ХАЙРУ САХОВАТ. Онро аввал ба падару модар кунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 76
![]()
Ривоят мекунанд,ки ҳазрати Довуд (а) ба наздиконаш ҷамъомад мегузаронд. Дар ҳамин асно ҳазрати Азроил (а) ҳозир мешавад.Ӯ ҳангоми гуфтугӯ бо ҷавони хушқаду қомат ва зебочеҳрае чашм дӯхта меистад. Ҳазрати Довуд (а) аз Азроил (а) мепурсад, ки чаро ба ин ҷавон бо диққат менигарӣ? Ҳазрати Азроил (а) дар ҷавоб мегӯяд, ки пас аз ду рӯз риштаи ҳаёти ӯро канда менамоям. Пас аз чанд рӯз Ҳазрати Довуд (а) мебинад, ки ҳамон ҷавон зинда аст. Ӯ аз ҳазрати Азроил (а) мепурсад, ки сухани гуфтаатро ба иҷро нарасондӣ? Ҳазрати Азроил (а) посух медиҳад, ки ӯ бо мискине вомехӯрад, ки дар зиндагӣ ҳеҷ чиз надошт. Ҷавон дар ҷайбаш ҳамагӣ 20 динор дошт. Ӯ 20 динорашро барои гурусна намондани тифлаконаш ба ҳамон мискин туҳфа мекунад. Офаридгор барои ин кори некаш умри ӯро 20 соли дигар дароз менамояд.
Пас хайру саховат барои инсон бениҳоят фоидаи калон доштааст. Аз ин рӯ, хирадмандону донишмандони олам дар ин бора гуфта-анд ва имрӯз низ андешаҳоро миёни мардум тарғибу ташвиқ мекунанд. Чунонки Ҳаким носири Хусрав, ки аз шоирони бузурги адабиёти тоҷику форс аст, дар китоби “Саодатнома”-аш доир ба аҳамиёту фавоиди хайру саховат сухан гуфта, онро аз беҳтарин ва наҷибтарин хис-лати ҷавонмардона мешуморад.
Ба бахшиши кулл, то дастат шавад пур,
Макун бо кас ба симу зар тафохӯр.
Бидеҳ, чун дод неъмат Кирдугорат,
Ки надҳад баҳри ту меросхорат.
Бо чунин суханҳои пандомезу насиҳатгарона таъкид менамояд, ки то чанд метавони ба ниёзмандону ҳоҷатмандон бубахш. Ҳар чи қадар, ки аз молу мулкат ба онҳо садақа додӣ, ҳамон қадар боз пеши роҳи ту кушода гардида, файзу баракат ба хонадон ва оилаи ту зам мешавад. Дар баробари ин ба ягон кас бо мақсади ҷамъ намудани сарвату бойигарӣ алоқаи наздик ва пайванди дӯстӣ мабанд. Зеро гузаштагон сарвату молро душмани ҷони инсон гуфтаанд.
Инчунин аз он меросхӯроне, ки ба амволат бо чашми тамаъ нигоҳ доранд, ягон манфиате ба ту намерасад.
Ба Яздон деҳ, чи дар бахшиш шитобӣ,
Ба Яздон ҳарчи бидҳӣ, боз ёбӣ.
Баровар ҳоҷати дарвеши дилреш,
Битарс аз рӯзи ҳоҷатмандони хеш.
Ҳар хайроту садақае, ки аз қалб барои мардум мебарорӣ, аввал онро ба номи яздон бидеҳ. Чунки яздони пок дар тарозуи амволат баркашида, онро дучанду сечанд боз ба ту бармегардонад. Зиндагӣ рӯзгори ҳамешабаҳор нест. Он якрангу пастию баландӣ ва талхию ширинӣ дорад. Дар фикри рузгори оянда бош ва аз зиндагии сахти мискинону бенавоён низ бохабар бош.
Ҷавонмардӣ саодатро далел аст,
Ҳар он кас, к-ӯ шаке дорад, бахил аст.
Сахитабъ эмин аст аз дӯзаху нор,
Бахил андар сақар гардад гирифтор.
Ҷавонмардӣ нишонаи хушбахтию хушрӯзӣ аст. Он ба ҳар як инсон нуру зиё ва осоиштагӣ меорад. Ӯ дар миёни мардум сарбаланду сарфароз буда, ҳамеша қадру манзалат дорад.
шахсони ба рафтори ҷавонмардон шак ё эътимоднадошта пайваста гирифтори мушкилиҳои сахти рӯзгоранд ва сарсону ғамгину дилтангу дилсарданд. Онҳо дар ҷомеа ба қадри як хаси сари роҳ афтода ҳам арзиш ва баҳое пайдо карда наметавонанд. Одами хайрандешу сахитабъ на танҳо дар зиндагӣ аз ранҷу машаққат озод аст, балки дар уқбо ҳам оташи ҷаҳаннам бо ӯ таъсир расонда наметавонад. Лекин шахси бахилу бадкинаву бадбину бадрафтору бадгуфтор дар миёни мардум ҳамеша зери бори нангу таънаву маломатро мекашад, дар оташи ҷаҳаннам пайваста месӯзад.
Чу шуд дар хона гар ноне надорӣ,
Ки дар бандию меҳмонро гузорӣ.
Чи бадтар хайри вайро дер кардан,
Чи хуш бошад гурусна сер кардан.
Махӯр ғам баҳри ризқу рӯзии ӯ,
Ки бо ҳар кас равон аст рӯзии ӯ.
Ба тобистон бидеҳ ту кӯзаи об,
Зимистон оташеву мавзеи хоб.
Ҳолату вазъияте мешавад, ки ба хона меҳмон меояду ту наздаш дастархон кушода наметавонӣ. Дасткӯтаҳӣ мекуниву худ аз худ шарму хиҷолат мекашӣ. Лекин аз он дилтанг ва озодахотир нашав. Кӯшиш кун, ки меҳмон аз хона ноумед набарояд. Ҳар инсон рисқу рӯзии худро дорад ва он ҳамроҳаш равон аст. Ҳеҷ набошад дар фасли тобистон бо як кӯза обу дар сармо бо гармию ҷойи хоб таъмин намуданро ҳам гузаштагон аз беҳтарин хайроту садоқат ва кори нек барои ҷавонмардон меҳисобанд.
Бикун коре, ки андар зиндагонӣ
Накӯ хоҳӣ ба кас роҳат расонӣ.
Ту гар тавфиқ дорӣ, ҳам бар он бош
Чу корат карда ояд, дар амон бош.
Ҳар як инсони некдил дар зиндагӣ мудом дар фикру зикри хушбахтии худ не, балки ан-дешаву мақсаду дастгирии эҳтиёҷоти мардумро низ дорад. Пайваста ба одамон муоширату
муносибати хубро ба ҷо биоварад. То тавонад ёрирасону мададрасони ниёзмандон шуда, онҳоро бо чизе хурсанд намояд. Чунки гуфтору рафтору муносибати хуб ҳам мисли дорую дармон аст. Он шахсро доим дар амонию оромию сиҳатию саломатию пурқувватӣ нигоҳ медорад.
Ба лутфу марҳамат дилҳо нигоҳ дор,
Кас аз дасту забони худ маёзор!
Ба корафтода коромӯз мебош,
Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз мебош.
Илоҷи дардмандон кун ба ҳар дард,
Ки ҳар кас, к-ӯ ҷароҳат кард, бад кард.
Ҳамеша забонро аз гутори бад нигоҳ дорем. Чунки ҳар алангаи оташсӯзии одамон аз нӯги забон мехезад. Мардумро бо табақаю гурӯҳҳо набояд ҷудо кунем. Бо хурду калон, мискину дарвеш бо нармӣ, бо чеҳраи кушода, бо лафзу забони ширин, бо оромишу ботамкин гуфтугӯ намоем. То ин, ки мардум аз суханони мо руҳафтодаву озурдахотириро дар худ пайдо накунанду наранҷанд ва ноумеду дилсӯхтаву дилсиёҳ нашаванд. Ҳаракат кунем, ки ҳоҷатмандии ҳар як одами сарсону саргардонгаштаро бароварда сохта, ӯро шоду хурсанд созем ва роҳи дурусти зиндагиро ба онҳо нишон диҳем. Зиндагӣ худ мактаби таҷрибаомузӣ мебошаду самараи гуфтору рафтору кори неку бади кардаамонро бо гузашти замон ба мо нишон медиҳад. Моро лозим аст, ки ба ягон кас сухани талх нагӯему дилозурда насозем ва ӯро аз орзуву ниятҳои некаш ноумед нанамоем.
Чу марҳам хастаро роҳатрасон бош,
Ба сахтӣ чораи бечорагон бош.
Бипӯй (ҷустуҷӯ) андар ҷавонӣ роҳи Яздон,
Ҷавон беҳтар худотарсу худодон.
Дар ин байтҳо Носири Хусрав бо такрор моро огоҳ ва таъкид менамояд, ки дармонбахшу мушкилкушову марҳами ҷони бечорагону мискинону маъюбону ятимон шавем. Дар рӯзи сахту мудҳиши онҳо ҷавонмардӣ карда, ёрии моддию маънавии худро расонем ва дар роҳи яздони пок ҳамеша Худотарсу Худоҷӯ бошем.
Ба пирӣ хизмати модар, падар кун,
Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун.
Ки паравардаст модар дар канорат,
Падар ҳам солҳо тимордорат.
Мазан аз таън бар Эшон ба дил тир,
Дигарбора ту ҳам хоҳӣ шудан пир.
Аз рӯи андешаҳои шоир бармеояд, ки аввалин хайру саховат ва хизмати содиқонаро бояд ба падару модар намоем. Ҳар як фарзанд кӯшиш кунад, ки падару модарашро ҳангоми пирӣ дилозурдаву дилреш, ғамгину ноумеду сарсону саргардон насозад. Пирӣ анҷоми рӯзгори гузашта буда, пур аз дарду алами зиндагӣ аст. Онҳо бо як сухани ноҷо меранҷанд.
Падару модар ягона шахсоне ҳастанд, ки боумеду орзуҳои беохир фарзандро ба дунё оварда, бо меҳрубонию ғамхориву дилсузӣ ва ранҷу машаққатҳои бепоёне хононда, пӯшонда, хӯронда, тарбияи нек дода, ба камол мерасонанд. Дар ивази ин ҳама заҳмату бедорхобиҳо фарзандон вазифадоранд ва қарздоранд, ки онҳоро дар ҳама ҳолату вазъият нигоҳубин намоянд ва ҳеҷ гоҳ ба рӯяшон таънаву маломат назананд. Зеро, ки фарзандон ҳеҷ гоҳ хизмати падару модарро адо карда наметавонанд.
Намоз СОЛИЕВ,
омӯзгор аз шаҳри Левакант
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...