатҳу сифати корбарӣ низ беҳтар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зикри он, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чунин иншооти замонавӣ беҳтарин туҳфа барои кормандон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни бузурги умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад, масъулинро ба истифодаи самараноки имконият дар тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, бедор сохтани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастии наврасону ҷавонон ва ҷалби бештари сокинон ба корҳои ободонию созандагӣ ҳидоят намуданд.

http://prezident.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода